logo

иҷтимоиёт

КОРЕЯ. УСУЛИ ҒАЙРИОДИИ САРКӮБИИ КОРОНАВИРУС

Чун SARS-CoV-2 микробдушмани ноаён аст, тӯли қариб ним соли хуруҷаш дар ягон кишвар намедонанд, ки имрӯз дар куҷо пайдо шуда, мардумро сироят мекунад, фардо дар куҷо? Ба истиснои Ҷумҳурии Корея, ки тавонист самти ҳаракати онро таҳти назорат гирад. Чӣ тавр? Ин саволест, ки ҳам дар доираҳои тиббию илмӣ, ҳам дар расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ диққатрабо гаштааст. Коршиносони амрикоӣ доир ба усули ҷадиди муборизаи кореягиҳо тадқиқоти вижае анҷом дода, онро на танҳо сипари ҷон, балки иқтисод ҳам хондаанд.
 
ТЕСТҲОИ ОММАВӢ ВА ПАЙГИРИИ ТАМОСҲО
Аз нахустин рӯзи хуруҷи вируси нав то имрӯз зимомдорони Ҷумҳурии Корея маълумотро дар бораи маҳал ва самти ҳаракати сироятёфтаҳо ифшо месозанд. Ин, бешубҳа, махфияти маълумотро нақз мекунад, аммо имкон медиҳад, ки дар мубориза бо ангезаи марговар натиҷаи воқеан ҳайратангез ба даст ояд. Сирри комёбии беназир дар тестгузаронии оммавӣ ва пайгирии тамосҳои мубталоён ифода меёбад. Гурӯҳи муҳаққиқон аз донишгоҳи Калифорния дар Сан-Диего боз як омили муҳим – интишори оммавии иттилоъ аз ҳодисаҳои сироятшавиро ошкор сохт. 
Тавассути ба таври густурда аз ҳодисаҳои гирифторӣ воқиф намудани аҳолӣ ҳаёти ҳазорҳо шаҳрванди кишварро наҷот дод. Олимони донишгоҳҳои Чикаго ва Пенсилвания низ, ки аз таҷрибаи ғайриодии кореягиҳо ба Бюрои миллии тадқиқоти иқтисодии ИМА гузориш омода намуданд, чунин хулоса бардоштанд. 
Тавре онҳо мегӯянд, дар марҳилаи феълӣ Сеул бар коронавирус пирӯз шудааст. Ин комёбӣ дар муқоиса бо вазъияти ҷорӣ дар ИМА барҷастатар зуҳур мекунад. Хуруҷи эпидемия дар ҳар ду кишвар дар як вақт – тақрибан 13 январ сар зад. Ба ҳолати 20 июн дар Ҷумҳурии Корея каме беш аз 12400 ҳодисаи сироят рӯй дод, ки аз он қариб 11 ҳазор кас шифо ёфта, ҳамагӣ 280 нафар фавтид. Дар Иёлоти Муттаҳида бошад, наздики 2,2 миллион кас гирифтори SARS-CoV-2 гашт, саломатии қариб 1 миллион беморро табибон барқарор намуданд, шумораи фавтидаҳо бошад, аз 130 ҳазор бештар аст. 
Дар пойтахти мамлакат - шаҳри Сеул қариб даҳ миллион одам маскун буда, дар ҷаҳон яке аз баландтарин сатҳи зичии аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст. То 20 июн дар он буду шуд 810 ҳодисаи сироят ва панҷ ҳодисаи марг рух додааст. Дар шаҳри ҳам аз ҷиҳати шумора ва ҳам зичии аҳолӣ ҳамсанги Сеул Ню-Йорк бошад, дар муддати зикрёфта беш аз 410 ҳазор нафар гирифтори коронавирус шудааст. Теъдоди ҷонбохтаҳо аз 35 ҳазор гузашт. Ҳол он ки баръакси ИМА дар Ҷумҳурии Корея ҳукуматдорон карантини қатъии саросарӣ роҳандозӣ накарданд. 
 
АЗ СИРОЯТ ЁФТАНИ ҲАМСОЯАТОН ДАРАК ДОРЕД?
Таҳиягарони гузориш омилҳои асосии бурди кореягиҳоро ба риштаи таҳлил кашида, натиҷа мегиранд, ки ҳама гап дар иттилоотонии густурдаи аҳолӣ аз ҳодисаҳои сироят мебошад. Аз рӯзи якуми хуруҷи COVID-19 ба телефонҳои мобилии шаҳрвандони мамлакат дар низоми вақти айнӣ маълумоти муфассал ирсол мегардад, ки дар маҳаллаашон чӣ қадар одам бемор шуд, онҳо дар куҷо зиндагӣ мекунанд, бо киҳо дар тамос буданд, кай, чӣ тавр ва ба куҷо рафтанд.  Чунин маълумоти фаврӣ доштан ба одамон дар кори риояи фосилаи иҷтимоӣ, интихоби самти ҳаракат ва канораҷӯӣ аз маҳалҳои сироятёфтаҳояш зиёд ёрӣ мерасонад. Аз ҷумла, барои он ки шаҳриён аз вазъият сари вақт воқиф бошанд, ҳукуматдорон барои онҳо сомонаи махсус, ҳамчунин, замимаи мобилӣ кушоданд.
«Ифшои оммавии маълумоти ғайрирасмӣ, ҳарчанд сирри ҳаёти шахсии шаҳрвандони мубталоро вайрон мекунад, ба рафтори ашхоси дигар таъсири хуб расонда, боиси коҳиши суръати паҳншавии эпидемия бидуни роҳандозии карантини сахт мегардад. Чунин иттилоот аҳолиро дар рӯзҳои истироҳат, махсусан ашхоси калонсолро эҳтиёткор месозад», — зикр намудааст яке аз муаллифони гузориш Мунсиб Ли.
Барои нишон додани афзалияти бечунучарои сиёсати ошкорбаёнӣ бар стратегияи карантини сахт Ли ва ҳамкасбонаш ҳисобу китоби аҷибе карданд. Дар асоси муқоисаи рушди пандемияи COVID - 19 дар Сеул дар вазъияти ифшои оммавии маълумоти хусусӣ ва дар ҳолати роҳандозии карантин, маълум гашт, ки тағйирдиҳии одии самти ҳаракати одамони аз маҳалҳои хатарнок огоҳшуда дар ду соли минбаъда сироятро дар шаҳр 400 ҳазор ва фавтро 13 ҳазор кам мекунад. 
Дар ниҳоят далеле аз самараи барҷастаи иқтисодии стратегияи кореягӣ. Дар ин кишвар таъсири пандемия дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ боиси уфти ММД ба андозаи 1,4 дарсад шуд. Дар Чин, ки минтақаҳои томро бо карантини сахт фаро гирифта буданд, он қариб 10 дарсадро ташкил дод.  
 
Хуршеди ҶОВИД, «Ҷумҳурият»
 
 
P.S. Бо вуҷуди ин ҳама оғози мавҷи дуюми коронавирус дар Сеул ва атрофи он ғайричашмдошт шуд. Чунки Маркази миллии назорат ва пешгирии бемориҳо онро «тирамоҳ ё зимистон фаро мерасад» гуфта буд. Агар ду-се рӯзи минбаъда дар он теъдоди сироятёбӣ аз 30 ҳодиса бештар шавад, аз нав низоми фосилаи иҷтимоӣ ҷорӣ мекунанд. Дар Пекин бошад,  бо хуруҷи дигарбораи COVID-19 боз карантини сахт ҷорӣ карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2020    №: 118    Мутолиа карданд: 392
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед