logo

Хабарҳо

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар машварати кории раиси вилоят вазъи ҷамъоварии пахта ва омодагии корхонаҳо барои коркарди он баррасӣ гашт. Таъкид шуд, ки соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ майдони кишти зироат 287 ҳазору 634 гектарро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 3827 гектар зиёд мебошад.
Бо мақсади таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом ва зиёд кардани ҳаҷми маҳсулоти пахтагӣ имсол заркорони вилоят дар майдони 58 ҳазору 177 гектар кишти пундона гузаронданд. Онҳо дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони соҳа парвариши рустаниро аз рӯи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда, 135 ҳазор тонна зари сафед ба даст оварданианд. Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маъракаи ғунучин идома дорад. 36 корхонаи коркарди пахта бо иқтидори 688 ҳазор тонна омодаи кор аст.
Баҳри ҷамъоварии беталафи дастранҷи деҳқон ситоди вилоятӣ таъсис ёфта, сохторҳои дахлдор барои омода кардани бошишгоҳҳои саҳроӣ ба қабули ҳашарчиён, назорати нархи пахта, муайян кардани шартҳои мусобиқаи меҳнатӣ байни шаҳру ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор ва риояи қоидаҳои беҳдошту зиддисӯхтор вазифадор шудаанд. Арзиши ҳар кило пахтаи чидашуда 70 дирам муқаррар гардидааст. 
Мавриди зикр аст, ки корхонаҳои коркарди пахта дар мавсими киштукор дар паҳлуи деҳқонон буданду хоҷагиҳоро бо чигити тухмӣ, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва дигар эҳтиёҷот саривақт таъмин намуданд. Дар ин самт корхонаҳои “Рухшона”, “Спитамен”, “Суғд – стандарт – коттон”, “Органик – ян”, “Тиллои сафед – н”, “Конибодом – коттон”, “Музаффар компания”, “Ҳамро – 2016”, “Ҷаъфар”, “ДСМ – 19”, “Зафаробод – инвест”, “Юсуф – саркор”, “Зафариён”, “Шамс – 777”, “Хуҷанд – агро – 2018” саҳми бештар доранд.

М. ҚОДИРОВА,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1253
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед