logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА МОДЕЛИ ТОҶИКИИ ҲАЛЛИ НИЗОЪҲОИ ДОХИЛӢ

Солҳои 90-уми асри гузашта, баъд аз барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, аз як тараф ба ҷумҳуриҳои он имкон дод, ки соҳибистиқлол гарданд, аз тарафи дигар, ба давлатҳои абарқудрати Ғарбу Шарқ шароит фароҳам овард, то онҳо ҳадафҳои геополитикӣ ва геоиқтисодии худро дар фазои кишварҳои пасошӯравӣ амалӣ созанд.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, мақсади аслии консепсияи дурнамои геоиқтисодии абарқудратони Ғарбу Шарқ дар он буд, ки бояд захираҳои нафту газро дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ аз худ намуда, барои расидан ба ҳадафҳои геополитикӣ аз усулҳои иғвоангезонаи худ истифода баранд. Воситаи истифодаи неруи тундгаро ва ифротгароёни диниро аз ҷониби мамлакатҳои Ғарб дар Ироқ, Либия, Миср, Сурия ва амсоли инҳо солҳои сипаришуда бармало мушоҳида кардан мумкин аст.
Аз нахустин рӯзҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тундгароёни динии бегонапараст якбора сар баланд намуданд, зеро хуб медонистанд, ки дар он марҳила кишвари мо барои амалӣ намудани нақшаҳои тарҳрезишудаашон шароити мувофиқи сиёсӣ – иҷтимоӣ дорад.
Дар он замон, аллакай, дар маркази як қатор шаҳру ноҳияҳо тундгароёни динӣ ҳамроҳи баъзе зиёиёни гумроҳ фаъолона шиорҳои барангезандаи адовати миллиро, ки бар зидди миллатҳои ғайритоҷик равона буд, тарғиб намуда, як қисми аҳли зиё, ба ҷои он ки ба рисолати иҷтимоии худ, яъне тарғиби донишу илм, фарҳангу санъат машғул бошанд, ба ташвиқу тарғиби ғояҳои ифротгароӣ даст заданд.
Яке аз сабабҳои сар бардоштани тундгароёни динӣ он буд, ки миллати тоҷик солҳои аввали соҳибистиқлолӣ соҳиби пешвои миллӣ, ки қудрати сарҷамъ намудани қишрҳои ҷомеаро дошта бошад, набуд. Зимнан, дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандие, ки оғоз гардид, нақши асосиро тундгароёни динӣ бозиданд, зеро ҳадафи асосии онҳо аз оғози фаъолияташон танҳо сарнагун намудани сохти конститутсионии кишвар ва барпо намудани давлати исломӣ буд.
Вазъияти вазнини бавуҷудомада ба майдон омадани пешвои сиёсиеро талаб мекард, ки ҷаҳонбинии васеъ, дурандешии сиёсӣ ва иродаи қавӣ дошта, дар амалӣ гардидани сиёсати давлатӣ собитқадам ва устувор бошад.
Хушбахтона, дар ин лаҳзаҳои ҳассос неруи нуроние пайдо гардид, ки ҳадафҳои ғаразноки тундгароёни динӣ ва хоҷагони онро ошкор сохт. Ин неруи бузург дар симои Эмомалӣ Раҳмон барои амалишавии нақшаҳои геостратегии абарқудратони ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ монеаи ҷиддӣ шуд. Вакилони мардумӣ ин неруро дар симои Эмомалӣ Раҳмон дарёфтанд ва моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ин шахсияти таърихии барҷастаро Раиси Шӯрои Олӣ – Сарвари давлат интихоб намуданд. Зарур ба ёдоварист, ки нахустин суханони Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон айёми худсӯзиҳо «Ман ба шумо сулҳ меорам»  буд ва он пурра амалӣ гардид.
Президенти кишвар дар он айёми тақдирсоз вазифаҳои аввалиндараҷаро муайян карданд, ки авлавиятнокашон хомӯш намудани оташи ҷанг ва баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ буд. Бо ин мақсад, солҳои 1994 – 1997 ҳашт даври гуфтушунид байни тоҷикон, аз ҷумла дар шаҳрҳои Москва (даври 1 ва 7), Теҳрон (даври 2, 6 ва 8), Исломобод (даври 3), Алма - ато (даври 4) ва Ашқобод (даври 5) баргузор шуда, охируламр 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид.
Котиби генералии вақти Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан аз натиҷаи гуфтушуниди мухолифини тоҷик бо Ҳукумати кишвар ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллие, ки миёни онҳо ба имзо расид, натиҷагирӣ карда, иброз дошт: «Тоҷикистон намунаи нодиреро пешорӯи дигар кишварҳо гузошт, ки чӣ гуна низоъҳои дохилиро метавон бартараф кард. Фикр мекунам, ки ин саҳми назарраси Тоҷикистон ба таърихи сулҳофарист».
Қобили зикр аст, ки маҳз дар давраи гузарондани музокироти байни тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули фарҳанги ваҳдатгароӣ замина гузоштанд, ки он унсури ҷудонашавандаи тафаккури сиёсии қишри ҷомеа буда, фаъолияти минбаъдаи ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ нишон дод, ки ҳадафу вазифаҳои дарпешгузошта пурра иҷро гардида, дар роҳи ба даст овардан ва мустаҳкам намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, барқарорсозии низоми сиёсӣ, тамомияти арзӣ ва эҳёи худогоҳиву худшиносии миллӣ корҳои судманд анҷом ёфтанд.
Ҳамон давра яке аз ҳадафҳои Сарвари давлат он буд, ки таъсиру нуфузи қувваҳои хориҷиро, ки пайваста ба раванди сиёсати дохилии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ваҳдати миллӣ дахолат ва монеа эҷод мекарданд, батадриҷ кам намоянд. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба арсаи сиёсӣ қадам ниҳоданашон, бо хиради азалии хеш тавонистанд ба бозиҳои геополитикии кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар Тоҷикистон хотима бахшанд.
Дар ниҳоят, ҳаминро бояд гуфт, ки аҳамияти геополитикии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар он аст, ки ин ҳуҷҷати тақдирсоз боиси таъмини сулҳу субот на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ гардид. Пешвои миллат бо иродаи қавии сиёсӣ, истодагарӣ ва ҷасорат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, амният ва суботро дар минтақа таъмин намуданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди он шуд, ки миллати тоҷик дорои пешвое мебошад, ки на танҳо дар муттаҳид намудани миллати худ, балки ҳамчун сиёсатмадори шинохта барои таъмини амнияти минтақа нақши калидӣ бозиданд.
Ҳоло раванди ташаккулёбии мактаби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои шаҳрвандони кишвар, балки барои тамоми тоҷикони ҷаҳон мактаби навест, ки дар сарҷамъ намудани миллати тоҷик, муаррифии тоҷику тоҷикистониён ва рушду инкишофи кишвари азизамон нақши муҳим дорад.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки барои рушду нумӯи ояндаи давлату миллати аҷдодии худ ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои наслҳои имрӯзу оянда аз ин неъмати пурарзиш истифода намуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, дар роҳи дурахшони Тоҷикистони биҳиштосо даст ба дасти ҳамдигар гирифта, атрофи Пешвои муаззами худ муттаҳид бошем ва сулҳу субот, ваҳдати милливу истиқлолияти Ватани азизамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
 
Дилшод ДАВЛАТЗОДА,
мутахассиси пешбари бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2020    №: 115    Мутолиа карданд: 527
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед