logo

иҷтимоиёт

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. АНДЕШАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ

Аҳамияти сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бояд аз хурд то бузург ҳама ба хубӣ эҳсос, қадр ва ҳифз намоем.
Эмомалӣ РАҲМОН

Имсол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки давлат ва ҷомеаи тоҷикро ба самти музаффарият ва дастовардҳои беназири таърихӣ раҳнамун кард, 23 сол сипарӣ мегардад. Ин ҳуҷҷати таърихиву сарнавиштсоз, ки дар таърих бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабт аст, ба иттиҳоду ҳамбастагӣ, таҳкими амният ва фатҳи уфуқҳои рушди давлатдорӣ асос гузошт.
Ҳамаи тадбирҳое, ки бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат дар роҳи созишу ваҳдати миллӣ, дар самти навсозии низоми қонунгузорӣ ва ҳокимияти давлатӣ бар пояи барномаҳои Ҳукумати Тоҷикистон роҳандозӣ шуд, ҳадафи онро доштанд, ки кишвари мо ба шоҳроҳи тамаддуни ҷаҳони имрӯза ворид ва мардум соҳиби зиндагии осудаву обод гардад. Шаклгирии низоми ҳуқуқии имрӯза нишон медиҳад, ки барномаҳои давлатӣ дар ин самт босамару натиҷабахшанд. Яке аз рӯйдоди муҳими таърихии бо Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ рабтдошта, ин ислоҳоти конститутсионии соли 1999 мебошад, ки дар таърихи сиёсии Тоҷикистон тағйироти мусбатеро ба миён овард.
Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парламенти касбии иборат аз ду палата таъсис ёфта, ба яке аз шохаҳои муҳими ҳокимияти давлатӣ мубаддал шуд. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат дар даврони фаъолияти худ садҳо қонуну санадҳо таҳия ва қабул карданд, ки онҳо дар рушди ҷомеаи навини мо нақши арзанда бозиданд ва минбаъд низ ҳамчун воситаи таҳкими давлати ҳуқуқбунёд хизмат хоҳанд кард.
Тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд меъёри асосии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ эълон шуда, дар асоси таҷзияи ҳокимият тартиби ташкил, салоҳият ва ҳамкории байни мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дақиқ танзим гардид. Конститутсия бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро ҳадафи асосии худ қарор дода, дар ин раванд Суди конститутсиониро ҳамчун рукни ногузири чунин давлат дар низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ муайян намуд. Ҳоло Суди конститутсионӣ, ки ба амал баровардани адолати конститутсионӣ меҳвари фаъолияти он аст, мавқеи намоёни худро дар миёни дигар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ соҳиб гардида, бо санадҳои қабулнамудаи худ дар таҳкими асосҳои сохтори конститутсионӣ, қонуният ва тартиботи конститутсионӣ нақши муҳим мебозад.
Воқеан, ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ дар кишвари соҳибистиқлоли мо баъд аз истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ба марҳилаи нави рушду тавсеа ворид шуданд. Аз ин хотир, метавон гуфт, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳақиқат дастоварди бузургтарин ва таърихии тоҷикон дар замони нав мебошад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки вазифаи муқаддаси кулли ҷомеаи кишвар ҳифзи ҳамешагии сулҳу субот ва тарбия намудани мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногун, махсусан ҷавонон, дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ маҳсуб меёбад.
Бинобар ин, дар ҷаҳони ҳассоси имрӯз бисёр зарур аст, ки мо - ҷавонон сулҳу ваҳдатро ҳамчун шарти асосии амнияту оромӣ, бақои давлату миллат шиносем ва аҳамияти онро дар ҷомеа ба таври васеъ тарғиб намоем.

Шоҳин ВАЛИЗОДА,
мутахассис - коргузори шуъбаи
корҳои умумӣ ва хизмати давлатии
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2020    №: 113    Мутолиа карданд: 351
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед