logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН. БА ТАҚДИРИ НАСЛИ ОЯНДАСОЗ БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Зиндагии осоишта неъмати бебаҳосту шарт ва тақозои асосии ҳаёти инсон ба ҳисоб меравад. Ҳар фарди соҳибақлу зиндадил кӯшиш ба зиндагии осоишта мекунад, зеро оромӣ гарави ҷомаи амал пӯшидани орзуву мақсадҳои ӯст.  Аммо, вақт собит менамояд, ки дар баъзе кишварҳои мутараққӣ ва қафомондаи олам, ин шарти ҳаётан муҳим ҳанӯз орзу асту бас. Баҳри пешгирии падидаҳои террористӣ ва экстремистӣ аксари мамлакатҳои дунё тадбирандешӣ мекунанд.

Боиси таассуф аст, ки имрӯз ифротгароӣ ва терроризм дар бисёр гӯшаву канори олам доман паҳн намудааст. Бинобар ин, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надода,  нисбат ба чунин зуҳуроти номатлуб ва падидаҳои хатарзо бетараф набошем. Зеро имрӯзу ояндаи миллатро ба ғайр аз худи шаҳрвандони ватандӯсту  соҳибмаърифат,  хештаншиносу  худогоҳ  касе бунёд ва обод наҳоҳад кард. Муъҷизаи беназири таърихӣ - Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон имрӯз шаҳрвандони кишвар дар фазои орому осоишта ба сар мебаранд.  Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат мо, насли имрӯз, ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро бар дӯш гирифтаем, бояд ҳамеша муттаҳид бошем, ба бунёдкориву созандагӣ рӯ оварем ва баҳри рушду такомули мамлакатамон саҳм гузорем.
Ҷаҳони имрӯзаро насли ҷавон бо пешравию тараққиёти технология тасаввур менамояд. Аммо истифодаи техника ва технология аз ҳар шахс маърифати оқилона истифода бурдани онро талаб менамояд. Зеро имрӯзҳо нафароне во- мехӯранд, ки пешравии технологияҳоро, аз ҷумла шабакаҳои интернетиро барои амалҳои муғризонаи худ истифода мебаранд. Сомонаҳои интернет барои гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ сарчашмаи асосии заҳролуд ва ба доми худ кашидани ҷавонон маҳсуб меёбанд. 
Бинобар ин, манъ гардидани сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ва  nahzat.ru, ки ба ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ хизмат мекунанд, мувофиқи мақсад аст. Зеро  ин ташкилоти террористию экстремистӣ имрӯзҳо ба воситаи наворҳои интернетӣ ва бо истифода аз созмонҳои байналмилалӣ мекӯшад худро сафед кунаду амалҳои муғризонаи хешро анҷом диҳад. Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудани чунин сомонаҳо имконият медиҳад, ки роҳҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва динӣ пешгирӣ шаванд. Дар ин робита, аз ҳар шаҳрванди кишвар талаб мешавад, ки ҳушёрию зиракиро аз даст надода, бар зидди гурӯҳҳои нохалаф, ки мехоҳанд ҷомеаи моро ноором созанд, мубориза баранд. 

Рустам АҲМАДЗОДА,  устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2020    №: 112    Мутолиа карданд: 212
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед