logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ШИНОХТИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

“Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Тоҷикон ҳамчун миллати соҳибдавлат ва тамаддунофар дар давраҳои гуногуни мавҷудияти таърихии худ андешаи истиқлолхоҳӣ доштанд, алайҳи тохтутозҳои бегонагон ва носозгориҳои бешумори замон мубориза бурда, ваҳдат ва арзишҳои зиндагии худро ҳифз карда, ба наслҳои баъдӣ мерос гузоштанд.
Воқеан, истиқлолият заминасози рушду такомул, пойдевори мустаҳками ваҳдату якпорчагӣ, иззату обрӯ, шарафу номус ва ҷаҳду талошу ҷоннисории фарзандони некноми миллат аст, ки ба омили асосии ҳифзи ғурур, бедории миллӣ, шинохти ҳувият ва мояи ифтихори ҳар фарди кишвар табдил ёфтааст.
Намунаи муосиру олии ифодаёфтаи ҳувияту истиқлол ва озодихоҳии тоҷикон дар марҳилаи гузариш ба ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар муҳтавои фаъолияти ватанпарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтааст. Зеро сарҷамъкунии тоҷикон, поён додан ба парокандагиву парешониҳо, музокирот, оштӣ додани тарафҳои даргир ва барқарор намудани сулҳи фарогиру устувор худ равшантарин намунаи ҳувияти миллист.
Тоҷикистони азизи мо дар муддати барои таърих начандон тӯлонӣ аз як кишвари гирифтори ҷанг ба кишвари босуботу пешрафта ва ташаббускор дар минтақа ва ҷаҳон табдил ёфт. Ҳамаи ин аз баракати сиёсати санҷидашуда ва ботадбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсият кишвари мо тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ касб намояд.
Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ҷангу даргирӣ хотима ёфт, аммо зарбаҳои шадиди равонӣ дар зеҳну шуури баъзе аз афроди миллат боқӣ монда буд. Бо вуҷуди фишорҳои ҳазорсола ва фармонравоии қавмҳои бегона, махсусан, мавриди ҳуҷуми фарҳангӣ, мазҳабӣ ва равонӣ қарор гирифтани мардумони ин сарзамин ва ҷанги таҳмили низ ҳувияти миллатро сахт осебпазир намуд.
Дар чунин шароит Пешвои миллат бо шинохти дақиқи вазъи равонӣ ва иттилотии минтақа ва бо дарки дурусти ниёзҳои маънавии миллати хеш, як зумра иқдомҳоро амалӣ гардонданд, то миллатро аз назари маънавӣ эҳё кунанд ва ба асли худ бозгардонанд.
Бинобар ин, соли 1999 ҷашни 1100 - солагии давлатдории Сомониён таҷлил гардид. Ин ба он хотир буд, ки миллат гузаштаи худро ба ёд орад ва ғурури таърихии худро боз ёбад, ин рӯҳияро дар худ тақвият бахшад, ки мо як миллати бедавлату бетамаддун набудем ва нестем.
Сипас, таҷлили як қатор ҷашнҳои бузург паиҳам рӯи даст гирифта шуд. Аз ҷумла, таҷлили “Соли тамаддуни Ориёӣ”, “Соли бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ”, “Соли бузургдошти Имоми Аъзам”, “2500 - солагии Истаравшан”, “2700 - солагии Кӯлоб”, “100 - солагии Академик Бобоҷон Ғафуров”, “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ”, “Соли оила”, “Соли ҷавонон”, “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, инчунин, ба рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид намудан ва ҷашн гирифтани “1150 - солагии Абуаблуллоҳи Рӯдакӣ”, “100 - солагии Қаҳрамони халқи тоҷик Мирзо Турсунзода”, “600 - солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ”, “3000 - солагии Ҳисор”, “700 - солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ”, ба феҳристи фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидан ва мақоми байналмилалӣ гирифтани “Наврӯзи Аҷам” ва ба рӯйхати муҷассамаҳои мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани “Саразм” ҳамчун аввалин ёдгории таърихии Тоҷикистон, ки ҳар кадом бо тарҳу барномаи хос, баргузории чандин нишасту ҳамоишҳо, чопи теъдоди зиёди китобу рисолаву мақолаҳо, таҳияи барномаҳои радиоиву телевизионӣ амалӣ шуданд, ки дар муаррифии фарҳанги бумӣ ва мазҳаби аҷдодии мо нақши калидӣ гузошта, миллатро аз назари маънавӣ ғанӣ сохта, омили муҳим барои пешгирӣ аз гаравиш ба фарҳангу мазҳабҳои бегона ва марҳилаи нави тақвияти худшиносии миллӣ гардиданд.
Барои ҳифзи ҳувияти миллӣ ва бақои миллат, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ хеле зарур аст. Зеро ҷавоне, ки ҳувияти миллӣ дорад, манфиати миллиро дар ҳама ҳолат ҳифз мекунад ва арзишҳои миллиро болотар аз ҳама гуна арзишҳо мегузорад, пас бо андешаи миллии солиму созанда ва мафкураи қавӣ миллату давлат ва муқаддасоти онро аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва равандҳои ҷаҳонишавӣ эмин нигоҳ дошта, сипари боэътимод дар муқобили гаравишҳои ифротӣ мегардад.
Иқдоми дигаре, ки дар ин самт муҳим аст, пайваста боло бурдани огоҳӣ ва ҳушёрии сиёсии мардум мебошад. Дар чунин замони мураккаб маҳз фарди огоҳ ва худшинос метавонад аҳамияти истиқлолият ва ваҳдату суботро дуруст дарк ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.

Дилшоди ҶАМШЕД,
сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.09.2020    №: 184 - 185    Мутолиа карданд: 164
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед