logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Ҷумъа Қувват дар деҳаи Дегайии ноҳияи Нуробод ба дунё омад. Пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияташро дар рӯзномаи «Ҳақиқати Нуробод («Нури Нуробод») оғоз карда, солҳо сармуҳарририи нашрияи мазкурро бар уҳда дошт.
Бештар аз се сол хабарнигори минтақавии рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар навоҳии  минтақаи Рашт буд. Дар журналистика ҳамеша фаъол бошад ҳам, аммо ӯро ҳамчун шоири хушгӯву маъниҷӯ бештар мешиносанд.
Нахуст шеърҳои барои кӯдакону наврасон офаридаи ӯ шуҳрат ёфтанд. Шеъри «Нон бувад чун ҷони одам, Қуввату дармони одам»-ро пиру ҷавони мардуми мо медонанд. Ин шеър солҳост, ки дар китобҳои дарсӣ ҷой дошта, дар қалби навшогирдони  илму адаб ҳисси эҳтироми нонро парвариш медиҳад. Осори мавсуф бо содагӣ, равонӣ фарқ мекунад. Зеро ӯ дар раҳи эҷод дуои устодон Мирзо Турсунзодаву Боқӣ Раҳимзодаро гирифтааст. Аз соли  1975 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. 
Адабиётшиноси маъруф  Атахон Сайфул-лоев доир ба ашъори шоир Ҷумъа Қувват тақризҳо нигоштааст. Мунаққид  дар васфи шоир мегӯяд:     «Суханонаш самимӣ,  саршори садоқат ва лутфу меҳрубонист. Ситоиши  дӯстиву бародарӣ, васфи ваҳдат ва якпорчагии кишвар, ҷавонию шуҷоат  аз мавзӯъҳои ҳаётан муҳим ва  беҳтарини эҷодиёти ин адиби шуълавар  буда, тасвирҳояш  ҷаззобу муассиранд».
Шоир дар достони «Абармарди набарди ваҳдат» аз иҷлосияи тақдирсоз ва аз орзуи халқи парешонгашта, ки баҳри наҷоти миллат он рӯзҳо  дуо мекард, ёд меорад:
Мегузашт аз қалби ҳар кас як нидо,
Сарвариро бар кӣ мебахшад Худо?
Бахти халқам, эй Худо, хандон шавад,
Сарваре аз он хирадмандон шавад.
Ин дуо гардида аз Ҳақ мустаҷоб,
Ёфт давлат сарвари олиҷаноб.
Баъди таҳқиқу адолатпарварӣ,
Оқибат бо шеваи ҳақгустарӣ.
Нусрати раҳмонӣ бар Раҳмон расид.
Гӯӣ бар Исмоили Сомон расид.

Лаҳзаҳои ҳассосу дилангези бӯсидани Парчами давлатиро аз ҷониби Сарвари тозаинтихоб ҳамчун  ибтидои масири сулҳу субот ва бахту иқболи миллат ва афрӯхтани шуълаи умед ба дили мардум  бо маҳорат ба риштаи назм даровардааст:
Рафт бар минбар чу як ҳикматнигор,
Сулҳпарвар, чорагар, ваҳдатшиор.
Зад ба зону сӯи парчам бо адаб,
Ашк рехт ӯ рӯи парчам бо адаб.
Парчами поки Ватанро бӯса кард.
Гӯиё хоки Ватанро бӯса кард.

Шоир пайдоиши фарзанди шуҷоъ, хирадмандеро дар симои Эмомалӣ Раҳмон, ки ба сулҳу ваҳдати миллӣ асос гузошт, атои илоҳӣ медонад.
Гуфт шоҳид, он Худои ломакон,
Ҳон, вакилон, миллатам дар ҳар макон!
Ман нагаштам аз паи тахти шаҳӣ,
З - ин саодат ҳам набудам огаҳӣ.
Ин саодат нома аз Яздон расид,
Аз атои раҳмати раҳмон расид.

Номбурда бисту панҷ сол боз узви раёсати Кумитаи сулҳ ва ризоияти миллии  Тоҷикистон мебошад. Заҳматҳои  тараннумгари  ваҳдати миллӣ  Ҷумъа Қувват дар рушди адабиёти тоҷик бо ордени «Шараф» ва  медали «Хизматҳои шоиста» қадр шудаанд.                                                      
Ҷамшед ФОЗИЛОВ,
Дилшод АМИРОВ,
ноҳияи Тоҷикобод

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2020    №: 119    Мутолиа карданд: 451
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед