logo

фарҳанг

КОСАИ МЕҲР. ТОҶИКОН БА ТАБИБОНИ ХУД АРҶ МЕГУЗОРАНД

Анҷоми рӯзи корӣ. Хона рафтанӣ будам, ки телефон занг зад. Аз нотоб шудани апаам хабар доданд. Осемасар ба таксӣ савор шуда, роҳ сӯи хона гирифтам. Дар дилам шубҳа пайдо гашт, ҳар чи зудтар мехостам ба манзил бирасам.  Ин дам ҳазору як андеша дар сарам чарх мезаду мавзӯи коронавирус майнаамро тарк намекард. То расиданам аз шабакаҳои интернетӣ аввалин нишонаҳои ин бемориро ҷустам. Расидан баробар «Апаҷон ину он гуна нишонаҳоро эҳсос мекунед», - гуфта, паиҳам суол мекардам. Апаам бо нимтабассум: «Ман коронавирус не, фишорам баланд шудааст», - гуфт. Ба Маркази саломатии шаҳрии № 3 рафтем.  Соат  20  буд. Дами дар ду ҳамшираи шафқат бо сарулибоси махсус дастони моро бо маводи зиддиуфунӣ безарар гардонда, табамонро санҷиданд. Пас аз чанд дақиқа табиб ҳам ҳозир шуд. Аз он дармонбахши хилъатсафед нишонае намонда буд: як бастаи селофанӣ ба наздамон омад. Чизе напурсида дарҳол ба ташхис даромад, аввал кори шушҳоро дида, баъд аз дарди қафаси синаву тахтапушт, сулфаву бемадорӣ суол кард. Аз садояш пай бурдам, ки ин пизишк зан аст.
«Муаллима ин коронавирус не, фишораш баланд», - гуфтам ман. Баробари шунидани суханам, бо тааҷҷуб ба ман нигоҳ кард. Ӯ айнакҳои ҳимоятиашро болои сар бардошта, оҳи чуқур кашид.
- Монда шудед?
- Не, намехоҳам касе бемор  шавад, - гуфт ӯ. Фишори апаамро санҷиду дору гузаронд. Баъдан дарёфтам, ки ин табиби мушфиқ Анзурат Ҳакимова ном дошта, табиби оилавӣ будааст. Фурсатро ғанимат шумурда бо ӯ ҳамсуҳбат шудам. «Муаллима дар ин рӯзҳо кор душвор нест, беморон зиёд гашта истодаанд?»... ва боз бо чанд суоли маъмулӣ  манзурамро иброз доштам. Вале ба мо суҳбат кардан намонданд.  Ҳар лаҳза чанд маротиба занг мезаданду онҳо тариқи фосилавӣ ба беморон ёрии аввалияро мерасонданд.  Дар ҷавоби суолҳои ман бо табассум ва бо боварӣ аз беҳ шудани вазъи бамиёномада сухан кард. Ин дам  гӯшиаш боз занг заду дар ҷавоб ба ҳамсуҳбаташ «Ҳа ҳамааш расид, ташаккур, ваъда аст, ки рӯзҳои наздик боз кумак расонанд», - гуфта, хушҳолона телефонашро хомӯш кард.
Ман дарҳол суол кардам: «Меҳнататонро қадр мекунанд?»
- Оре, бароямон либоси муҳофизатӣ, маводи антисептикиву  дорувориҳои ёрии аввалияро таъмин карданд.  Ҳар соат  дар баробари беморон аз аҳволи табибон пурсон мешаванд. Моро бо маводи ғизоӣ аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, картошка, пиёз, наск таъмин карданд. Дар асл мо вазифаамонро иҷро мекунему қасами ёдкардаамонро амалӣ менамоем, аммо Пешвои миллат кумаку ғамхориро барои мо дареғ намедоранд. Бешубҳа гуфта метавонам, ки таваҷҷуҳи Сарвари давлат моро рӯҳу илҳоми тоза бахшида, дар мубориза бо ин вабои аср бетараф нагузоштааст. Айни ҳол дар пайравӣ ба Пешвои миллат соҳибкорони ватанӣ низ ба мо кумак расонда истодаанд.  Ҳатто, ҳар шом мардуми гирду атроф ва маҳалҳои дуртари он бароямон хӯрок меоранду бо меҳри беандоза аз аҳволамон бохабаранд. Мо хурсандем, ки ҳама дар пайравӣ аз иқдоми хайрхоҳонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ кормандони соҳаи тибро қадр мекунанд.
Ҳангоми баромадан аз дармонгоҳ табъи болида доштам. Хурсандиам аз он буд, ки табибони дармонгоҳ дақиқ карданд, ки апаам гирифтори коронавирус нест. Дигар масъалае, ки маро хушҳол кард ин буд: онҳо дар лаҳзаҳои ҳассос аз касби интихобкардаашон пушаймон нестанд. Бо ифтихор мегӯянд, ки имрӯз Роҳбари кишвар ва тамоми аҳолии Тоҷикистон бо мост.
Ин ҳамаро ман бо чашми худ дар як дармонгоҳ давоми чанд дақиқа мушоҳида кардам. Вале, аз чӣ бошад, ки имрӯз бархе дар шабакаҳои иҷтимоӣ буздилона дур аз Ватан садо баланд мекунанду мардумро гумроҳ месозанд. Мисоли онҳо саҳифаи «ИСЛОҲ ТВ (ISLOH TV)» шуда метавонад, ки дар шабакаи ЮТУБ  ҷой дода шудааст. Он ҷо муаллиф худро муаррифӣ накарда, сухан доир ба ғорати кумакҳои башардӯстона мекунад, ки ҳеҷ асос надорад. Бемории коронавирусу дигар бемориҳое, ки имрӯз мардумро ба ташвиш овардаанд як паҳлуи масъала аст. Паҳлуи дигар ин аст, ки бархе аз бадхоҳони миллат кӯр - кӯрона будро набуду набудро буд мегӯянд. Ин ҳам  ба фикрам беморист. Эй кош ин ҳарзагӯҳо ҳам дармон биёбанд.

Гулнисои САЪДОНШО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2020    №: 112    Мутолиа карданд: 269
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед