logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚРОРИ СУЛҲ. ТАҶРИБАИ ТОҶИКОН БАРОИ ҶАҲОНИЁН НАМУНАИ БЕНАЗИР АСТ

Тавре медонем, Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва ваҳдати мардуми кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид.

Маҳз ба шарофати хиради азалии миллати тоҷик ва сиёсати хирадмандонаю некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба мо муяссар шуд, ки ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро барқарор намуда, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшем.
Воқеан, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали сарварӣ ғамхори мардум буданашонро борҳо дар амал собит кардаанд. Мардумпарварӣ ва сулҳофарии ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ дар марзи фарҳанги волои башардӯстонаи миллати тоҷик реша дорад. Ҳамин масъулият ва шинохти қарзи фарзандию роҳбарӣ буд, ки Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 августи соли 1993, бо вуҷуди вазъи ноороми Афғонистон, ба хотири наҷоти ҳамватанон ба ин кишвари ҷангзада сафари расмӣ анҷом доданд. Дар мулоқот бо Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон марҳум Бурҳониддини Раббонӣ Сарвари давлат ҳалли ду масъалаи асосӣ - баргардондани гурезаҳо ва ба эътидол овардани вазъи сарҳади кишварҳоро ба миён гузоштанд. Баъдан, бо дарки хатари ҳалокатбори муқовимати низомиву сиёсӣ ва масъулияти бузург дар назди ояндаи сокинони мамлакат Пешвои миллат 19 майи соли 1995 ба шаҳри Кобул сафар карданд. Гуфтушуниди дигар, ки кишвари моро ба марҳалаи муҳими музокирот ворид намуда, барои ба имзо расондани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаи воқеӣ гузошт, вохӯрии моҳи декабри соли 1996 дар Хосдеҳи вилояти Тахори Афғонистон буд.
Ин сафарҳои таърихии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаи давлатдории навини тоҷикон бо хати заррин сабт гардидаанд. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, барои дастовардҳои минбаъдаи кишвар дар самти мусолиҳаи миллӣ, гуногунандешӣ, ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, равандҳои демократӣ ва тақвияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон, ки асосгузори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ба ҷаҳониён собит сохт, ки миллати дорои фарҳангу тамаддун ва таърихи бузург ҳамеша дар ҳолатҳои душвору сарнавиштсози таърихӣ аз роҳи хирад кор мегирад. Ба қавли Кофи Аннан, собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид: «Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд».
Агар ба таърихи гузаштаи худ назар кунем, мебинем, ки Куруши Кабир 2500 сол пеш аввалин Эъломияи ҳуқуқи башарро дар саросари империяи паҳновараш роиҷ кард. Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва вазири бофарҳангаш Балъамӣ тартиби идораи давлатиро тавассути Девони вазирон ба роҳ монданд. Дар давраи навини давлатдории тоҷикон бошад, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон истиқлолу озодӣ ва тамомияти арзии кишварамонро таъмин, барқарор ва пойдор намуда, тоҷиконро дар ақсои олам ба ҳайси як миллати сулҳофар ва тамаддунсоз муаррифӣ кардаанд.
Айни замон моро зарур аст, ки барои таҳкими бештари пояҳои ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ аз худ садоқату ватандӯстӣ нишон дода, нагузорем, ки суботу оромии ҷомеа халалдор шавад.

Нигора НАЗАРЗОДА, судяи суди ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2020    №: 113    Мутолиа карданд: 325
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед