logo

Хабарҳо

НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

Дар ноҳияи Айнӣ бо мақсади дар сатҳи баланд ва озоду шаффоф гузарондани маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Илҳомқул Саидов, раиси ҳавзаи интихоботии Айнӣ № 34, иброз дошт, ки  дар ҳудуди ҳавзаи мазкур 63 участкаи интихоботӣ ташкил шудааст.  Ҳавза оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои  китобхонаи системаи марказондашудаи бахши фарҳанги ноҳия, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Айнӣ, кӯчаи Рӯдакӣ - 21 ҷойгир буда, шумораи интихобкунандагони он 43849 нафарро ташкил медиҳад. Аз он 974 нафар бори аввал ба интихобот меравад.
Бинои номбурда ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ буда, утоқҳои тозаву озодаи он бо мизу курсӣ, маводи конселярӣ, компютер, принтер, факс, телефони корӣ, камераҳои мушоҳидавӣ ҷиҳозонда шудааст.
То имрӯз рӯйхати ҳайати комиссияи ҳавзавӣ иборат аз 7 нафар шахси ботаҷрибаву соҳибмалака, ҳайатҳои комиссияҳои участкавии интихобот дар 63 участка, рӯйхати эҳтимолии интихобкунандагон таҳия шудааст.
Вобаста ба баргузории интихобот 1 муҳри ҳавзаи интихоботӣ ва 63 муҳри участкаҳои интихоботӣ сохта шудааст.
Шиору овезаҳои муайянкунандаи номи ҳавза, участка, гӯшаҳои иттилоотӣ ва тарғиботиву ташвиқотӣ  дар ҳама участкаҳои интихоботӣ  насб гардидааст.
- Дар таҷрибаи интихоботи гузаштаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  ҳамаи участкаҳои интихоботӣ дар биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва клубҳои ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза ҷойгир шуда буданд. Кӯшиш менамоем, ки комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар биноҳои замонавию ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза ва бо тамоми лавозимоти лозимӣ таъмин карда шаванд, - гуфт И. Саидов.

Мунаввари САФАР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1253
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед