logo

фарҳанг

ОИЛАДОРӢ. БИЁЕД, АЗ ТАҶРИБАИ ГУЗАШТАГОНАМОН ИСТИФОДА БАРЕМ!

Яке аз масъалаҳои мубрам бунёди оилаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва рафти инкишофи худи инсон ва рушди ҷомеа вобаста мебошад.
Бояд гуфт, ки оила аз замони офариниши инсон арзи ҳастӣ дошта, дар ҳар давру замон ҳамчун воҳиди асосии ҷомеа мансуб меёбад. Муҳимтарин коре, ки инсон дар ҳаёти худ анҷом медиҳад, бунёди хонавода аст. Муқаддасоти оила, пеш аз ҳама, дар покии ахлоқӣ ва ҷисмонӣ зуҳур меёбад.  Оромиш, муҳаббат ва эҳтироми якдигар дар хонавода бузургтарин ва муқаддастарин рисолати иҷтимоӣ буда, ба ин васила ба ташаккули инсон ҳамчун шахсияти бархӯрдор аз одобу фарҳанг сурат мепазирад.
Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар он ташаккул меёбанд. Ҳамзамон, нақши калидии оила ҳамчун як ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанди солим, бомаърифату ватандӯст басо калон аст. Яъне, миллати мо дар масъалаи бунёди хонаводаи солим ва танзими муносибатҳо байни аъзоёни он таҷрибаи бузург дорад. Садсолаҳо хонаводаи тоҷик ҳазорон фарзандони фарзонаро ба дунё оварду ба камол расонд, онҳо барои халқу миллати худ хизматҳои шоёну таърихиро ба анҷом расонданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён доштанд: “Давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад”.
Заҳмату кӯшишҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ба яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва ҳаётии миллат – таҳкиму пойдории хонавода ва муносибатҳои оиладорӣ нигаронда шудааст. Зеро мустаҳкамӣ ва устувории оила маҳаки асосии субот ва назму тартиби ҷомеа мебошад. Дар ин ҷода, яъне барои солим будани оила, рафъи косташавии маърифати хонаводадорӣ ҳамовозии шаҳрвандон низ зарур аст.
Ҳаёт боисрор талаб мекунад, ки мо бояд барои бунёди оила ва ҷомеаи солим фарзандонро ба ҳаёти мустақилона омода намоем. Дар давраи ҷаҳонишавӣ масъалаи аз рӯи принсипҳои ахлоқи ҷамъиятӣ устувор гаштани ақди никоҳ, оила ва муносибатҳои оилавӣ, дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, халқ, муносибати бошуурона ба заҳмати муфиди ҷамъиятӣ, тарбия кардани насли наврас эътибори махсусро тақозо менамояд, зеро пешрафти иҷтимоии ҷомеа, таркиби сиҳатии аҳолӣ аз устувории оила вобастагӣ дорад.
Ҳамин тариқ, оила бақои давлат ва ҷамъият буда, пойдевори тарбияи насли наврас маҳз дар хонавода гузошта мешавад. Миллати тоҷик дар ташкили оила ва муносибатҳои байни аъзоёни он  мактаби бузурги худро дошта, дар тарбияи фарзанди солим, бомаърифату ватандӯст оила ҳамчун як ҷузъи асосии ҷамъият басо муҳим буд. Хонавода он вақт мустаҳкам мегардад, ки ҳар як узви он вазифаи худро иҷро намояд. Дар оилае, ки муҳаббат, эҳтироми байниҳамдигарӣ ва хушбахтӣ ҳукмрон аст, он албатта, солим маҳсуб мешавад. Бешубҳа, талоши ҳар яки мо барои такмили асоси оила гиромидошти ҷойгоҳи муқаддаси он дар ҷомеа маҳсуб меёбад.

Париноз УЛФАТШОЕВА,
омӯзгори МТМУ № 77,
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2020    №: 131    Мутолиа карданд: 246
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед