logo

мулоқотҳо

Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон Шоҳзода герсог Йоркскийро ба ҳузур пазируфт

27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шоҳзода герсог Йоркскийро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҳолати имрӯза ва роҳҳои густариши муносибатҳои минбаъдаи Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуданд.
«Муносибатҳо бо кишварҳои Аврупо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст», - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд: «Дар доираи ин сиёсат мо ба рушди пайвастаи робитаҳо бо Британияи Кабир манфиатдорем».
«Густариши ҳамкориҳои сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ бо Тоҷикистон барои  Британияи Кабир бисёр муҳим аст», - изҳор дошт дар посух герсог Йоркский.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчунин ба Ҳукумати Британияи Кабир баҳри расондани кӯмак ба кишвари мо дар бартараф намудани оқибатҳои зимистони шадиди гузашта арзи сипос намуд.
Ҷонибҳо аз рушди робитаҳои байни ду кишвар дар маҷмӯъ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки имкону захираҳо барои густариши бештари ҳамкориҳо хеле зиёданд.
Доир ба ташкил ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика, азхудкунии захираҳои табиӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, туризм ва ғайра гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Ҳамгироиҳои муштарак дар мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кӯмак ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва мубодилаи иттилоот оид ба авзои Афғонистон аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ маънидод гаштанд.
Мусоҳибон ҳамчунин атрофи равобити фарҳангӣ  ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 8036
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед