logo

иҷтимоиёт

ҶОМЕА. НАХУСТ ҲОЛАТИ ВОҚЕИИ МАСЪАЛАРО БОЯД ОМӮХТ...

Аз рӯзҳои аввали омадани бемории COVID - 19 ба Тоҷикистон нахуст ташвиши мардум аз захира кардани маҳсулот буд. 21 апрел ҳолати ба таҳлука афтодани онҳо дар бозорҳо (барои хариди орд) ба назар расид. Он рӯз (тасодуфан) барои гирифтани маълумот бо Фирӯз Расулов, сардори раёсати танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёти шаҳр, ҳамсуҳбат шудам, ки фавран барои ба тартиб даровардани нақлиёт дар назди бозорҳо сафарбар шуда буд. Сохторҳои дахлдор нарху навои маҳсулот ва риояи тартиби ҷамъиятиро фавран ба танзим дароварданд. Вазъ муътадил гашт. Ярмаркаи фурӯши картошка ва орд дар бозори «Саховат» бо як тартибу низом сурат гирифт. Ҳоло нархи картошка дар бозор то 3 сомонӣ поин рафтааст. Мағозаю дуконҳо низ фаъоланд. Яъне, сокинон бе монеа метавонанд аз дилхоҳ маҳсулот, хосса маҳсулоти пеши «дари хона» овардаи фурӯшандаҳо бихаранд, албатта, бо риояи қоидаҳои санитарӣ.
Духтурон низ бо либоси махсуси тиббӣ ва се вақт хӯроки гарм таъмин гардиданд. Тавре духтур Зоҳир Гулбердиев, ки дар шуъбаи қабули калонсолони № 5 - и муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Шифобахш» маъмул бо номи Қарияи Боло ба қабули фаврии беморон машғул аст, иброз намуд, духтурони муассиса бо либоси тиббӣ ва се вақт хӯроки гарм, ҳамчунин, доруворӣ ва дигар маводи тиббӣ таъминанд.. Дар ин самт ташкилоту муассисаҳои давлатию хусусӣ, волонтёрон ва соҳибкорони ватанӣ, хуллас тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон якҷоя ба он ноил гаштанд, ки хуруҷи СOVID – 19 дар ҷумҳурӣ коҳиш ёбад.
Рӯзҳои сангин барои ҳамаи мо паси сар шуд. Вале баъзан навиштаҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгаштаи дорои характери иғвоангезию фитна касро нороҳат месозанд, ки то кадом андоза дур аз ҳисси  ватандӯстиву талоши ҳамдастӣ барои зудтар баромадан аз беморӣ мебошанд. Махсусан, атрофи ду масъалаи болозикр, яъне таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва табибон бо ашёи зарурии тиббӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гапу калоча зиёд буд. Гап сари ин аст, ки дар рӯзҳои аввали авҷи бемории COVID - 19 либоси тиббӣ (захирашуда) нахуст ба муассисаҳои махсуси барои пешгирӣ ва мубориза бо пандемия равонагардида, аз ҷумла бӯстонсарою истироҳатгоҳҳо, ки дар он бештар шаҳрвандони ҷумҳурии аз хориҷа омада фаро гирифта шуданд, тақсим гардид. Роҳбарони дигар беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор гардиданд, ки аз ҳисоби манбаъҳои махсус духтуронро бо маводи тиббӣ, аз ҷумла либоси муҳофизатӣ, таъмин кунанд. Яъне таъминоти табибон бо либоси махсуси тиббӣ ба навбат анҷом дода шуд.
- Албатта, норасоии либоси муҳофизатӣ дар вақти таъҷилан зарур будани он ба назар расид, вале ҳамин ки аз нимаи моҳи апрел фавран ду корхонаи саноатӣ ба истеҳсоли чунин либос шурӯъ кард, минбаъда таъминоти духтурон аз ин ҳисоб сурат гирифт. Муассисаҳои тандурустӣ пурра бо либос ва дигар маводҳои тиббӣ таъмин гардида, ҳоло бошад, дар баъзе муассисаҳо аз сабаби кам шудани коронавирус истифода намешаванд, - гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Яъне масъалаи таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо либос ин ҷо комилан дигар будааст. Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилои бардурӯғ, бе омӯзиши ҳолати воқеӣ паҳн гардид, ки хоҳу нохоҳ ба афкори ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.
Ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулода фавран омода кардани аҳолӣ ва ин ё он сохтор, аз ҷумла муассисаҳои тиббӣ, барои пешгирӣ ва мубориза бо COVID - 19 кори осон нест. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми чораҳои заруриро андешиданд ва дар баробари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон кишвари рӯ ба тараққиамон тавонист бар коронавирус ғолиб ояд. Муроҷиатномаи саривақтии Роҳбари давлат ва раиси шаҳр, таъсис ва кори пурмасъули Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо СOVID – 19, ситоди зиддиэпидемикӣ аҳолиро бовар кунонд, ки Тоҷикистони азизамон ба зудӣ аз ин беморӣ мебарояд. Чунин ҳам шуд. Пас, даст рӯйи дил гузошта, бо қаноатмандӣ барои дастгирӣ ва тадбирҳои андешидаи давлату Ҳукумат, бевосита Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккур гӯем, на ин ки бо паҳн кардани ҳар гуна овозаю хабарҳои беасос воҳима ангезем.
Дар рӯзҳои ба сари мардуми кишвари азизамон омадани бемории COVID - 19 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳарвақта бо мо, бо мардум, буданд ва аз пайи иҷрои корҳои муҳими давлатӣ. Анҷом додани сафарҳои корӣ ба минтақаҳои гуногуни кишвар ва мулоқоту вохӯрӣ намудан бо аҳолӣ худ далели ин гуфтаҳост.        
Алҳол иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати афзоиши истеҳсол ва захираи маҳсулот, аз ҷумла картошка, вазъи таъминоти аҳолиро бо ғизо дар давоми ду соли оянда боз ҳам  беҳтар мекунад. Дар муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ низ вазъ муътадил аст ва сокинони кишвари азизамон низ озоду бетарс, вале боэҳтиёт аз сироятёбии COVID – 19 ба сар бурда истодаанд. Бовар доштам, ки натиҷаи хуб моро интизор аст. Аз ин рӯ, ба ҳар гуна хабару ангезаҳои бардурӯғ аҳамият ва посух надодам. Зеро тавре гуфтаанд: «Ҷавоби аблаҳ сукут аст».

Оҳистамоҳи ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.07.2020    №: 120    Мутолиа карданд: 311
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед