logo

иқтисод

ОБ. ВАҚТЕ МАСЪУЛИЯТ НЕСТ...

Аҷабо! Ҳатто ба хушкӣ расидани 1300 гектар замини корами обӣ танҳо дар чор деҳаи шаҳри Панҷакент ва ҳоли ногувори кишоварзони ин деҳаҳо низ роҳбарони шаҳру идораҳои дахлдори кишварро  безобита накардаанд!

Дар ин шабу рӯз, ки айни долу зарби кори саҳрост ва кишоварзони мамлакат дар пайи ҳидояти ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи босамари замину рӯёндани се-чор ҳосил талош меварзанд, деҳқонони деҳаи Ғӯсари Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент ҳатто як каф оби полизӣ надоранд, ки ташнагии заминро бишкананду мазраае сабзонанд.
Деҳа 595 гектар замини корами обӣ дошта, дар таъмини аҳолии шаҳр бо меваю сабзавот саҳми намоён мегузорад. Дар мавсими имсола низ деҳқонон аз оғози баҳор ба саҳро баромаданд. Заминро шудгор карданду ба кишт омода, вале аз набудани об қаламчаҳо хокро надида хушкиданд. Ниҳоят, баъди давутози зиёд ба ҷӯйҳо об омад, аммо ба номаш, ки як чашм диду дигараш не. Кишоварзони дигар манотиқи кишвар ҳосили кишти дуюмро ҷамъ меоранду бархе аз барзгарони ин деҳа ҳоло кишти аввалро анҷом надодаанд ва то ҳанӯз бо чашми чор дар интизори обанд. Ба гуфтаи онҳо, «ду – се масъул, ки омад, об ҳам меояд, вале ҳамин ки рафт, гӯё бухор мешавад».
Ин беобии мардуми деҳа на идораи беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшонро ба ташвиш меораду на Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Ғӯсар – Баҳор»-ро.
- Имсол аз набудани об полизамон дар ҳоли сӯхтан аст. Дар мавриди боғу токзор ҳоҷати гап ҳам нест. Аз чор гектар боғи нави бунёдкардаам пас аз чанд рӯз қатори чӯбҳои хушкида боқӣ мемонад. Ҷав бо ҷабре аз борон пухт. 50 садяки гектар картошка ҳам дар ҳоли нобудшавист. 40 садяк заминро барои сабзӣ ҷӯяк гирифтам, аммо тирамоҳ дар мекӯбаду замин холист, - мегӯяд раиси хоҷагии деҳқонии «Ғӯсар 1» Содиқ Боймуродов.
Заминҳои деҳа аз канали «Марғедар» обёрӣ мешаванд. Ба таъкиди С. Боймуродов, аз аввали сол канал беоб буду масъулон бо баҳонаи  «каналро сел задааст» (манзур қисмати деҳаи Ғӯсар) аз сарбанди «Марғедар» – воқеъ дар деҳаи Тагоби Халқ об сар надоданд. Тоза кардани каналро на идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ба уҳда гирифту на Ассотсиатсияи истифодабарони об. Мардум бо роҳи ҳашар каналро тоза карданд, аммо ҳамоно об нест.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси шартнома ба Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Ғӯсар – Баҳор», ки 660 хоҷагӣ (бо 1300 гектар замин), аз ҷумла кишоварзони деҳаи Ғӯсар (бо 595 гектар замин), аъзои онанд, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон об медиҳад.
- Дар асоси Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об” соли чорум аст, ки истеъмолгарони об бо ассотсиатсия шартнома мебанданду ассотсиатсия бо мо. Мо дар асоси пардохти маблағ хизмат мерасонем. Аммо ассотсиатсия бо истифодабарони об ҳамкориро дуруст ба роҳ монда натавонист, ҷамъоварии маблағро низ. Пештар идораи беҳдошти замин ва обёрӣ маблағро ҷамъоварӣ ва обро таъмин мекард. Аммо ҳоло ваколати ғункунии маблағ дар дасти ассотсиатсия аст. Кишоварзон бошанд, ҳанӯз ба моҳияти кори ассотсиатсия сарфаҳм намераванд ва маблағро намесупоранд. Қарзи ҳозираи ассотсиатсия каму беш 440 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва бо чунин ҳол мо наметавонем хизмат расонем, - гуфт сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон Қурбонмурод Усмонов.
Тибқи маълумоти раиси ассотсиатсия Қурбон Раҳматов, то моҳи июл 28 дарсади хоҷагидорон ҳаққи истифодаи обро пардохт кардаанд ва ба онҳо хизмат расонда мешавад. Вале С. Боймуродов, ки 40 дарсади маблағи имсоларо супурдааст, “ҳатто як маротиба заминамро пурра об дода натавонистам”, - мегӯяд.
Хуллас, ин на танҳо мушкили С. Боймуродов, балки аксари барзгарони ин деҳа аст. Иддаи кишоварзон ба ассотсиатсия маблағро супурда, дар талаби обанду идораи беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон ба иллати қарз ба ассотсиатсия об намедиҳад. Дар миён деҳқон миёни як бому ду ҳаво мондааст. Яқин, дар сурати ба масъала дахолат накардани Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири 1300 гектар замини ҳосилхез, ки тобеи Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби “Ғӯсар – Баҳор” аст, муаллақ мемонад.

М. ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2020    №: 123    Мутолиа карданд: 598
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед