logo

Хабарҳо

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

Дар ҳавзаву участкаҳои  интихоботии Вилояти Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон ҷиҳати баргузории  маъракаи  муҳими  сиёсӣ - интихоботи   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳаматарафа  омодагӣ  мебинанд. Тавре   Анвар Акрамов, котиби  комиссияи  ҳавзаи  интихоботии   Хоруғ рақами  18,  иттилоъ  дод, аъзои комиссияи ҳавзаи интихоботии   мазкур  аз 14 участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон боздид намуда, бо раисон ва аъзои онҳо оид ба баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ суҳбат намуданд. Дар ҳавзаи интихоботии Хоруғ корҳои  омодагӣ дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ мувофиқи  талаботи қонунгузории  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба роҳ монда, ҳамаи  шароитҳо фароҳам оварда мешаванд.
Ба гуфтаи Анвар Акрамов, аъзои ҳавза аз рӯзи ба тасвиб расидани қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил кардани комиссияҳои ҳавзавии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба фаъолият  оғоз намуда, нақшаи корию реҷаи навбатдориро тасдиқ карданд ва онҳо сари вақт дастраси участкаҳои интихоботӣ гардиданд.  Бинои ҳавзаи интихоботӣ ва ҳамаи участкаҳои интихоботии ба он вобаста мутобиқи талабот ҷиҳозонда шуда, бо маводу таҳизоти зарурии таблиғотӣ  таъмин гардидаанд. Ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки  14 участкаи интихоботӣ пурра бо ҳуҷра ва қуттиҳои овоздиҳӣ таъминанд ва барои хизматрасонии тиббӣ ба модароне, ки фарзанди хурдсол доранд, афроди имконияташон маҳдуд ва нозирони минтақавию байналмилалӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Котиби комиссияи ҳавзавии интихоботии Хоруғ № 18 гуфт, ки маъракаи барӯйхатгирии интихобкунандагон оғоз гардида, рӯйхатҳо 15 рӯз пеш аз интихобот барои шиносоии  интихобкунандагон дар участкаҳои интихоботӣ  ба  девор  овехта  мешаванд. Ба мақсади ширкати фаъоли раъйдиҳандагон ва иттилои бештар дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва дар дохилу беруни биноҳои комиссияи ҳавзавии интихоботу участкаҳои интихоботӣ шиору овезаҳо насб шудаанд.
- Корҳои  омодагӣ ба  маъракаи  муҳими  сиёсӣ дар дигар ҳавзаҳои  интихоботии  вилоят низ  аз рӯи  нақшаи  чорабиниҳои  пешниҳоднамудаи  КМИР-и Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  маром идома доранд. Итминони комил дорем, ки интихоботи дарпешистода бо  иштироки  фаъоли  раъйдиҳандагон сурат   гирифта, ба як омили муҳими  таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар мамлакат  мубаддал мегардад, - зикр кард  Аминҷон  Мирзоқандов, роҳбари   дастгоҳи  раиси  вилоят.

Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1220
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед