logo

иҷтимоиёт

РОҲИ ТОҶИКӢ. НАЗАРЕ БА МУБОРИЗАИ ҲУКУМАТ ВА ТАБИБОНИ КИШВАР БО КОРОНАВИРУС

Дар шаҳре вабо хуруҷ карду зоҳиде онро пурсид, ки чӣ миқдор одамро нобуд месозад. Вабо ҷавоб дод, ки панҷ ҳазорро. Бо гузашти вақт беморӣ ба охир расид ва маълум шуд, ки 15 ҳазор кас фавтидааст. Ва зоҳид аз ӯ мепурсад: «Ин чӣ хел шуд? Охир, ту панҷ ҳазор гуфта будӣ».  «Ман ҷони танҳо панҷ ҳазор касро гирифтам, боқӣ аз тарс мурд», - мегӯяд вабо.

ШУМГӮИҲОИ "ВАНГАҲОИ ШИМПӮШ"
Ва вақте дар шаҳри Ухани Чин коронавирус хуруҷ карда, дар кӯтоҳтарин муддат дунёро фаро гирифту теъдоди сироятёфтаҳо алъон аз 8 миллион гузаштааст, нақши тарсро набояд саҳл пиндошт. Тарси сохта. Зеро аз нахустин рӯзҳои пайдоиши COVID-19 дар васоити ахбори омма чунон маъракаи густурдаю шадиди тарсу ваҳмафканӣ аз ин беморӣ роҳандозӣ шуд, ки дунёро ба ларза овард. Миёни кишварҳои зарардида, пеш аз ҳама, давлатҳои мутараққии Аврупо, Амрико ва Осиёро мебинем, ки саропо ғарқи ботлоқи вирусӣ гаштанд ва танҳо вақтҳои охир худро бо азоби алим берун меоранд.
Маъракаи вижаи тарсафканӣ то кишвари мо ҳам омад. Моҳҳои апрел – май «коршиносон»-и дохилу хориҷ ҷор мезаданд, ки Тоҷикистон ҳам ба хуруҷи коронавирус имкону тавони муқовимат надорад ва аз ин рӯ, садҳо ҳазор мардумаш сироят ёфта, даҳҳо ҳазор қурбон мешаванд. Аммо, хушбахтона, фарқияти шумгӯиҳои "Вангаҳои шимпӯш" ва воқеияти имрӯзаи пандемия дар ҷумҳурӣ аз замин то самост.  

НӮШДОРУ КУҶОСТ?
Аз хуруҷи вируси уханӣ як моҳ гузашт, моҳи февралу март ҳам рафт. Дунё ҳарчи жарфтар ба коми вируси марговар мерафт. Моҳҳои марту апрел оқибат дар кишварҳои Аврупою Амрико ва Осиё ба чӣ балои чашмнодиди маргкор дучор шуданро сарфаҳм рафта, чун Чин марзбандию карантин карданд, мардумро иҷборан дар хонаҳояшон нишонданд, корхонаҳоро бастанд. Аммо, аллакай, фурсат рафта буд. Дар бисёр мамлакатҳо сирояту маргумир ба дараҷае расид, ки дар беморхонаҳо ҷой намерасид, ҳатто бо мошинҳои калон фурсати ҷасадҳои сардшударо кашонда бурдан намеёфтанд. Кор ба дараҷае нобасомон буд, ки мардум он тараф истад, барои табибон либоси махсуси муҳофизатӣ ва ҳатто ниқоби одии тиббӣ намерасид. Аз ин рӯ, дар давраи аввал бисёр табибон ҳам сироят меёфтанд, миёнашон, мутаассифона, фавт ҳам кам набуд. Беҳтарин аҳли хиради дунё ин ҳама муддат дар манзари миллиону миллиард доллару евро ваъда додани ширкатҳои фаромиллӣ бо вуҷуди талошҳои бардавом ҳеҷ не, ки ба ҷое расанд, яъне то ҳол нӯшдоруи коронавирусро пайдо накардаанд…  

ВАҚТЕ ЧАШМРО ХУН ГИРИФТ…
Аз ин балои охирзамон чор - панҷ давлати начандон калон, аз ҷумла Тоҷикистони мо, аз оғози хуруҷи коронавирус қариб чор моҳ гузашта бошад ҳам, эмин монд. Вале аз чӣ бошад, ки на нур, балки хори чашм гашт, ҳадафи шубҳаву танқид қарор гирифт. Аслан гирем, чунин бадбинию бадхоҳӣ ва бадгӯии мухолифин интизорӣ буд. Рафту дар кишвари мо мисли дигар давлатҳо ҳанӯз моҳҳои аввал даҳҳо ҳазор одам сироят меёфту ҳазорҳо қурбон мешуд, Тоҷикистону роҳбарияташ ҳатман зери тозиёна мемонд, ки барои пешгирӣ аз хуруҷи беморӣ ва талафот ба қадри кофӣ тадбир наҷуст. Чун дар диёрамон қариб чор моҳ тавонистанд ба пандемия роҳ надиҳанд, боз доду вой ба осмон расид, ки чунин шуданаш ҳеҷ мумкин нест. Яъне ин «дӯстдорони ҳақиқат», «ҳомиёни халқи ҷафокаши тоҷик», «муҳофизони озодии сухан» на тоқати гармо доранду на сармо. Яқинан, онҳоро аз манзараҳои мудҳиши маргумири оммавӣ дар кишварҳои мутараққӣ чашм хун гирифту нияти нопоке дар дилашон ҷӯш зад, ки Тоҷикистонро низ чунин бубинанд.

ҲУКУМАТ САНГИ ВАЗНИН БУДААСТ
Дар ин давраи буҳронӣ бо мақсади ба тарсу таҳлука овардани ҷомеа ва ноором кардани вазъият шубҳаву танқид, овозаю дарвозаҳои бебунёд дар дохил ҳам авҷ гирифт. Дар иддаи расонаҳо ва, махсусан, шабакаҳои иҷтимоӣ  «ҳақиқатҷӯён»-ро чор моҳи дароз дар Тоҷикистон набудани ягон мубталои COVID-19 ба андозае ба изтироб овард, ки шабу рӯз аз паи дарёфти ҳеҷ набошад як ҳодиса ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо бинӣ мехалонданд. Чун дар ташхиси фавтидае хулосаи барои худ зарурӣ пайдо намекарданд, мекӯшиданд ба пешонии илтиҳоби шуш, сактаи дил, фишорбаландӣ ҳам тамғаи коронавирус зананд. Ин ҳамаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ гӯё бо ишораи дирижёри пасипардагие ончунон бо ранги тарсу таҳлука пардоз медоданд, ки на Монӣ қудрат дошту на да Винчи.
Пас аз он ки Ҳукумат аз мавҷудияти ин беморӣ дар кишвар расман хабар дод, дар иддаи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ оҳи сабук кашида, гӯё ором гирифтанд: оқибат Тоҷикистон ҳам олудаи вабо гашт! Лекин дере нагузашта нағмаи нав сар карданд: мақомот рақамҳои воқеии сироятёбиро кам нишон медиҳад, дар асл он хеле зиёд аст. Дар рӯихати алтернативие, ки аз забони кампири Соро таҳия кардаанд, мегӯянд, ки шумораи фавтидаҳо аз 400 нафар бештар аст. Танҳо баъди ба 4 ҳазор ё 10 ҳазор ё мабодо миллион расиданаш ором мегиранд?! Ҳадаф аз даъвоҳои хунталабона чист?  Магар ин терроризми иттилоотӣ нест?! Ҳукумати кишвар, дар ҳақиқат, санги вазнин будааст.

АЙБ ДАР АЙНАКИ СИЁҲ НЕСТ
Сенсатсияи Тоҷикистон – чор моҳ дар миёни баҳри пурталотуми COVID-19 ҷазираи бидуни сироят мондан  30 апрел бо ошкор шудани аввалин 15 бемор анҷом ёфт. Он як давраи томи муборизаи Ҳукумати кишварро ба хотири дифои халқ аз ин вабо дар бар гирифт ва чунин як натиҷаи шигифтангез ба бор овард, ки мухолифин бо ҳар роҳу восита зери суол бурдану сарфи назар кардан мехоҳанд. Алъон аз ин тадбирҳои сершумори муассир ба гунаи мисол чандеро ёдрас мешавам. Аммо на ба хотири пахта аз гӯшашон кашидану айнаки сиёҳ аз чашмашон гирифтан. Зеро ҷурми ботин бори пахтаву айнак кардан хатост. Ба хотири он ки маҳз ҳамин чораҳои фаврию зарурӣ имкон доданд, Тоҷикистон на Италия шуд ё Туркия, на ИМА ё Бразилия, ки даҳҳо ҳазор шаҳрвандонашонро талаф дода истодаанд.
Эпидемия, ба бахти халқи тоҷик, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ғофилгир карда натавонист. Шояд эҳсоси шашум мададгорашон шуд, ки ҳанӯз аввали феврал бо супоришҳои саривақтӣ, мушаххас ва муассир сохторҳои давлатиро дар ҳамдастӣ бо халқ бо истифода аз имконоти мавҷуда ба мубориза бо он сафарбар сохтанд. Дар ҷараёни ин набарди шадид, ки то ҳол идома дорад, бори дигар собит шуд, ки дар душвортарин ва ҳассостарин лаҳзаҳо халқи тоҷик метавонад бо дили пур ба умеди ақлу заковати роҳбарӣ ва раҳнамоии ин фарзонафарзандаш шавад.

ДАР БА РӮИ COVID-19 БАСТА ШУД
Ҳанӯз моҳи феврал Тоҷикистон дар ҳамаи 27 гузаргоҳи марзӣ дидбонгоҳҳои назорати шабонарӯзии санитарию беҳдоштӣ ташкил карда, карантини 14-рӯзаи шаҳрвандони худӣ ва хориҷиро ба роҳ монд, ки аз кишварҳои вирусзада ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид мегаштанд. Барои ташхиси онҳо тавассути СУТ ва Россия 3000 тест оварда шуд. Баъди чанде, аниқтараш 18 март, вақте дар Қазоқистон (13 март), Ӯзбекистон (15 март) ва Қирғизистон (17 март) хуруҷи коронавирус ошкор шуд, бо назардошти вазъияти муташанниҷи Чин Тоҷикистон дар ҳалқаи вабо монд. Хатари ниҳоят ҷиддӣ таҳдид дошт. Ва табиист, ки кишвари мо ҳарими ҳавоӣ ва заминияшро пурра баст.
Дар ин раванд ҳалли масоили ҳаётан муҳим - омода сохтани миқдори кофии катҳо барои беморон дар сурати хуруҷи эҳтимолии коронавирус, омодасозии кулли сохтори соҳаи тандурустӣ ба қабул ва табобати маризон, ба роҳ мондани безараргардонии иншоот ва нақлиёти ҷамъиятӣ бо маводи зиддиуфунӣ, тарғиби риояи қатъии гигиенаи шахсӣ миёни аҳолӣ чун аз муассиртарин чораи пешгирӣ аз сироят пеш омад. Ситоди ҷумҳуриявии мубориза алайҳи коронавирус, ки бо ибтикори Президент таъсис ёфт ва Сарвазири мамлакат роҳбарӣ мекард, бо ин корҳо машғул шуд. Ин ҳама тадбирҳои саривақтӣ имкон доданд, ки муддати мадид мардуми Тоҷикистон аз ин хатар эмин дошта шавад. Дар манзари ҳар моҳ дар ақсои олам аз миллион ба миллион афзудани теъдоди сироятшудаҳо пок мондани Тоҷикистон бузургтарин дастоварди Ҳукумат дар ин давра маҳсуб меёбад. Он доду войе, ки то охири моҳи апрел ҳам мухолифин ва ҳам чанде хомабадастони дохил аз ин хусус бардоштанд, маҳсули хаёлоти ошуфтаашон буд, ки аз ҷӯйчаи нотавонбинӣ об мехӯрд.

РОҲИ ТОҶИКИИ МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС
Вақте охири апрел дар ҷумҳурӣ расман гуфтанд, ки мубталоёни коронавирус ошкор шуданд, боз овози «хайрхоҳон» дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ баланд гашт. Онҳо ба ҳар пероя «мушовирон»-и Ҳукумату мардум шуда, боисрор зарурати карантини саросариро талқин мекарданд. Ҳадаф аз ин «дилсӯзӣ» бидуни микроскоп ҳам ба чашм мезад. Мардумро дар хонаҳояшон махкам кардан, кулли корхонаҳо ва муассисаҳои савдою хизматрасониро бастан, саҳроҳои серҳосилро бе одам гузоштан. Дар ин ҳолат як-ду моҳ нагузашта иқтисод ба буҳрони шадид дучор мегардад, нархҳо мехезанд, мардуми хонанишин ҳар чи дошт, хӯрда тамом мекунад ва худро ба кӯча мезанад. Баъди он чӣ мешавад, ҳоҷат ба тавзеҳ нест. Чунин буд «сенарияе», ки мухолифину косадумҳояш бо ҳар роҳу восита таҳмил кардан мехостанд.
Шояд хонанда ёдрас шавад, ки аз Чин сар карда, басо кишварҳо аз ин усул истифода бурданду мебаранд. Аввалан, аксари ин давлатҳо иқтисоди тавоно доранд ва аз хазина мардуми узлатнишин ва кулли соҳаҳои бештар зарардидаро бо даҳҳо миллиард доллар аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ мекарданд. Сониян, дере нагузашта, коршиносони онҳо бонги хатар заданд, ки чунин карантини саросариро иқтисодҳои миллӣ дер таҳаммул карда наметавонанд ва пайомади он аз оқибати хуруҷи коронавирус бамаротиб гаронтар хоҳад омад. Ин аст, ки аз охири моҳи апрел онҳо низоми карантинро тадриҷан аз байн бурда истодаанд.
Яъне, Тоҷикистон дар асоси таҷрибаи кишварҳои дигар имкони интихоби усули ба шароити худ мувофиқи пешгирӣ аз хуруҷи коронавирусро дошт. Дар натиҷа, карантини маҳдуд рӯи кор омад, бо интихоби доираи муайяни табақаҳои иҷтимоӣ ва соҳаҳо. Такяи асосӣ ба фаросату масъулиятшиносии аҳли ҷомеа карда шуд. Яъне, манъи маъракаю ҷамъомадҳои серодам, намоишҳои фарҳангию варзишӣ, беҳудаю бесабаб ба кӯча баромадан, қатъи фаъолияти иддаи нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва макотиби олӣ. Риояи қатъии ниқобпӯшӣ ва фосилаи иҷтимоӣ тақозо карда мешуд. Дар натиҷа, танҳо дар пойтахт бинобар корбарии шоистаи роҳбарият беш аз ним миллион нафар бо чунин карантин фаро гирифта шуд. Дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ ин масъала мусбат ҳал шуд.

ҚАҲРАМОНИИ ТАБИБОНИ ТОҶИК
Чун се ҳафтаи аввали моҳи май паҳншавии коронавирус шадидан боло рафт ва ин табиӣ буд, шубҳае дар дил пайдо шуд, ки оё аз хуруҷ ҷилавгирӣ карда метавонанд? Танҳо баъди 25 май, вақте тамоили коҳиши сироятёбӣ ва афзоиши шифоёбӣ дар кишвар устувор гашт, итминон ҳосил шуд, ки натиҷадиҳии тадбирҳои андешидаи Ҳукумат оғоз ёфт. Аз он пас то кунун ин раванд тақвият меёбад. Ин дигар комёбии камназири Тоҷикистону халқи шарифи тоҷик аст, ки ҳатто як моҳ нагузашта лаҷом ба даҳони вируси марговар заданд.
Бинобар ба эътидол омадани вазъият аз 15 июн маҳдудияти мавҷуда дар қаламрави Тоҷикистон бардошта шуд. Аксарияти беморхонаҳое, ки дар ин давра танҳо ба табобати сироятёфта машғул буданд, бинобар коҳиши гирифторон ба фаъолияти муқаррарии худ баргаштанд. То имрӯз дар ҷумҳурӣ беш аз 72 дарсади гирифторон, яъне зиёда аз 4000 нафар офият ёфт. Ин хизмати фидокоронаи табибон ва дигар кормандони тиб аст, ки аз қаҳрамонӣ камтар набошад.

КОРИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ БОЯД ШАФФОФ БОШАД
Аз оғози пандемия Сарвари давлат боисрор аз ниҳодҳои марбута, хоса Вазорати тандурустӣ талаб мекарданд, ки барои пешгирӣ аз ҳар гуна овозаю дасисаҳо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба шаффофияти фаъолият диққати ҷиддӣ дода, бо расондани рақамҳои расмии вазъият аҳли ҷомеаро ором созанд, то ки ба тарсу таҳлука дода нашаванд. Ва як сабабе, ки махсусан моҳи апрел дар бораи будан ё набудани коронавирус дар ҷумҳурӣ сару садо аз ҳад зиёд шуд, маҳз хомӯшии норавои вазорат буд, ки ҳатто хуруҷи бемории илтиҳоби шушро тавзеҳ дода натавонист. Зимнан, банда қариб ду ҳафта қабл ба вазорат рафтам, то дар хусуси вазъияти сироятёбӣ дар шаҳрҳои калонтарин ва вилоятҳо маълумоти расмӣ бигирам. Мутаассифона, масъулон ҳатто барои Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот надоданд. Ҳол он ки дар радифи маълумоти умумӣ ин кор низ бояд ҳамарӯза сурат бигирад. 
Дигар масъала. Кулли кишварҳои дунё аз тестҳо чун яке аз воситаҳои муҳими пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ба таври густурда истифода мебаранд. Ҳукумати кишвари мо низ дар кӯтоҳтарин муддат пурра бо қувваи худ дар маркази вилоятҳо озмоишгоҳҳои ташхисӣ бо тамоми таҷҳизоти муосир ташкил намуд. Дар Душанбе низ ғайр аз ду озмоишгоҳи мавҷуда боз чор ташхисгоҳи нав таъсис доданд. Мутахассисонро тайёр намуданд. Тестҳо низ ба қадри кофӣ мавҷуданд. Лекин аз моҳи феврал инҷониб ҳамагӣ 32 ҳазор тест гузаронда шудааст. Чаро ин қадар кам? Ба ин савол низ дар вазорат ҷавоби мушаххас гирифта натавонистам. Пас, ба хотири чӣ маблағи калон харҷ намуда, озмоишгоҳҳо таъсис додем?

СУРХЧА АЗ КОРОНАВИРУС БАДТАР АСТ
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба эътидол омадани вазъияти SARS-CoV-2 дар диёрамон аз хизмати навбатияшон ба мардум аст, дар як вохӯрӣ бо рақамҳои мушаххас хулосаи қотеъ карда буданд: коронавирус ба дараҷае, ки воҳима мекунанд, марговар нест. Ҷавоби ваборо аз андарзе, ки дар оғози сухан оварда шуд, бояд фаромӯш накард. Зеро ба чашми тарсу паша ҳам фил метобад. Дар интиҳои сухан як мисол. Бемори зуком 1-2 нафарро сироят мекунад, зукоми испанӣ – 2-3, COVID-19-3-5, сурхча бошад, 12-18 нафарро. Яъне, коронавирус аз сурхчае, ки наметарсем, 3-4  маротиба заифтар аст. Пас моро на тарс, балки масъулият боло гирад, ки на сироят шавем ва на сироят кунем. Бо риояи  қоидаҳои одие, ки шифокоронамон тавсия медиҳанд.

Хуршеди ҶОВИД,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2020    №: 114    Мутолиа карданд: 429
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед