logo

иҷтимоиёт

БАХТИ НАГУНГАШТА. КОРОНАВИРУС ҲАМ НАҲЗАТИҲОРО НОКОМ КАРД

Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро дар шароите ҷашн мегиранд, ки дар кишвар чун дигар мамолики ҷаҳон мубориза барои пешгирӣ аз паҳншавии пандемияи коронавирус идома дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи камшумор давлатҳое буд, ки бо роҳандозии тадбирҳои саривақтиву судманди Ҳукумат тавонист мавҷи маризиро, ки аллакай тамоми кишварҳои минтақаро фаро гирифта буд, ақиб андозад. 
Иқдомоти амалии давлату Ҳукумат, ки халқро аз сирояти ин маризии мусибатзо дар зарфи чор моҳи авҷи он дар ҷаҳон эмин дошт, наҳзатиҳои худбохтаро ончунон нороҳат кард, ки дар ҳар гӯшаи мамлакат нишонаҳои онро меҷустанд. Вале чун хабаре дар бораи сирояти ин беморӣ дар Тоҷикистон намеёфтанд, ончунон ба худ печиданд, ки эҳсоси бадбинонаашон рӯи ҳар ҳарфу ҳиҷои дар шабакаҳо коридаашон ба забони ҳол меомад. Дасту остини душманонаи худ барзаданд, то аз ин вабо низ ба нафъи хеш истифода кунанд ва аввалин коре, ки карданд, оғози маъракаи тарсафканӣ ва иғвобарангезӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ буд. Аммо замоне, ки нишонаҳои бемории шумқадам дар Тоҷикистон ошкор ва сабт шуд, ҳайрату нороҳатии хоинон канор рафт ва ҷойи онро табли шодии душманони миллат гирифт.
Ба рағми хоставу интизороти бадбинонаи наҳзатиҳо ва думравонашон Ҳукумат дар мубориза бо коронавирус ва табобати гирифторони беморӣ дар фурсати кӯтоҳ даст ёфт ва ҳоло давлату миллати тоҷик дар остонаи пирӯзии комил бо ин маризӣ қарор доранд. 
Пандемияи ҷаҳонӣ имтиҳоне шуд, ки халқи шарафманди тоҷик, аҳлонаву дастаҷамъона аз он гузаштанд. Ҳарчанд гурӯҳҳои фурсатталаб кӯшишҳои зиёди ҷудоиандозӣ ва ба бор овардани ихтилофро харҷ карданд, вале мисли ҳамеша номуроду шармсор шуданд. Коронавирус иттиҳоди мардумро қавитар кард. Шахсони саховатманду дорои имконоти молиявӣ ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ шуда, дасти табибону ниёзмандонро гирифтанд.
То ҳол барои мо хабару гузорише дастрас нашудааст, ки дар дигар мамолики атрофу акноф неруҳои мухолифи давлатҳо ин бемории ҳамагирро барои ба даст овардани холҳои сиёсӣ васила қарор дода бошанд. Кори бешарафонае, ки ба ном “мухолифони” - и тоҷик, дар асл хоинони миллати тоҷик ба худ раво диданд. Чун марҳила ба марҳила ин бор ҳам тирашон ба хок мерафт, ҳамагуна маргу мир дар кишварро ба COVID-19 нисбат медоданд. Вале мардуми тоҷик ҳилаи ин гумроҳонро шинохтанд ва дигар ба хабару матолиби дасисаҷӯёнаашон рӯ наоварданд.
Дар ҳоле, ки мардуми шарифи мамлакатро рӯҳияи идона фаро гирифтаву ҳама аз ваҳдат ва файзу нусрати сулҳ мегӯянд, руҷӯи мо ба ин мавзӯъ ба он хотир аст, ки аз макру тавтеасозии гурӯҳи хуношоми наҳзатиҳо ғофил набошем ва сулҳу ваҳдати миллиро ба қимати ҷони худ ҳифзу гиромӣ дорем. 
 
Нигина РАҲМОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2020    №: 118    Мутолиа карданд: 407
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед