logo

иҷтимоиёт

ТАРБИЯИ МИЛЛӢ ВА РИСОЛАТИ ЗИЁӢ

Равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаи муосири башарӣ собит месозанд, ки имрӯз  рушди ҳаёти маънавӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии инсониятро на шумораи  аҳолӣ ва сарватҳои моддӣ, балки ахлоқи ҳамида, тарбияи нек, рушду нумӯи илму маориф, техникаву технологияи муосир муайян мекунанд, бахусус неруи пешбарандаи ҷомеа зиёиёни соҳибмаърифату баландихтисос ва худшиносу худогоҳ ба шумор мераванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба василаи афкори маорифпарваронаи хеш дар назди мо - аҳли маорифпарвар  вазифа мегузоранд, ки бо роҳи густариш додани арзишҳои неки ҷомеаи суннатии худ раванди ташаккули ҷомеаи фарҳангӣ ва пешрафтаро тақвият бахшем ва кӯдакону наврасони кишварамонро ҳамчун инсонҳои андешаманду огоҳ ва соҳибмаърифату бофарҳанг ба камол расонем, барои худ ва наслҳои оянда зиндагии шоистаеро таъмин намоем.
Ҳадафи асосии тарбия барҳам задани хислатҳои манфии инсоният ба ҳисоб меравад. Мақсаду мароми ҳидоят ва даъватҳои Пешвои миллат дар мавриди тарбия ин тақвият бахшидан барои бартараф кардани нуқсу заифиҳои инсоният, ки аз табиати худи ӯ, аз арзишҳои ақлонӣ, зеҳнӣ ба хотири рушди ирода, маънавиёт, ҷаҳонбинӣ ва худшиносии шахсият бармеоянд, нигаронида шудаанд.
Тавре таъкид менамоянд: «Зиёиён бояд пешсафи ҷомеа бошанд, зеро тарбияи ватандӯстонаи мардум, аз ҷумла, ҷавонон ва насли наврас қисми муҳимтарини рисолати таърихии онҳо мебошад. Халқи мо хеле хуб дарк намудааст, ки истиқлолияти комил ва воқеиро танҳо бо меҳнати ҳалолу созанда, тафаккури баланди сиёсию фарҳангӣ ва ҳисси масъулият дар назди наслҳои имрӯзаю ояндаи Ватан ба даст овардан мумкин аст. Бинобар ин, рисолати зиёиён аз ҳидояти ҷавонон барои омӯзиши таърих, фарҳангу забони модарӣ, дастовардҳои илм ва технологияи пешрафтаи муосир иборат аст».
Аз ин рӯ, рӯҳияи мардум вобаста ба хавфу таҳдидҳои дорои хусусияти дохилӣ бояд дар асоси принсипҳои устувор, ки Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, амният ва эътимод ба ояндаи некро дар бар мегиранд, дастгирӣ ва таҳким ёбанд.      
Ба андешаи Президенти кишвар: «Афрӯхтани шуълаи ифтихори миллӣ, парвариши эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ ва дигар фазилатҳои неки инсонӣ аз синни кӯдакӣ дар оила ва таҳсил дар мактаб оғоз меёбад. Таъсис додани шабакаи махсуси телевизиони давлатӣ барои кӯдакону наврасон бо номи "Баҳористон" иқдоми навбатии давлат дар ҳаққи насли оянда мебошад».
Сарвари давлат истеъдодҳоро боигарии миллат медонанд. Ба андешаашон онҳо мисли ганҷ дар ҳар як гӯшаи Тоҷикистон вуҷуд доранд. Кашф ва ба арсаи илму маориф ва фарҳанг раҳнамоӣ кардани ҷавонони соҳибистеъдод ва ҳунарманд, тарбияву дастгирии онҳо як рукни муҳими фаъолияти вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва иттифоқҳои эҷодӣ дар амалӣ гардонидани Консепсияи миллии тарбия мебошад. Намояндагони машҳури миллат аз замонҳои қадим мактаби хоси эҷодии худро доштанд ва ҳамеша дар баробари равнақи эҷодиёти худ ба ёфтану тарбия кардани ҷавонони болаёқат ғамхорӣ зоҳир мекарданд. Онҳо ба ин восита ҳам суннати эҷодии худро нигоҳ медоштанд, ҳам дигар номбардорони сабку равияи хоссаи ҳунарнамоиро ба майдон меоварданд.
Тарбияи наврасон ва ҷавонон дар рӯҳияи арзишҳои суннатии башарӣ ба рисолати зиёиён вогузор карда шудааст. Зиёиён ҳамчун парчамбардорони илму маърифат ва тарзи зиндагии солим нисбат ба тақдири ояндаи наврасону ҷавонон зарур аст, ки масъулиятро бештар бишиносанд. Зеро онҳо ояндаи мо буда, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ бояд ба воя расанд.
Баргузории мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони зиёиён, гузарондани маъракаҳои сиёсиву фарҳангӣ низ идомаи амалӣ гардонидани Консепсияи миллии тарбияанд.
Доир намудани ин гуна маъракаҳо ва вохӯриҳо аз тарафи зиёиён раванди таҳкими ваҳдати миллӣ, болоравии эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, пойдории сулҳу суботро дар ниҳоди насли наврас ва ҷавонон ба вуҷуд меорад. Зеро ғояҳои ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтироми суннатҳои фарҳанги миллӣ, эҳтиром гузоштан ва ҳифз кардани анъанаҳои таърихӣ ва тамаддуни ниёгон, ҳама дар маҷмӯъ қисми таркибии Консепсияи миллии тарбия мебошанд.
Президенти кишвар масъалаи илму маорифро аз самтҳои хеле муҳими сиёсати давлатӣ донистаанд, зеро пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ба рушди маорифи миллӣ ва беҳдошти заминаи тарбияи миллӣ вобаста мебошад. Маҳз зиёиён бо рисолати бузурги хеш тарбияи миллии насли наврас ва ҷавононро баланд бардошта, онҳоро ба илмомузӣ ва худшиносиву ҷаҳоншиносӣ раҳнамоӣ карда метавонанд.
Яке аз заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ дар амалӣ гаштани Консепсияи миллии тарбия ин тавсеа бахшидани мақоми забони миллӣ мебошад. «Ба тавассути забон, - таъкид месозанд Президенти кишвар, -  ҳувияти миллӣ ҳифз мегардад, он воситаи муқтадири сарҷамъ намудани миллат, таъмини якпорчагии сарзамини кишвар дар ҳама давру замон мебошад. Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад. Ба ибораи дигар, фанои забон фанои миллат аст».
Маҳз андешаҳои воло ва осори гаронбаҳои абармардони миллати мо буд, ки фарҳанг ва забони тоҷикӣ дар тӯли таърих бо вуҷуди ҳама фишорҳои сиёсиву мафкуравии бегонагон мақом ва мартабаи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ нигоҳ доштааст.
Ҳамчунин, дар мулоқот бо зиёиён изҳор доштанд: «Ман бори дигар таъкид мекунам, ки барои чун инсони комилу бомаърифат ба воя расидани наврасон маҳз мутолиаи пайвастаи китобҳои бадеӣ, аз худ кардани донишҳои муосир, технологияҳои замонавӣ, шиносоӣ бо дастовардҳои фарҳангӣ муосидат мекунанд. Мо бояд ба он муваффақ гардем, ки насли наврас дар рӯҳияи замони муосир, дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ барои имрӯзу фардои Ватан ва миллат ба воя расад».
Масъалаи китобдориву китобхонӣ яке аз нуктаҳои меҳварии мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиён мебошад, зеро арзишҳои маънавие, ки инсоният аз ибтидои шинохти хеш ба онҳо рӯ овардааст, ҳамеша дар сурати рисола ё китобе дарҷ мешуданд. Эътиқоду эҳтироми мардуми мо ба китоб аз қаъри асрҳо ибтидо гирифта, дар марҳалаи кунунии рушди ҷомеа боз ҳам бештар эҳсос мегардад.
Дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат масъалаи тарбияи касбинтихобнамоии ҷавонон низ доимо матраҳ мегардад. Президенти кишвар мекӯшанд, ки ягон фарди ҷомеа аз ҷумла, ҷавонон бе касбу кор намонанд. Ба ин хотир, ҷиҳати пурзӯр ва самаранок гардонидани фаъолияти марказҳои касбомӯзӣ ва коллеҷу ҳунаристонҳо дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Сарвари давлат ба зиёиён бо таъкид муроҷиат менамоянд: «Зиёӣ - ин шуълаест, ки ҳамеша роҳи ҷомеаро мунаввар месозад ва мардумро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Бо назардошти он, ки дар Тоҷикистон намояндагони халқу миллатҳои дигар зиндагӣ мекунанд, тарғибу таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ низ, ки арзишҳои волои инсонӣ ба шумор мераванд, аз ҷумлаи муҳимтарин вазифаҳои зиёиёни мо мебошад. Равшанфикрон, бахусус, дар шароити ҷаҳони ноороми имрӯза набояд бетараф бошанд, баръакс бояд ҳама вақт дар сафи пеши корҳои созандагӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва инсонӣ қарор дошта бошанд. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки зиёӣ бавуҷудоранда, рушддиҳанда ва пешбарандаи афкори ҷомеа, намунаи ибрати мардум, бахусус, насли ҷавон аст. Зиёӣ - меҳвар ва ченаки баҳои ҷомеаи беруна ба ҷомеа ва кишвари мост. Зиёӣ - ченаки дараҷаи маданият ва тафаккури миллат маҳсуб мешавад. Зиёӣ - пул миёни дирӯз, имрӯз ва фардои ҷомеа мебошад. Ин аст рисолати азалӣ ва ҳамешагии афроди зиёӣ!».

Маҳмадулло РАҶАБЗОДА,
ректори Донишкадаи давлатии забонҳои
Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода,
доктори илмҳои педагогӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.09.2020    №: 184 - 185    Мутолиа карданд: 183
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед