logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

«ҚАЛЪАБАНДӢ»
ВАҚТЕ ҶОПОНДУХТАР ТОҶИКӢ МЕХОНАД...
Бону Машу Комазакии ҷопонӣ, яке аз дилбохтагону мухлисони санъати мусиқии тоҷикон, суруди классикии «Қалъабандӣ»-ро бо оҳанги устод Акашариф Ҷӯраев суруд. Машу ин таронаро ба тоҷикон, ки имрӯзҳо дар ҳоли пирӯзӣ бар коронавирус қарор доранд, бахшидааст.
Пештар ӯ ин шеъри машҳурро дар барномаи консертии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон низ суруда буд. Шоёни зикр аст, ки Машу пироҳану камзӯли тоҷикӣ  ба тан карда, дуторро  худаш менавозад.
Матни «Қалъабандӣ» ғазали шоири шуҳратёр Бедил аст, ки бо ин байт оғоз меёбад:

Эй ҳузури мақдамат дар зиндагӣ бурҳони ман,
Мурда будам, зиндаам кардӣ, биё, эй ҷони ман.

Бузургмеҳри БАҲОДУР


ДУ БАРОДАР
Ду бародаре буданд. Яке аз онҳо ба хидмати модар машғул будӣ, дигарӣ ба хидмати Худованд. Он кӣ дар хидмати Худованд буд, дар хобаш садое шунид: «Бародари туро биёмурзидем ва туро дар хидматаш гузоштем».
Гуфт:
- Охир, ман ба хидмати Худо машғул будам ва бародарам ба хидмати модар. Пас, чаро маро дар ихтиёри ӯ мегузоред?
Ҷавобаш доданд:
- Он чӣ ту мекунӣ, мо ба он ҳоҷат надорем, лекин модарат ба хидмати фарзанд ниёзи бештар дорад.
Таҳияи Б. КАРИМЗОДА


ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Якеро аз онон, ки ғадр карданд, бо ман дами дӯстӣ буд. Маломат кардаму гуфтам:
- Дун асту бесипосу сифлаву ноҳақшинос, ки ба андак тағйири ҳол аз махдуми қадим гардаду ҳуқуқи неъмати солҳо дарнавардад.
Гуфт: - Ар ба карам маъзур дорӣ, шояд, ки аспам дар ин воқеа беҷав буду намадзин ба гарав. Ва султон, ки ба зар бар сипоҳӣ бахилӣ кунад, бо ӯ ба ҷон ҷавонмардӣ натавон кард.
* * *
Сунбул ба ҳавои хуши таннози ту рақсад,
Булбул ба ҳавои найи пурнози ту рақсад.
Ин чист, ки то нола зи нойи ту барояд,
Ҷон хезаду мастона ба овози ту рақсад.

ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» АЗ 12 ИЮНИ СОЛИ 2020
Фазлиддин Муҳаммадиев
Ҳофиз

Масъули  рубрика  Зулола  БОБОРАҶАБОВА
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40


ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ интизор аст.

САВОЛҲО БАРОИ ГӮШАИ ИНТЕЛЛЕКТ+
1. Филме, ки  соли 1975 сазовори 6 ҷоизаи Академияи санъати кинематография ва илми ИМА – «Оскар» гардид.
2. Хитоиҳо чиро думи моҳии тиллоӣ меноманд?
3. Олими ҷопонӣ Юкитиро Накая онро мактуби осмоние, ки бо иероглифи пурасрор навишта шудааст, унвон мекунад.
4. Номи зане, ки шабона 2 солу 8 моҳу 4 ҳафта хоб нарафтааст.
5. Гуфтугӯи як нафар – монолог, гуфтугӯи ду нафар – диалог. Гуфтугӯи шаш нафарро чӣ гӯянд?
6. Шаҳри фариштаҳо.
7. Асаре, ки дар ИМА серхаридортарин ба шумор меравад.
8. Ба гуфтаи Абуалӣ ибни Сино табиб се силоҳ дорад. Онҳо кадомҳоянд?
Таҳияи Ш. ШОКИР


ҶАВОБ БА КРОССВОРДИ «КАЛИМАҲО» АЗ 12 ИЮНИ СОЛИ 2020
Аз боло ба поён:
1. Асал. 2. Акка. 3. Ором. 4. Сармоя.
5. Бурҳонов. 6. Бактерия. 10. Инсонӣ.
13. Йорк. 14. Ҳоло. 15. Вино.
Аз  чап ба рост:
7. Саркор. 8. Алсу. 9. Калима.
11. Мамдуҳ. 12. Енисей. 14. Ҳаявон. 16. Имон. 17. Роллан.

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


МЭННИ ПАКЯО
Эммануэл Дапидран Пакяо, ки коршиносони соҳаи варзиш ӯро аз боксёрҳои беҳтарини муосир эътироф менамоянд, соли 1978 дар музофоти Букиднони Филиппин ба дунё меояд.
Комёбиҳои ӯ дар риштаи бокси ҳирфаӣ камназиранд. Маҳорати худододӣ, муҳаббати беандоза ба касби хеш ва машқу тамринҳои пайваста ӯро ба фатҳи қуллаҳои баланд раҳнамун сохтаанд.  
Ӯ чемпиони ҷаҳон аз рӯи фарзияҳои  WBC, IBF, WBA, WBO, IBO ва маҷаллаи «The Ring» мебошад. Аввалин ва, айни замон, ягона боксёри ҳирфаист, ки дар ҳашт вазн унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овардааст. Барои натоиҷи баланди варзишиаш, Ассотсиатсияи журналистоне, ки дар бораи бокс менависанд, ӯро беҳтарин боксёри солҳои 2006, 2008, 2009 ва даҳсола эълом медорад. Дар баробари ин, Менни Пакяо аз рӯи фарзияи Академияи варзиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико беҳтарин варзишгари соли 2009 шинохта мешавад. 
Аз русӣ тарҷимаи Ш. ШОКИР


«ГӮРИСТОНИ АТЛАНТИКА» ХАТАРНОКТАРИН МЕҲМОНХОНАИ ДУНЁ
Хатарноктарин меҳмонхонаи олам бо номи «Манораи тобаи паррон» (The Flying Pan Tower) маъруф аст, ки 50 километр дуртар аз соҳили иёлати Королинаи Шимолии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар уқёнуси Атлантика воқеъ буда, аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар тӯфонҳои пайдарҳаму наҳангҳои бадвоҳимааш, онро «Гӯристони Атлантика» низ меноманд.
10 сол қабл Ричард Нил онро ба маблағи 500 ҳазор доллар харида, ҳамчун меҳмонхона ба истифода дод.
Меҳмонхона дар як вақт имкони қабули 12 нафарро дошта, аксаран барои саёҳати 1 – 2 нафар тавсия дода мешавад. Гарчанде ҳавзу тарабхонаҳои барҳаво надошта бошад ҳам, майдони голфу билярдбозӣ ва интернети ройгонаш воситаҳои дилхушии сайёҳонанд.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
БАЧА ҲАЙФ ШУД
Физики машҳури олмонӣ Генрих Герс дар наврасӣ як қатор маҳоратҳои аҷиби дигар низ дошт. Махсусан, дар адабиёту забономӯзӣ ва дуредгарӣ беҳамто буд. Вақте ӯ ҳамчун олими физик шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуд, ҳар куҷое ошное дошт, бо номаш ифтихор мекарданд. Албатта, ба истиснои муаллими таълими меҳнаташ. Устод, баръакс, афсӯс мехӯрд, ки: «Бача ҳайф шуд. Аз ин шогирд дуредгари олиҷаноб мебаромад!».
Таҳияи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


БОВАР НАМЕКУНЕД...
Ҳаждаҳ хонаводаи бинои бисёрҳуҷрадори шаҳри Триссури (иёлати Кирала) Ҳиндустон ба ҳукуматдорон оид ба надоштани имкони шустушӯ ва оби ошомиданӣ муроҷиат карданд.
Тибқи гуфтаи сокинон, дар аввал тамоми биноро бӯйи спирт фаро гирифта буд ва рӯзи дигар аз ҷумаки дохили хонаҳо оби бо  ликёр омехта мерехт.
Маълум гардид, ки шаш сол қабл дар назди ин бино бари шаробфурӯшӣ будааст. Баъдтар онро бибастанд ва тамоми нӯшокиҳои спиртиашро мусодира намуданд.
Чанде қабл, мансабдорон иҷозати нобудсозии онро дарёфт карда, маҳсулоти доштаашро дар ҳамон ҷо гӯронданд. Дар натиҷа, шаш ҳазор литр алкагол ба системаи обтаъминкунӣ ворид гашта, ба об омехта гардид.
Ҳукуматдорон баробари дарак ёфтан, аз пайи ҳалли масъала шуданд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


БУЗУРГТАРИН ХАТОҲОИ ТАЪРИХӢ
28.  Агар Ҷеймс хато намекард…
Вақте Ҷеймс Ҳоуэллси бритонӣ  7,5 ҳазор биткойн (асъори рақамӣ) ҷамъ кард, бо пули ҳамон замон як маблағи ночиз буд. Вале соли 2013 нуфузи ин намуди асъор якбора боло рафта, арзиши яктои он ба 613 фунт- стерлинги бритонӣ баробар шуд. Ҳамин тариқ, Ҳоуэллси камбағал дар як лаҳза соҳиби  4,5 миллион фунт гардид. Аниқтараш мегардид, агар хатои нобахшиданиеро содир намекард. Гап сари ин аст, ки диски сахте (жесткий диск)-ро, ки Ҷеймс дар он биткойнҳояшро нигоҳ медошт, баъди солиёни зиёди дар сандуқ хобиданаш, ҳамроҳи дигар ҷиҳози куҳнаю нодаркор ба «мусор» партофта буд. Вақте суроғи сарвати баргаштааш ба партовгоҳ рафт, масъулон гуфтанд, ки дискро метавонад пайдо кунад, вале барои ин бояд тамоми ҳудуди партовгоҳро то 5 фут канда, хокашро бо зӯри бозу ба берун партояд.
Таҳияи Самад РАҲМОНЗОДА


НАДЯ КОМАНЕЧИ
Надя Команечи (Руминия) аз маъруфтарин гимнасти  олам ба ҳисоб меравад. Тӯли фаъолияти варзишиаш мухлисони зиёд мафтуни маҳорати волояш буданд. Ӯ чемпиони панҷкаратаи олимпӣ, чемпиони дукаратаи ҷаҳон ва чемпиони нуҳкаратаи Аврупо оид ба гимнастикаи варзишӣ мебошад.
Надя Команечи дар таърих ягона варзишгари ғайрикасбӣ мебошад, ки барои гузоштани саҳми арзанда дар ҳаракати олимпӣ ду бор, солҳои  1984 ва 2004,  бо Ордени олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ мушарраф гардидааст.   
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ҶОН ЛЕННОН, ОВОЗХОНИ МАШҲУРИ БРИТОНӢ:
Замоне ки  5 сол доштам, модарам ҳамеша мегуфт, ки дар зиндагӣ муҳимтар аз ҳама хушбахтист. Вақте ба мактаб рафтам, ба суоли «Калон шавӣ кӣ мешавӣ»?, посух гуфтам: «Инсони хушбахт». Ба ман гуфтанд: «Маънии суолро нафаҳмидӣ». Гуфтам, не шумо маънии зиндагиро намефаҳмед.   
Таҳияи Нигина РАҲМОН


МАШАВ ҒАМГИН, АГАР ДУХТАР БИЗОДӢ…
Муаллимае бо ин ки зебо ва ахлоқи хубе дошт, ҳанӯз издивоҷ накарда буд. Боре шогирдонаш бо ҳисси кунҷковӣ сабаб пурсиданд.
Муаллима дар посух гуфт:
- Зане панҷ  духтар дошт. Шавҳараш он  занро таҳдид карда буд, ки агар бори дигар духтар таваллуд кунад, бо ҳар роҳе, ки бошад аз ӯ халос мешавад. Бо хости Худо, зан боз духтар ба дунё овард. Падараш он кӯдакро ҳар шаб канори кӯчаҳои шаҳр гузошта мерафт. Субҳ омада медид, ки касе тифлро набурдааст. Ин амал чанд рӯз идома ёфт. Мард хаста шуд ва тифлро ба хона овард. Модар хеле хушҳол шуд ва ин бор писар ба дунё овард. Аммо бо таваллуди писар духтари бузургашон фавтид. Зан панҷ писар ба дунё овард, вале панҷ духтараш ҳама фавтиданд. Фақат як духтараш зинда монд. Модар низ ғами ҳаҷри фарзандонро таҳаммул карда натавонист. Ягона духтар ва панҷ писар бузург шуданд. Медонед он духтаре, ки падараш мехост аз ӯ халос шавад кӣ буд? Он духтар манам! Ба ин хотир, то ҳол издивоҷ накардаам, ки падарам пири барҷомонда аст ва ман ӯро нигоҳубин мекунам. Бародаронам фақат гоҳ - гоҳ хабараш мегиранд. Падарам ҳамеша аз пушаймонӣ ашк мерезаду ман ӯро ором мекунам.
Таҳияи Л. ШАРИФЗОДА


БЕББИҶ
Боре дар як маҷалла чашми Чарлз Беббиҷ, «падар» ва ихтироъкори нахустин мошинаҳои ҳисоббарор, ба байте мерасад, ки мазмунан чунин аст:
Одамон ҳар лаҳза мемиранд,
Одамон ҳар лаҳза меоянд ба дунё…

Беббиҷ, ки дар ҳама ҷо баробарии ҳисобҳоро меҷуст, дарҳол қаламу коғаз гирифта, ба муаллифи байт менависад:
- Ҷаноб, зарур мешуморам ба шумо фаҳмонам, ки дар дунё теъдоди таваллуд нисбат ба марг дида зиёдтар аст. Шумо бошед, ҳисобҳои илман тасдиқшударо ба инобат нагирифта, ҳар дуро баробар тасвир намудаед. Бинобар ин, таклиф мекунам, ки байти худро бо чунин тарз таҳрир намоед:
Одамон ҳар лаҳза мемиранд,
Одамон ҳар лаҳза 1/16 меоянд ба дунё.

Танҳо дар ҳамин сурат мо якҷоя метавонем, хонандаро аз гумроҳӣ наҷот диҳем.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


10 ИҚТИСОДДОНИ БУЗУРГТАРИНИ ҶАҲОН
67. Ҷон Кеннет Гэлбрейт
15 октябри соли 1908 ба дунё омада, қариб 100 сол (маргаш с. 2006) умр дид. Дар донишгоҳҳои овозадори Ҳарвард, Принстон, Калифорния дарс гуфтааст. Мушовири президентҳои вақти ИМА Ҷон Кенеди, Билл Клинтон, номзадҳо ба президентӣ Стивенсон, Маккарти ва Макговерн. Президенти Ассотсиатсияи иқтисоддонҳои Амрико, барандаи ҷоизаҳои байналмилалии Френк Сайдман (1975), Веблен - Коммонс (1976), В. Леонтйев (2000), Нишони тиллоии ба номи М. В. Ломоносов  (1993), узви хориҷии АИ СССР (1988) ва АИ Россия (1988). Ду маротиба ба гирифтани Нишони президентии Озодӣ – ҷоизаи  олии Амрико мушарраф гаштааст.
Ақидаи ҷонибдорони монетаризмро дар бораи он, ки хароҷоти давлатӣ ба кам шудани шумораи бекорон мусоидат намекунад, комилан рад кард. Бовари шахшударо, ки гӯё дар бозори иқтисодӣ неруҳои асосӣ дар вазъи рақобати озод  қарор доранд, зери интиқоди шадид гирифт. «Ҷомеаи серу пур» (1958) ва  «Иқтисоди фиреби лоуболона» (2004) китобҳои машҳуртарини  Гэлбрейтанд. Фонди федералии захиравии ИМА-ро низ зери тозиёнаи интиқод кашида, изҳор намуд, ки аксари буҳронҳои ҷаҳонӣ маҳз бо айби ҳамин ниҳод ба вуҷуд омадаанд.
Ҳатто сиёсати хориҷии ИМА-ро танқид намуда, ҷанги Ветнам ва забти Ироқро иштибоҳи бузурги давлат номид. Шуҳрати Гэлтбрейти иқтисоддон ҳатто ба обрӯи сиёсии Бзежинский соя андохта буд.
Таҳияи А. ҚУДРАТУЛЛО


ТОП 10. ШАҲРҲОЕ, КИ БО ШУМОРАИ ЗИЁДИ БИНОҲОИ ОСМОНБӮС МАШҲУРАНД
Дубай
Дубай  шаҳри босуръат рушдкунандаи кишварҳои араб аст, ки маркази бузурги туризм ва савдо маҳсуб мешавад.
Дар он баландтарин бинои олам – «Бурҷи Халифа» қомат меафрозад, ки аз 211 ошёна иборат буда, баландиаш 828 метрро ташкил медиҳад. Дубай, дар маҷмӯъ, дорои 148 иншооти осмонбӯс мебошад. Аввалин бинои серошёнаи шаҳр, бо баландии 149 метр, соли 1978 сохта шуд.
Айни ҳол бунёди боз 21 чунин иншоот идома дорад, ки ҳар яке ба ҳисоби миёна 180 метр қад хоҳанд дошт.
Таҳияи Комрон САФАР


ИМА
ИХТИРОИ ДАСТГОҲЕ, КИ МАВҶУДИЯТИ АЛЛЕРГЕНҲОРО ДАР ХӮРОК МУАЙЯН МЕКУНАД
Муҳаққиқони мактаби тиббии Ҳарвард дастгоҳе сохтанд, ки озуқавориро озмуда, дар он мавҷудияти аллергенҳои маъмулро (моддаҳои аллергияовар, ки дар баъзе анвои хӯрокворӣ ба монанди чормағз ё маҳсулоти ширӣ вомехӯранд) дар тӯли камтар аз 10 дақиқа муайян мекунад. Он ҳамагӣ 40 доллар арзиш дорад.
Олимон умедворанд, ки дастгоҳ барои саломатии мардум муфид аст, зеро беш аз 50 миллион амрикоӣ аллергияи ғизоӣ дорад. Баъзе аллергенҳо чунон хатарноканд, ки ҳатто миқдори камашон метавонад ба марг оварда расонад. Боиси тазаккур аст, ки барои ташхису табобати аллергия дар ИМА ҳар сол 25 миллиард доллар сарф мегардад.
Тарзи кори дастгоҳ чунин аст: лӯлаи пластикӣ  миқдори муайяни ғизоро пароканда мекунад, он гоҳ тӯбҳои магнитӣ ба кор даромада, аллергени ғизоро ошкор месозанд. Баъдан, маълумот дар бораи мавҷуд будан ё набудани аллерген дар хӯрок дар дисплейи дастгоҳ нишон дода мешавад.
Таҳияи Сарвиноз ШОДМОНОВА


«TOYOTA»
ШАҲРИ ОЯНДАРО БЕ РОНАНДА МУАРРИФӢ КАРД
Ширкати автомобилбарории машҳури ҷаҳон «Toyota» (Ҷопон) ба хотири коҳиш додани  садамаҳои нақлиётӣ дар наздикии кӯҳи Фудзи дар майдони 175 гектар шаҳраки  Woven City-ро бунёд мекунад.

Чуноне сомонаи www.kommersant.ru иттилоъ медиҳад, дар он танҳо мошинҳои бесарнишин ҳаракат хоҳанд кард. Тибқи лоиҳа, сокинон аз гузаргоҳҳои алоҳида ва кӯчаҳои сарсабзу гулзор истифода мебаранд. Роҳи велосипедронӣ низ алоҳида ҷойгир шудааст.
Дар ин ҷо лабораторияи технологияи мошинҳои бесарнишин (бо батареяҳо), хонаҳои интеллектуалӣ муҷаҳҳаз бо навтарин таҷҳизот ва роботҳо, биноҳои хадамоти политсия, оташнишонӣ, ёрии таъҷилӣ ва мактабҳо сохта мешаванд. Шаҳрак барои 2000 нафар сокин пешбинӣ мешавад.
Дар назар аст, ки бунёди шаҳрак соли оянда оғоз меёбад.
Таҳияи Оҳистамоҳи ВАФОБЕК


АЗ БОБИ ГЕОГРАФИЯ
1. Дар Федератсияи Россия 2, 8 миллион дарё бо дарозии умумии 12, 4 миллион километр мавҷуд аст. Шумораи дарёҳое, ки  зиёда аз 500 километр дарозӣ доранд, 214-торо ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар Россия 2 747 997 кӯл ва 30 ҳазор обанбор ҷойгир аст.
2. 17 кишвари олам дарё  надорад.
3. Мозамбик дарозтарин гулӯ-гоҳи олам  мебошад, ки ҷазираи Мадагаскарро аз қитъаи Африқо ҷудо мекунад. Дарозии он 1760 километр мебошад. Паҳнтарин ва жарфтарин гулӯгоҳи ҷаҳон Дрейк мебошад (950 километр дарозӣ ва 5840 метр жарфӣ), ки  Амрикои Ҷанубиро аз Антарктида ҷудо мекунад.
4. Швейтсария ва Науру расман пойтахт надоранд. Берн, ки пойтахти Швейтсария ном бурда мешавад, дар ҳуҷҷатҳо ҳамчун шаҳри федеролӣ сабт шудааст.
Таҳияи Комрон САФАР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2020    №: 113    Мутолиа карданд: 576
03.08.2021


РАВҒАНИ МОҲӢ, КУНҶИТ ВА СИЁҲДОНА ДАР ШАКЛИ КАПСУЛА

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2021

02.08.2021


Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон

ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ҲАМОИШИ ИДМ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОРОН ҚАДР ШУДАНД

ШАҲРИ РОҒУН. 110 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед