logo

сиёсат

ИҶЛОСИЯИ ДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

Таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо иштироки вакилони халқи шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони воҳидҳои сохторӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир гардид. 

Дар иҷлосия  10 масъала, аз ҷумла дар бораи тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, рушди соҳаи энергетика, бахусус ба низоми замонавии биллингӣ гузаштани хизмат, таъмини боэътимоди барқ ба сокинон, таҷдиду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқӣ ва қисмати шабака, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», шинондани ниҳолу буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола, ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба Ҷашни 29 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм, таҳлилу баррасӣ гардид.
Баъди баррасӣ иҷлосия қарори раиси шаҳри Душанберо “Дар бораи тағйир додани сарҳадҳои ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии ҳудуди шаҳри Душанбе”, ки муҳтавои онро аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони 7659,25 гектар ва  дар масоҳати умумии 20318,25  гектар муқаррар намудани ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе ташкил медиҳад, тасдиқ кард.
Дар самти рушди соҳаи энергетика, бахусус ба низоми замонавии биллингӣ гузаштани хизмат, таъмини боэътимоди сокинон бо барқ, таҷдиду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқӣ ва барқарорсозии қисмати шабака раиси шаҳр масъулин ва роҳбарони сохторҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки фаъолияти мунтазам ва омодагии дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, трансформаторҳои зеристгоҳҳои барқӣ ва нуқтаҳои трасформаторӣ, сарфакорона  истифода бурдани энергияи барқ, пешгирии талафот ва ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии он аз ҷониби муштариён, ҷамъоварии саривақтии маблағи истифодаи неруи барқ ва коҳиш додани қарзҳо, иваз намудани таҷҳизоти куҳна ва фарсудаи барқӣ ба таҷҳизоти нави муосирро таъмин намуда, корҳои татбиқи низоми биллингии назорат ва баҳисобгирии энергияи барқро вусъат бахшанд.
Ҳамзамон, раиси шаҳри Душанбе масъулини соҳаи тандурустӣ ва раисони ноҳияҳои пойтахтро муваззаф сохтанд, ки бо мақсади беҳбуд бахшидани вазъи санитарии пойтахт, пешгирии бемориҳои сироятӣ,   инчунин, таъмини ёрии таъҷилии тиббӣ ба аҳолӣ чораҳои қатъӣ андешида, бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории пандемияи коронавирус COVID-19 дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилот ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд, захираи маводи худмуҳофизатии тиббӣ, доруворӣ ва маҳлулҳои лабораториро дар муассисаҳои табобатӣ таъмин намуда, ба такмили кори ташхисгоҳҳо, тайёр кардани мутахассисони варзидаи соҳаи тиб, хусусан табибони оилавӣ, сироятшинос ва вирусологҳо, инчунин, омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, корҳоро дар самти риояи қоидаҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ҷоннок намоянд.
Зимни баррасии масъалаи ҷараёни иҷрои нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба Ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз роҳбарону масъулони тамоми сохторҳои пойтахт талаб карда шуд, ки ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои раиси шаҳри Душанбе дар самти рушду пешрафти тамоми соҳаҳои шаҳрдорӣ ба насби шиору овезаҳо дар кӯчаву хиёбон ва бинову иншоот,  тақвияти  корҳои рангуборкунӣ ва ороиши намои бинову иншоот таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, сари вақт баровардани партовҳо ва дар ҳолати хуби санитарӣ нигоҳ доштани нуқтаҳои партовҷамъкунӣ чораҷӯӣ намоянд.
Аз масъулон, хосса раисони ноҳияҳо, тақозо карда шуд, ки бо риояи талаботи санитарию  гигиенӣ баҳри истироҳату фароғати шаҳрвандон дар боғҳои фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам оваранд.
Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанберо дар нимсолаи аввали соли 2020 ҷамъбаст ва вазифаҳоро барои нимсолаи дуюм муайян кард.
Тавре зикр гардид,  хуруҷи бемории коронавирус COVID-19 дар аксар кишварҳои ҷаҳон ва ҳолати сироятёбии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини рушди баъзе аз нишондиҳандаҳои иқтисодии пойтахт таъсири манфӣ расонда бошад ҳам,   дар шашмоҳа ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ  ба 6, 7 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 фоиз ва саҳми он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 20,7 фоизро ташкил дод.
Дар ним сол аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда  7497   ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Раиси шаҳри Душанбе ба муовини якум ва муовинони раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони дастгоҳ, воҳидҳои сохтории дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дод, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба рушди иҷтимоию иқтисодии пойтахт ва  таҷлили сазовори Чашни 30-солагии Истиқололияти давлатии Тоҷикистон иҷрои саривақтии корҳои ободониву бунёдкориро дар муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд таъмин намуда, ба рушди соҳаи саноат, бахусус бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ ва воридотивазкунанда ва беҳтар намудани сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, масъалаҳои дигари хоҷагидории пойтахт баррасӣ ва доир ба ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2020    №: 133    Мутолиа карданд: 399
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед