logo

фарҳанг

САЙРАМ ИСОЕВА: "БЕКОРӢ МАРО БЕМОР МЕКУНАД"

Бо “лаббайк” гуфтанашон ҳунарпешаи машҳури тоҷик Сайрам Исоева фосилаи байни моро дар як лаҳза аз байн бурданд.  Зеро дар байни мардум кам касе вомехӯрад, ки садои ба дил ошнои Сайрамбонуро нашиносад. Ҳайратовараш ин буд, ки эшон низ бо банда чун дугонаи деринаашон суҳбат мекарданд. Ростӣ, суҳбати мо дар шакли диалоги ҳунармандон сурат гирифт ва мо ҳам дар ҳамин шакл пешкашатон мекунем.
- Шумо, ки бо эҷод ва меҳнати ҳамарӯза одат кардаед, ин истироҳати дарозмуддатро чӣ гуна таҳаммул карда истодаед?
-  Бо карантин суҳбат карда нишастаем, гӯям, дурӯғ мешавад. Барои ман ҳамчун як хонуми тоҷик пухтупаз, дӯхтану буридан, рӯбучин ва дигар корҳои  хона гоҳо аз кори театр ҳам вазнинтар аст. Аввалин бор имкон пайдо кардам, ки дар оромӣ китобҳои дер боз ҷамъовардаамро бихонам. Ҳоло тамоми фикру зикрам ба “Бибиҳо” банд аст. Охир, “Бибиҳо” 15-сола мешавад.
- “Бибиҳо” ором намегузорад гӯед?
- Бале, имсол тифли ормонҳоям ансамбли “Бибиҳо” ҷашн дорад. Ҳамчунин, бо машварати роҳбарияти раёсати фарҳанги вилояти Суғд бахшида ба 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ пайи таҳияи силсилаи барномаҳо ҳастем. Хулоса, ба қавли Мавлоно “Ман он лаҳза биосоям, ки як лаҳза наосоям!”.
- Пас, маълум мешавад, ки дар бораи даҳшати коронавирус вақти фикр кардан надоштед...
- Не, коронавирус ба кишвари мо омада иштибоҳ кард, зеро мо худ аз насли тоҷдоронем, яъне аз Тоҷикистонем ва ба мо дигар корона даркор нест.  Ҳоло мебинем, ин вирус дар кӯтоҳтарин фурсат сарзамини моро тарк хоҳад кард (дар ин ҳарфҳои муаллима ҳамон ҷасорати ба Гурдофарид хос (аз филми машҳури “Рустам ва Суҳроб”)  эҳсос мешуд.
- Байни карантин ва рухсатии меҳнатӣ чӣ муштаракоту фарқият мебинед?
- Рухсатии охирин кай буд, дар ёдам нест . Зеро фориғ аз кори театр дар сабти кино будам. Бекорӣ маро бемор мекунад ва ростӣ карантинро фурсати хуб барои анҷоми корҳои солҳо қафомонда дарёфтам.
Мо аз ин суҳбати кӯтоҳ бо ҳунарманди номвар дарк кардем, ки барои фарде, ки ба ҳунар ва кору фаъолияташ арҷ мегузорад, карантин вуҷуд надорад.
 
Руқия ҚУРБОН, коромӯзи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2020    №: 115    Мутолиа карданд: 553
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед