logo

иҷтимоиёт

БОХТАР. ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ

Дар Театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳамоишро роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода ифтитоҳ карда, иброз дошт, ки ҷавонон ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф шуда, давомдиҳандагони ҳадафҳои олии Пешвои миллатанд. Дар ин росто, мулоқотҳои пайвастаи Пешвои маҳбуби миллат бо ҷавонон собит месозанд, ки Роҳбари давлат ба неруи созанда, иқдомҳои бунёдкорона, ташаббусҳои наҷиб ва маҳорати созандаи ҷавонон боварии комил доранд ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллат як самти фаъолияташон мебошад.
Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, зимни суханронӣ гуфт, ки ҷаҳони муосир насли ҷавонро водор месозад, ки дар баробари равандҳои ҷаҳонишавӣ бо афкору ақидаи солим, садоқату ватандӯстӣ ва ҳисси ифтихор аз ҳувияти миллии хеш устувор бошанд. Зеро ояндаи халқу пойдории ҳар давлату миллат аз наслҳои ҷавон вобаста аст, ки баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ва рушди он ҳамеша ҳушёру омодаи хизмат бошанд.
Зикр шуд, ки имрӯз шумораи барандаҳои стипендияи президентӣ дар вилоят ба 145 нафар мерасад, ки барои таҳсили шоёни худ 460 сомонӣ идрорпулӣ мегиранд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ёдовар гардид, ки бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи гирандагони стипендияи президентӣ дар мамлакат то 3000 нафар ва ҳаҷми стипендия то 500 сомонӣ зиёд карда мешавад.
Таъкид гардид, ки иқдоми навбатии Пешвои миллат боиси рӯҳбаландии бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ хоҳад гашт. Иқдомҳои наҷиб ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Сарвари давлат дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ, стипендияи президентӣ, квотаи президентӣ, стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», грантҳои ҳукуматӣ дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, инчунин, баргузории конфронсу форумҳо, анҷуману фестивалҳо, семинарҳои омӯзишиву мизҳои мудаввар, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, илмиву маърифатӣ маҳсуб меёбанд.
Дар ин бора ба хабарнигори «Ҷумҳурият» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар доданд.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.2020    №: 111    Мутолиа карданд: 401
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед