logo

Хабарҳо

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Бо ибтикори Академияи воситаҳои ахбори омма, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишвар дар маҷлисгоҳи Академияи ВАО ҳамоиши «Нақши публитсистика дар шароити ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид. Директори академия Зинатулло Исмоилзода дар оғози ҳамоиш гуфт, ки он ба 80 - солагии публитсисти шинохта – доктори илмҳои филология, профессор Асадулло Саъдуллоев бахшида мешавад. Ба ин хотир, осори публитсистии олим мавзӯи меҳварии ҳамоиш қарор гирифт.
Дар кори ҳамоиш Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини аввали вазири  маориф ва илм, Дилафрӯз Рустамзода, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио, инчунин, устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахт ширкат ва суханронӣ намуданд.
Коршиносон гуфтанд, ки жанри публитсистика масъалаҳои муҳими ҷамъиятию сиёсиро инъикос намуда, дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ рушди он барои адабиёти ҳар миллат бисёр зарур аст. Таъкид гардид, ки дар ин самт Асадулло Саъдуллоев корҳои назаррас анҷом додааст.
Муҳаммаддовуд Саломиён оид ба фаъолияти омӯзгорӣ ва раҳнамоии  А. Саъдуллоев ба журналистони ҷавон сухан гуфт. Мавсуф таъкид намуд, ки устод Саъдуллоев аз зумраи муҳаққиқоне маҳсуб меёбад, ки дар рушду такомули публитсистикаи тоҷик нақши созгор гузошта, дар ин самт мактаби хоси худро ба вуҷуд овардааст. Ҳоло дар ин самт шогирдони зиёди тарбиятнамудааш  фаъолият доранд.
Таъкид гардид, ки Асадулло Саъдуллоев дар баробари публитсист будан, муҳаққиқи соҳа низ шинохта шудааст.  Ин шохаи фаъолияти ӯро профессор Мурод Муродӣ баррасӣ намуд. Ӯ зимни суханронӣ, аз ҷумла таъкид дошт, ки: «Таҳқиқи публитсистика ва масъалаҳои марбут ба он маҳз аз ҷониби ӯ дар замони истиқлолият доман густурда, реша гирифт. Пажӯҳишҳои дар сатҳи  публитсистикаи тоҷик анҷомдодаи  Саъдуллоев нахустин асарҳоеанд, ки  паҳлуҳои гуногуни таърих ва назарияи жанр, таъсири иҷтимоии публитсистикаи муосирро ба ҷомеа ва пайванди онро ба каломи бадеъ дар бар гирифта, аҳамияти баланди илмӣ ва таълимӣ доранд».
«Пайванди назария ва амалияи журналистика дар китобҳои дарсии А.Саъдуллоев», «Баъзе масъалаҳои назариявии публитсистика», «Публитсистикаи устод Айнӣ дар шинохти Асадулло Саъдуллоев» аз зумраи маъвзӯъҳое буданд, ки дар ҳамоиш баррасӣ шуданд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1194
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед