logo

иҷтимоиёт

МИЛЛАТ. ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ ОЛӢ БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Бо гузашти 23 сол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи моро ба қаламрави саодат ворид кард, аҳамияти ин санад ва ин тавофуқи таърихӣ дар ҳаёти мардуми тоҷик бештар мегардад. Созиши ба  даст  омада,  ки  таҳти  раҳнамоии  хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи моро ба татбиқи ҳадафҳои олӣ ҳамвор кард, дар таърихи давлатдории навинамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

Мардуми сарбаланди тоҷик ҳар сол 27 июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар фазои озоду осудаи Ватан ҷашн гирифта, ҳамзамон, ёдовар аз он мешаванд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар оғози Истиқлолияти давлатӣ бар асари ҷанги шаҳрвандӣ талафоти ҷуброннопазири ҷонӣ ва зиёни калони молӣ дида, дучори буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ шуда буд. Ҳарчанд баъд аз Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки Сарвари неруманду шахсияти барҷаста дар симои Эмомалӣ Раҳмонро сари кор оварда, вазъи ноороми кишвар рӯ ба эътидол ва аркони фалаҷшудаи давлатдорӣ барқарор шуд, вале кишвари мо асосан баъд аз истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ вориди марҳилаи рушд гардид.
Аз файзи сулҳу ваҳдати миллӣ таҳти роҳбарии оқилонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Тоҷикистон марҳила ба марҳила пеш рафта, дар сатҳи байналмилалӣ низ ҳамчун кишвари ташаббускор вориди саҳнаи сиёсат шуд. Ҳоло ифтихори мо аз он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо мамолики ҷаҳон ва созмонҳои зиёди байналмилаливу минтақавӣ иқдомотеро амалӣ месозад, ки на танҳо ба нафъи як давлат ва ё митнақа, балки тамоми мардуми сайёра хидмат мекунанд. Ҳар як ҳамватани мо дар дохил ва хориҷи мамлакат барои исботи ин ҳарфҳо мисолҳои равшанеро дар даст дорад. Аз ҷумлаи чунин мисолҳо пазироии гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут ба ҳалли масоили вобаста ба об дар ҷаҳон, тақвияти мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. 
Сарвари маҳбуби тоҷикон дар баробари эҷоди равобити густардаву ҳасанаи Тоҷикистон бо мамолики олам таҷрибаи сулҳофариеро пешниҳод карданд, ки мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар сатҳи СММ барои ҳалли низоъҳои дохилӣ ҳамчун дастури кор тавсия мешавад. 
Мақомоти прокуратура, ки ташаккули он ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ ба таърихи давлатдори навин иртибот мегирад, таҳти роҳнамоии Президенти мамлакат дар таҳкими сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ саҳми намоён дорад. Омӯзиши воқеаҳои гузаштаи таърих дар замони Истиқлолияти давлатӣ нишон медиҳад, ки кормандони прокуратура дар душвортарин лаҳзаҳо садоқати худро ба Ватан, Сарвари давлат, арзишҳои миллӣ ва рисолати конститутсионии худ собит намуда, алайҳи ҷинояткорӣ мубориза бурданд. Дар шароити имрӯза низ кормандони мақомот бо мақсади ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус, ҷиноятҳои вобаста ба терроризму ифротгароиро тақвият бахшида, сиёсати созанда ва инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллатро дар амал татбиқ месозанд. Зеро аз баракати ҳидояту раҳнамоиҳои роҳбарияти олии кишвар дар ҳифзи ваҳдати миллӣ давлати соҳибистиқлоли мо сол ба сол ба фатҳи қуллаҳои нави рушд даст ёфта, оромонҳои миллӣ дар амал пиёда мешаванд. Дар ин замина ва бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро зарур аст, ки бо камоли сарфарозӣ дастуру ташаббусҳои Пешвои миллатро истиқбол ва дар татбиқи ҳадафҳои олии ояндасози давлату Ҳукумати мамлакат иқдомоти бештар ба харҷ диҳем.
 
Амон АБДУРАҲМОНЗОДА,сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқи мониторинги 
қонунгузорӣ ва маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, 
Фаромаз РАҶАБЗОД,корманди Прокуратураи генералӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2020    №: 116    Мутолиа карданд: 311
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед