logo

номаҳо

ФЕРМАИ ХУРД Ё ХОНАИ ЗИСТ?

Хонаи ман ва дигар ҳамсояҳо дар назди бинои идораи коммуналии шаҳр аст. Яъне, то ҷое, ба яқин, аз мушкилотамон масъулони он огоҳ мебошанд, чаро ки кормандонашон ҳам мисли мо ранҷ мебаранд. Сухан дар бораи вайрон кардани вазъи экологӣ ва риоя накардани қоидаҳои шаҳрдорӣ меравад. Дар як хона, ки дар наздикии мо ҷой дорад, то бист гов парвариш меёбад, албатта, ба хотири куштану бурда фурӯхтан. Ин амалҳо, яъне забҳ низ дар ҳамин ҳавлӣ ҳар рӯз сурат мегирад.
Ҳамин тавр,  моро як нафар аз амнияти экологӣ маҳрум намудааст. Нафасгирӣ бо ин ҳоли ногувор бароямон мушкил гардид. Муроҷиати мо дар ин хусус ба ӯ нафъе набахшид.
Наход шаҳр, маркази вилоят ҷойи парвариши гов ва барои забҳ бошад. Агар чор - панҷ гов мебуд, шояд таҳаммул карда метавонистем. Бешак, исботро хоҳон нест, ки парвариши бист гов ва ҳар рӯз куштани онҳо бо рехтани хун ба зиндагии мо, нафаскашиямон таъсири манфии худро мерасонад.
Умед дорем, ки масъулони шаҳр сари ин масъала ва пешгирии амалҳои номатлуб тадбирҳои заруриро сари вақт меандешанд. Охир хонаи зист дар шаҳр аз фермаи хурд ва ё калон бояд фарқ бикунад.  Магар  андешидаем,  ки агар ҳар кадоми мо – соҳибони хона ба парвариши бист ва зиёда аз он гову забҳаш машғул бишавем, ба чӣ оқибати баде рӯ ба рӯ мешавем?

Мирзоалӣ САЛИМОВ,
шаҳри Бохтар, кӯчаи ба номи академик Муҳаммад Осимӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2020    №: 163    Мутолиа карданд: 3257
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед