logo

иҷтимоиёт

ҲАР ШОМ АЗ ХУД БИПУРС, КИ…

Тағоймуроди Маҳмадмурод дар деҳаи Мазори Шариф, ки бо мақбараи Муҳаммади Башоро ва шоири нотакрори адабиёти муосири тоҷик Лоиқ Шералӣ маъруф гаштааст, дида ба олами ҳастӣ кушода, дар ҳамин ҷо даврони кӯдакӣ ва наврасӣ паси сар кардааст.

Баъдан, пайраҳаи қисмат ӯро ба шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе бурд ва дар идома бо тақозои вазифа ба кишварҳои хурду бузурги ҷаҳон сафарҳо кардааст. Вазифаҳои гуногуни давлатӣ ва ҷамъиятӣ бар дӯшаш буд. Дар ҳар ниҳоде, ки фаъолият дошт, бо дасту дили пок кор кард.
Алъон ба синни ҳаштод қадам ниҳодааст. Собиқадори КДАМ Тағоймуроди Маҳмадмурод бо чашмандоз ба роҳи гузаштаи умр аз кардаю нокарда, суду зиён ба андеша меравад. Андеша дорад, ки Ватан ва мардум ба хотири камолоти ӯ хеле чизҳо додаанд.
-Аз худам мепурсам, ки дар ин дунё кӣ будам? Ман як роҳгузаре будам, зиндагиям як пайраҳаи орзуи ҳалол зистан буд бо афтодану хестанҳо, - ба умқи қалбу рӯзгори хеш менигарад.
Ҳаводорони адаб Тағоймуроди Маҳмадмуродро ҳамчун муаллифи як қатор асарҳои бадеӣ, аз ҷумла, "Дар ҷустуҷӯи падар" (1985), "Номаи вопасин" (1993), "Чилмеҳроб" (1993), "Як тикка ёди бачагӣ" (2000) мешиносанд. Ин марди зариф бо ҳамқаламии Давлатхоҷаи Раштӣ асари пурмуҳтавои "Маърифати оиладорӣ"-ро навиштааст, ки ду бор - солҳои 2015 ва 2020 бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ ба нашр расид. Китоби мазкур барои хонандагони таълимгоҳҳои миёна ва донишҷӯён пешниҳод мешавад. Ҳамчунин, аз рӯйи ҳикояҳояш "Номаи вопасин" намоиши телевизионӣ ва "Модар ва духтарон" филми бадеии "Пилтапеч" ба навор гирифта шуд. Аз соли 2006 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Тағоймуроди Маҳмадмурод имсол ният дошт, ба муносибати мавлудаш ҳамчун нишонаи шукру сипос маҳфиле орояд, то ки дар ҳалқаи пайвандон, ҳамдиёрон, дӯстон чанд соати зиндагии ғаниматро бо ҳам бубинанд. Аммо вазъи ковидӣ ба ин имкон надодаш. 17000 сомониеро, ки ба ин хотир пасандоз карда буд, ба гунаи дигар сарф кард.
Дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, Тағоймурод ба клуби деҳаи Мазори Шариф, дабистони зодгоҳаш, ҳамчунин, ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 82-и деҳаи Баҳор ва № 6-и Ғӯсар, бунгоҳҳои саломатии ин ду русто ва бемористони Ғӯсар даҳҳо адад курсии зебову хушсохти ҳозиразамон туҳфа намуд.
Ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, адиби хушқалам, пири хирад Тағоймуроди Маҳмадмурод баҳри якпорчагии давлату бақои миллат ва пойдории сулҳу ваҳдат, шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳамеша дасти дуо дорад.

Искандари РАҲМОН
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.09.2020    №: 182 - 183    Мутолиа карданд: 171
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед