logo

қарорҳои ҳукумат

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 11 июли соли 2020, № 401, ш. Душанбе Оид ба тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, № 1544 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID - 19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID - 19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Гурӯҳҳои осебпазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд ва ба шахсоне, ки ба гурӯҳҳои осебпазири мазкур дохил мешаванд, ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонда шавад.
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то 1 августи соли 2020 рӯйхати шахсонеро, ки ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тибқи замимаи ҳамин қарор ворид гардидаанд, бо нишон додани насаб, ном, номи падар (дар ҳолати будан) ва ҷойи истиқомат тартиб дода, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пешниҳод намоянд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида барои пардохти кумакпулии яквақта ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ки тибқи замимаи ҳамин қарор муқаррар карда шудаанд, маблағ ҷудо намояд.
4. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» интиқоли саривақтии маблағҳои мақсадноки ба суратҳисобаш воридгардидаро бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ ва ба шахсоне, ки дар рӯзи гирифтани кумакпулии яквақта кортҳои пардохтии бонкӣ надоранд, тариқи нақдӣ таъмин намояд.
5. Вазорату идораҳои масъул истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
6. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аудити истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо гузаронда, аз натиҷаи он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти дахлдор пешниҳод намояд.

Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2020    №: 129    Мутолиа карданд: 1616
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед