logo

фарҳанг

ТОҶИКИСТОН. САРЗАМИНИ ДИЛРАБОИ ВАҲДАТ АСТ

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон


Тоҷикистон сарзамини дилрабои ваҳдат аст,
Осмонаш файзафшон аз сафои ваҳдат аст.

Ҳар гулу ҳар сабзаву ҳар ҷӯяки оби равон
Раҳкушову раҳсипору раҳнамои ваҳдат аст.

Сулҳ чун пероҳани зебост бар андоми халқ,
Шаъни мо, пирӯзии мо дар намои ваҳдат аст...

Бегазанду ҷовидонӣ бод он халқе, ки ӯ
Сӯи фардояш равона по ба пои ваҳдат аст.

Ин байтҳое, ки бадоҳатан, беихтиёр, чунон ки чашма аз оғӯши кӯҳистон ба забонам омадаанд, гувоҳи онанд, ки дар сарзамини ваҳдатпарасту ваҳдатшиори мо ҳама чиз, ҳама манзараҳои табиат, ҳама таомулу суннатҳои мардумӣ, ҳама пешаву ҳунарҳои халқӣ, одобу рӯҳияи миллӣ... ҳама намои ваҳдатро доранд. Зеро ҳама беғаразона, ҳама дар перояи меҳру муҳаббату самимият ва сулҳу осоишу дӯстдорӣ ба изҳор омадаанд. Воқеан, имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба шарофати Истиқлолияти давлатии худ ба шарофати сиёсати хайрхоҳонаву башардӯстонаву инсонпарваронаи Пешвои миллат сарзамини дилрабои ваҳдат аст. Ваҳдати миллии халқи мо маҳз маҳсули ҳамин Истиқлолияти давлатӣ ва ҳамин сиёсати некманишонаи Ҳукумати кишварамон мебошад.
Банда дар оғози пирӯзии Истиқлолияти давлатии кишварамон хитоб карда будам:
Эй Меҳани ман, Меҳани ман, Меҳани ман,
Ҳар узви замини туст узви тани ман!
Яъне, дар тасаввури шоиронаи ман Тоҷикистони азизи мо як пайкарест ва ҳар шаҳр, ҳар ноҳияву маҳали он як узви ин пайкаранду аз ҳамдигар ҷудонопазиранд. 
Як шонаи ман агар Зарафшон бошад,
Як шонаи дигарам Бадахшон бошад.
Як синаи ман агар ки Кӯлоби ман аст,
Як синаи ман Ҳисори шодоби ман аст...
Аммо хуҷастагии бештар дар он аст, ҳар шаҳру вилоят ва ҳатто ҳар деҳаву ноҳияи Тоҷикистони азизу биҳиштосои мо симои хоси худ, ҳусну ҷило ва зебоии нотакрор, ҳунарҳои хос, шираи хоси суннату оинҳои худро дорад ва чунин рангорангӣ симои онро бештар  дилрабову диданӣ  мегардонад. Аммо ин дурахшҳо ба ҳам як пайванди ногусастанӣ доранд, ки ин пайванд ягонагии миллии мардуми ин сарзамин аст. Мехоҳам дар мадори маънавии Тоҷикистони азизамон парвозе кунем ватандӯстона ва чанд шеърро аз силсилае, ки “Дар мадори ваҳдати миллӣ” унвон гирифтаву  хуҷастагиҳои гӯшаҳои гуногуни Ватанамонро фаро гирифтааст, тақдими  хонандагони арҷманд гардонам. 
 
БАДАХШОН
Роҳҳои тангу дилҳои кушод,
Сангҳои сахту одамҳои нарм,
Махзани лаъл асту халқи хоксор,
Бодҳои сарду симоҳои гарм.

Хона – дил, дил – хона, балки роҳҳо
Мебаранд аз дил ба дил, аз дил ба дил,
Чашмаҳои пок чун оинаанд,
Аз садоқат дорад ин хок обу гил.

Пирамардон дар канори хонаҳо
Истода чун мадори хонаҳо,
Кишвари сетору чангу доира,
Кишвари ширинтар аз  афсонаҳо.

Чеҳраҳо ҳархелаву дилҳо  яканд,
Деҳаҳо дуранду одамҳо қариб.
Ҳар гиёҳу чашма бар дарде давост,
Ҳаст ҳар пире ба ҷои сад табиб.

Кӯдакон монанди пирон бохирад,
Пирҳо монанди тифлон содадил,
Ман ба сидқу азми ин мардум шарик,
Ман ба хоки поки ин мардум кафил.

Бехабар аз олами савдогарӣ,
Бохабар аз одаму одамгарӣ,
Нест як роҳе ниҳон аз дигаре,
Медароӣ мебароӣ аз даре.

Ман ба ин мулки куҳан дил бастаам,
Мисли моҳӣ бар сафои оби пок,
Чун ғизоли ташнакоми қуллаҳо
Бар навову бар ҳавои оби пок.

Эй, Бадахшон, сарзамини бениқоб,
Шоҳи ту некӣ, сипоҳи ту шараф.
Чун ҷавонмарде туро бишнохтам,
Чун ҷавонмарде, ки дил дорад ба каф.

Аз матои дил ба тан пироҳанат,
Эй Бадахшон тору пудат аз дил аст,
Хона чун дил, деҳаат монанди дил,
Сар ба по монанди дил ин манзил аст.
 
КӮЛОБ
Сарҳади ор ту будӣ, Кӯлоб!
Садди ҷаррор ту будӣ, Кӯлоб!
Хуталоне, ки чу марзи номус
Буд бедор, ту будӣ, Кӯлоб!

Ҳама тан якдилу якҷон, яксон
Хеста аз сари нанг, аз сари ҷон,
Ба раҳи шаън, ба ҳифзи Меҳан
Мисли девор ту будӣ, Кӯлоб!

Эй дари бози сафои дараҳо,
Манзари манзалату манзараҳо,
Мулки мардони банону банамак,
Ками бисёр ту будӣ, Кӯлоб!

Бар фалакҳо ба “Фалак” хандазанон,
Бо дубайтиву рубоӣ ба забон,
Дарди худро ту сурудӣ ба наво,
Ҳомии ор ту будӣ, Кӯлоб!

Хоки мардони дилобод шудӣ,
Аз матои ҳунар эҷод шудӣ,
Бофта аз нахи ихлосу ҳунар
Тор дар тор ту будӣ, Кӯлоб!

Пушта то пуштаи ту гулхез аст,
Қомати дар чаканат гулрез аст,
Нур дар нур шукуфо бошӣ,
Мулки подор ту будӣ, Кӯлоб!


ХУҶАНД
Шаҳри адабу фазли баланд аст Хуҷанд,
Тирози ҷаҳону дилписанд аст Хуҷанд.
Мардум ин ҷо забони ширин доранд,
Шаҳри шакару наботу қанд аст Хуҷанд.
Имрӯз ба ҳафт хон муҳаббат дорад,
Аз пардаи меҳр дар паранд аст Хуҷанд.
Сарчашмаи нуру файзу эҳсони дил аст,
Дар равнақи дил, дар ин раванд аст Хуҷанд.
Таърих ҳамеша сарбаландаш дидаст,
Бо сирати нек сарбаланд аст Хуҷанд.
Шаҳрест, ки дарёдилу дарё дорад,
Дарёи муҳаббати нажанд аст Хуҷанд.
Дил об шавад дар лаби дарёии ӯ,
Ҳамсӯзи ҳазор мустаманд аст Хуҷанд.
Аз аҳди Камол то ба Фарзонаи мо
Ойинаи ишқу фазлу панд аст Хуҷанд.
Чун арҷгузори ҳама озодон аст,
Бо арҷу фари худ арҷманд аст Хуҷанд.
Як шохаи гул ба соҳили Сайҳун, шаб
Аз нуру сурур дилписанд аст Хуҷанд.


ҲИСОР
Ҳисори мо Ҳисори Шодмон аст,
Ҳисори чашмаву табъи равон аст.
Ҳисори Қалъаи шаъну шукӯҳ аст,
Ҳисори кохи нанги рафтагон аст.
Ҳисори родмардиву футувват,
Ҳисори бӯи нону бӯи ҷон аст,
Ҳисори ҳикмату оини некон,
Ҳисори ростини ростон аст.
Ҳисори санъату одоби дерин,
Ҳазорон суннати озодагон аст.
Ҳисори атласу адрас, Ҳисори
Кулолу кандакор, оҳангарон аст.
Ҳисори қанду ҳалвову набот аст,
Ҳисори хушзабону хушбаён аст.
Ҳисори себу тут, гелосу ангур,
Ҳисори роҳати ҷону тавон аст.
Ҳисори оби шодоби шифобахш,
Ҳисори бо намак, бо обу нон аст.
Ҳисори мо, Ҳисори шодмон аст,
Биҳишти хуррами рӯи ҷаҳон аст.


РАШТ
Дар қуллаҳои Рашт сар афрохтан хуш аст,
Дилро ба ин шукӯҳу сафо бохтан хуш аст.
Мусиқии муҳаббати худро ба сад наво
Дар симтори шаршара бинвохтан хуш аст.
Дар ин муҳити пок, дар ин ҷодаҳои сабз
Бар гӯши ҷон навои дил андохтан хуш аст.
Дилро ба нури як нигаҳе сӯхтан чу шамъ,
Ҷонро ба назри як назаре бохтан хуш аст.
Хуршеди ишқ то ки дурахшон шавад ба субҳ,
Дар қӯрҳои ҷони худ бигдохтан хуш аст.
Бо чашмаҳои поки ту бо сидқ рехтан,
Ҳамроҳи қуллаҳот сар афрохтан хуш аст.
То ки расӣ ба ҳар нафаси худ чу ҷӯйбор,
Дар рӯи хоки сабзи Ватан тохтан хуш аст.
Эй Рашт, эй диёри муҳаббат, замини хайр,
Худро дубора аз нафасат сохтан хуш аст!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2020    №: 152 - 153    Мутолиа карданд: 340
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед