logo

иҷтимоиёт

ҶОМЕА. ВАҚТЕ ҶАВОНОН ПЕШТОЗАНД...

Таҳлили вазъи ҷаҳони муосир гувоҳи он аст, ки дар натиҷаи амалҳои террористӣ садҳо нафар бегуноҳон ҷони худро бохтанд. Гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз роҳу усулҳои гуногуни таъсиррасонӣ ба мафкураи одамон, бахусус, наврасону ҷавонон таблиғоти ғайриқонунӣ бурда, низоъҳои гуногунро байни онҳо ба миён меоранд.
 
Таҷрибаи кишварҳои мусулмонӣ дар чанд соли охир собит сохт, ки аксари тазоҳурот ва табаддулоте, ки дар ин кишварҳо сурат гирифтанд, дар заминаи низоъҳои динӣ - мазҳабӣ ба воқеият табдил ёфтаанд ва аз паси ҳамаи он қувваҳои динӣ - сиёсие меистанд, ки тазоҳуроту ҷангҳои дохилиро барои тағйири сохти ҳокимият роҳандозӣ мекунанд.
Мавҷудияти гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро, махсусан дар заминаи динӣ хатари ҷиддӣ барои пешрафти ҳар ҷомеа буда, ифрот ва тундгароӣ метавонанд,  ба ҳаракатҳои  террористӣ оварда расонанд. Саркардагони чунин гурӯҳҳо ҷавононро бо омӯзишҳои нодуруст фаро гирифта, афкори онҳоро бо ваъдаҳои хаёлӣ пур мекунанд ва оқибат онҳоро бо хост ва интихоби худашон истифода менамоянд.
Ҳоло вақти он расидааст, ки башарият дар якҷоягӣ дар пешгирии ин амали мудҳиш иқдомоти тоза андешад. Яке аз ин роҳҳо гуфтугӯи фарҳангҳои мухталиф бо иштироки намояндагони онҳо мебошад, ки дар шинохт ва эҳтиром гузоштани ҳамдигар мусоидат менамояд. Имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ мубориза ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегонагон бидуни мавҷудияти ақидаи устувор дар кадом соҳае, ки набошад, ғайри имкон аст. Пешгирӣ кардан аз ифротгароию тундгароӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи миллат, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот ва рушди кишвари азизамон мебошад.
Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад, ки ҷавонони тоҷик аз чунин дастгириву ғамхориҳои пайваста  бархӯрдоранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҳамчун неруи бузурги бунёдгару созанда мавриди дастгириҳои пайваста қарор медиҳанд.
Аз ин рӯ, дар партави чунин дастгириву ғамхориҳо мо - ҷавононро зарур аст, ки бо андешаи солим ва номуси баланди ватандорӣ ба манфиати давлату миллати худ хидмат намуда, барои равнақу ривоҷи тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг, адабу маърифат чун табақаи неруманди ҷомеа кӯшишу талош намоем.
 
Муҳсин МУРОДЗОДА, 
сармутахассиси Кумитаи кор бо ҷавонон  ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2020    №: 118    Мутолиа карданд: 200
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед