logo

фарҳанг

ҲИФЗИ ЁДГОРИҲО ЗЕРИ НАЗОРАТИ ДОИМӢ ҚАРОР ДОРАД

Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи корманди рӯзномаи «Ҷумҳурият» Бахтовар Каримзода бо номи «Ҳифзи ёдгориҳо. Биёед, ба таърих хиёнат накунем дигар …», ки 25 феврали соли 2020 нашр шудааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Мероси таърихию фарҳангӣ нишондиҳандаи асолат ва таъриху фарҳанги миллати тоҷик ба шумор меравад. Таърих гувоҳ аст, ки сарватҳои зиёди таърихию фарҳангии халқи тоҷик аз ҳудуди кишвари мо бароварда шуда, имрӯзҳо дар осорхонаҳои бузурги дунё, аз қабили Россия, Туркия ва Англия аз арзишмандтарин ва сертамошобинтарин осор ба шумор мераванд.
Муаллиф нигоштааст, ки: «Аз 129 ёдгории таърихии дар ҳудуди ноҳияи Ёвон ба қайд гирифташуда ҳоло танҳо харобаҳои ночизи Ғаравқалъа мондаасту халос». Бояд гуфт, ки аксари ёдгориҳои таърихию фарҳангие, ки дар ноҳияи Ёвон ва, умуман, дар ҳудуди ҷумҳурӣ тахриб шудаанд, бештар дар даврони пеш аз истиқлол ва солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, яъне дар натиҷаи забткорӣ бо мақсади сохтани иншооти хусусӣ - тиҷоратӣ ва аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии онвақта ҷудо намудани заминҳои наздиҳавлигӣ сурат гирифтааст.
Бо пешниҳоди Вазорати фарҳанг баҳри ҷилавгирӣ аз худсарона ғасб намудани ҳудудҳои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ чораҳои дахлдор андешида шуданд. Аз ҷумла, соли 2019 бо пешниҳоди вазорат аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба додани сертификат барои истифодаи замини ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бекор гардид.
Тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот низ оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ваколатдор буда, вазифадоранд, ки дар ин самт риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намоянд. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои нигоҳдорӣ, истифодаи мақсадноку босамар, пешгирӣ аз вайроншавӣ ва нобудшавӣ, тарғиби объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ҷалби шаҳрвандон ва аҳли ҷомеа бояд чораҳо андешанд.
Ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ зери назорати доимии Вазорати фарҳанг қарор дорад. Бо дарназардошти хотима ёфтани муҳлати иҷрои Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012 – 2020, соли ҷорӣ лоиҳаи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021 - 2025 барои тасдиқ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шуд, ки дар он дурнамои ҳифзи мероси гаронбаҳои таърихӣ ҳамаҷониба тарҳрезӣ гардидааст.

Зулфия ДАВЛАТЗОДА, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.07.2020    №: 127    Мутолиа карданд: 240
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед