logo

иҷтимоиёт

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. ҚУЛЛАЕ, КИ ЯКҶОЯ ФАТҲ КАРДЕМ

Заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарории сулҳу субот ва сарҷамъии миллӣ дар арсаи байналмилалӣ басо нодир ва арзишманд арзёбӣ мегарданд. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ғайр аз ин ки роҳи моро барои пешрафти минбаъдаамон равшан кард, аҳамияти байналмилалӣ низ дорад ва он ҷиҳати ҳалли мушкилоти кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирифта истодааст.
Воқеан, дар ин раванд, Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии халқи тоҷик нақши муассир ва сарнавиштсоз дорад.  Дар ин иҷлосияи тақдирсоз раванди фоҷиабори миллатро интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боздошт, ки онро оғози бунёди давлати соҳибистиқлол метавон гуфт. Сиёсатмадори ҷавону тавоно Эмомалӣ Раҳмон бо иқдомҳои ватандӯстонаашон дар як муддати кӯтоҳ ба даргириҳои дохилӣ хотима бахшида, дар кишвар сулҳу суботро барқарор карданд.
Бадхоҳони миллат мехостанд бо ҳидояту раҳнамоӣ ва маблағгузории хоҷагони хориҷии худ сохти конститутсионии давлатро тағйир диҳанд. Дар он рӯзҳо Конститутсия ва қонунҳои мамлакат ҳам зери по шуда буданд ва ҳеҷ кас ба шаҳрвандон кафолати зинда монданро дода наметавонист. Тоҷикистон ба хунрезӣ, мотам, бераҳмӣ, ғоратгарӣ ворид гардида, дар натиҷа, беш аз 150 ҳазор шаҳрванд ҷони худро аз даст дод, зиёда аз як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, муҳоҷир шуд. Ҷанги таҳмилӣ ба иқтисодиёти мамлакат, дар маҷмӯъ, беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зиёни моддӣ расонд. Садҳо хонаҳои истиқоматӣ сӯзонда шуда, ҳазорҳо иншоот харобу валангор гардиданд. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад, зеро бар асари он ҳазорҳо модарон аз фарзандонашон, ҳазорҳо занон аз шавҳаронашон маҳрум гардида, зиёда аз 50 ҳазор кӯдак ятим монд.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ, ки дар гӯшаву канори гуногуни олам зиёда аз чил моҳ идома ёфтанд, Ҳукумати Тоҷикистон чил санади барои миллат муҳимро ба имзо расонд. Ниҳоят, баъди гуфтушунидҳои тӯлонӣ 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москва ба имзо расид, ки дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи тантанаи оромиву ҳадафҳои наҷиби халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт мешавад.
Яке аз иштирокчиёни раванди сулҳи тоҷикон, сиёсатмадори шинохта, собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ки дар мулоқоти Хосдеҳ ба ҳайси муовини раиси ҳайати ҳукуматӣ дар музокирот иштирок дошт, менависад: «Ин гуфтугӯи таърихӣ барои мо - тоҷикон сабақи бузург гашт, зеро профессор Бурҳониддин Раббонӣ  ҳангоми имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз таҳти дил суханронӣ кард, ки ман гумон мекунам, барои ҳозирин таъсири амиқ гузошт. Номбурда изҳор кард: «Аҳволи моро дидед, ки акнун чӣ ҳаёт дорем? Мо натавонистем зиндагӣ кардан, ақаллан шумо дар кишвари худатон созиш кунед ва тоҷиконро хор насозед. Тавре сулҳу ваҳдат бандед, ки касе дӯстии шуморо халалдор карда натавонад…».
Маҳз Ваҳдати миллӣ роҳи инкишофи имрӯзу ояндаи дурахшон ва пешрафти ҷомеаи моро муайян ва самтҳои ба мақсад расиданро равшан сохта, тамоми шаҳрвандонро баҳри амалӣ гардондани ҳадафҳои созандаашон ҳидоят кард. Истеъдоду хиради волои сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароиту имкон ба вуҷуд оварданд, ки дар Ватани азизамон - Тоҷикистон фазои сулҳу ваҳдат ва оромиву осоиштагӣ ҷовидона гардад. Мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Тоҷикистону тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ тавассути амалҳои наҷиби ватанпарастонаву сурату сирати неки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанду эътироф менамоянд. Тоҷикистон бо сиёсати сулҳпарварона ва ватандӯстонаи ин шахсияти бузург ба сӯи комёбиҳо ва пешравиҳои бузург устуворона гом мезанад.

Силмон МАВЛОНАЗАРОВ,
мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ
ва амнияти иттилоотии
Академияи идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2020    №: 112    Мутолиа карданд: 308
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед