logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Пас аз мавриди истифода қарор додани як қатор иншооти нави таъйиноти гуногун, шиносоӣ бо рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъи зиндагии сокинон, дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои  вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи миллии "Ваҳдат" - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҷумҳуриявию вилоятӣ ва фаъолони вилоят мулоқот намуданд.

Ҳангоми суханронӣ Пешвои миллат тамоми соҳаҳо ва паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии вилоятро таҳлилу баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва боз ҳам суръат бахшидан ба тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд.
Баъд аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба дастоварду комёбиҳои мардуми вилоят, инчунин, камбудию норасоии ҳаёти иқтисодию иҷтимоии вилоят маълумот дод. Аз ҷумла гуфта шуд, ки бо мақсади зиёд кардани ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ Ситоди вилоятӣ таъсис дода шуда, тасмим аст, ки то таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳамин ҳисоб дар қаламрави вилоят боз 300 корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ, асосан дар самти коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, сохта шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилоятро вазифадор карданд, ки ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ, дар ҳар як шаҳру ноҳия то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд кардани беморхонаҳои сироятӣ ва ҳамин тавр, омодагии ҷиддии муассисаҳои тандурустии вилоят ба хуруҷи эҳтимолии мавҷи дуюми бемории COVID – 19-ро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Ҳамин тариқ, роҳбарони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба ҳолати кунунии соҳаҳои  иқтисодиёту иҷтимоиёт ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони шаҳру ноҳияҳоро ба суръат бахшидани тадбирҳои  ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, аз ҷумла дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расондани кишти такрории замин ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо,  ҳидоят намуданд.
Дар анҷоми мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарону масъулони шаҳру ноҳияҳо ва фаъолони вилоят даъват ба амал оварданд, ки меҳнати садоқатмандона намуда,  барои дар сатҳи шоиста истиқбол гирифтани Ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  масъулияти бештар дошта бошанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2020    №: 123    Мутолиа карданд: 2583
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед