logo

иҷтимоиёт

ТАЪРИХ. ВАҚТЕ, КИ ВАТАН ФАРЗАНДИ ФАРЗОНА ДОРАД

Дар бисту нуҳ соли Истиқлолияти давлатӣ, ки барои таърих муддати дуру дарозу тӯлонӣ нест, Тоҷикистони азизи мо ба дастовардҳои зиёду бузург ноил гардид. Оре, ба дастовардҳое, ки ҳеҷ яке аз мо онро интизор надошт ва ҳам ба тасаввурамон роҳ намеёфт.
Имрӯз дар гӯшаву канори гуногуни Ватани маҳбубамон, омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли равон баргузор мешавад, ҷараён дорад.
Чи тавре ки ба ҳамагон маълум аст, давлати азизи мо демократӣ, ҳуқуқӣ, ягона ва дунявӣ мебошад.
Дар зарфи солҳои начандон тӯлонии соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон рушду нумӯи тоза ёфта, дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи хосса пайдо кард. Барои расидан ба ин рӯзи саид, рӯзи истиқлол марҳилаи басо муҳиму ҳассосе бо сарварии Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси сар шуд.
Замоне Тоҷикистон дар алангаи оташ гирифтор буд. Вале дар фосилаи ниҳоят кӯтоҳ, сулҳи деринтизори мо омад. Фирориён ба Ватан баргаштанду хоки онро сурмаи чашмон карданд. Тамоми миллати тоҷик бо чашмони худ диданду шуниданд, ки ҳеҷ як гулу гулзори ҷаҳон ба хори рӯи замини Ватани азизамон Тоҷикистон намеарзад. Зеро ки ин ҷо кулбаи муқаддаси ҳар як модари тоҷик, зани тоҷик қад афрохтааст, ки фарзанди худро интизор мебошад, роҳи онро мепояд. Аз ҳама муҳимаш ин мебошад, ки миллати тоҷик ҳам дар марзи Тоҷикистон ва ҳам берун аз он итминони комил пайдо карданд, ки дар Ватани худ ғамхоре доранд, ки барояшон сина сипар мекунад.
Вақте ки забони тоҷикӣ аз минбарҳои баланди ҷаҳон бо тамоми ҳастиаш садо дода, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи озодии ҷовид партавфишон гашт, миллати озоди тоҷик аз сидқи дил боварӣ ҳосил кард, ки ин ҳама ба муборизаву ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст.
Ҳамагӣ чил сол дошт. Шаҳрвандони хоҳони сулҳу истиқлолу пешрафти кишвар дар ҳаққаш дуои нек мекарданду барои иҷрои мақсадҳои бузургаш аз Худованд ёрӣ мехостанд.
Вақт чун довари якрӯй ин ҳақиқатро, ки он дигар ба исбот ниёз надорад, бозгӯ намуд, ки ӯ ояндаи дурахшони миллатро дар он зулмот дида будааст. Бешак, он чиро, ки мо имрӯз шоҳидему мебинему бо он ифтихор мекунем.
Магар боиси ифтихор ва сипосгузорӣ нест, ки Пешвои ҳақиқии мо давлатдории миллии тоҷиконро аз хатари нестӣ наҷот дод?
Магар боиси ифтихор ва сипосгузорӣ   нест, ки арзишҳои миллиро эҳё намуд ва барои шинохти бештару дӯстдории онҳо тамоми тадбирҳои заруриро андешиду амалӣ намуд?
Барқарор кардани сулҳ. Дар ин рӯз мардум як нафари ҷоннисору дилсӯзи хешу миллатро дар симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диданд ва ӯро ба ҷону дил дӯст доштанд. Ин дӯстдорӣ, ин муҳаббат рӯз ба рӯз афзуд.
Диданд, шоҳид гардиданд, ки ба ваъдаву савганд пойдор монд ва онҳоро иҷро кард.
Диданду шоҳид гардиданд, ки дили софу беғаш дорад ва ҳамаро бахшида метавонад.
Диданду шоҳид гардиданд, ки кишварро дар андак муддат зебову шукуфо гардонд.
Барои бедории миллат, пойдории забони давлатӣ, рушди маорифу фарҳанги миллат корҳоеро ба анҷом расонд, ки пештар аз ин ҳеҷ собиқа надошт. Аз ин рӯ, маҳбуби тамоми тоҷикистониён ва тоҷикони бурунмарзӣ гардид. Пешвоии ӯро бо ҷону дил пазируфтанд.
Сарвари давлат ҳамасола зимни Паёмҳои пурмуҳтавояш дурнамои мамлакатро муайян мекунанд. Он барои ҳар кадоми мо, албатта, чун дастуру раҳнамо мебошад.
Бо сарварии ин Пешвои миллат мо роҳи ормонҳои миллиро тай намуда истодаем ва Тоҷикистони мо ба пеш, ба қуллаҳои муроди миллати тоҷик расида истодааст.
Бояд қайд намуд, ки дар ин давраҳои ҳассос Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки даҳсолаҳо ҳалли худро наёфта буд, баромад.
Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ мушарраф гардид. Кулбаҳои як замон торик барои ҳамеша чароғон шуданд, кохи нур – НБО «Роғун» бунёд гардида истодааст, ки рӯшании Тоҷикистонро то уқёнуси Ҳинд хоҳад бурд.
Барои таъмини амнияти озуқаворӣ ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода гардида, аз баракати дасти деҳқон нон дар рӯи хон фаровон гашт.
Саноатикунонии босуръат пеш гирифта шуд, ки асоси баланд бардоштани Истиқлолияти кишвар мебошад. Дар ҷумҳурӣ ҳазорҳо корхонаҳои хурду миёна ба кор даромада, ҷойҳои кории нав муҳайё гардида истодааст.
Бояд қайд намуд, ки ҳоло кишвари мо дар байни дигар давлатҳо ҳамчун кишвари амн эътироф шудааст. Ҳар як модари миллати тоҷик, зани тоҷик аз он фахр мекунад, ки фарзанди ӯ дар ин кишвари ободу зебо бо сулҳу оромӣ қадам зада, ба воя мерасад ва осудаю оромона дар замини биҳиштосои Тоҷикистони азизамон кору зиндагӣ мекунад.
Мо вакилони маҳаллӣ хуб дар ёд дорем, ки бо асари паҳншавии коронавируси ҷаҳонӣ мардум дар тарсу таҳлука афтода буданд. Бо истифода аз ин нархҳои маводи зарурии рӯзгорро ба таври сунъӣ баланд бардоштанд. Ин ҳама хавфу хатари бештар эҷод мекард, агар Пешвои миллати мо бо баромади махсус ва тадбирандешиҳои хирадмандонаи худ садди онҳо намегардиданд.
Бо муроҷиати дилсӯзонаву баёни ошкорову фаҳмо мардумро бовар кунонда тавонист, ки Сарвари давлат дар паҳлуи онҳо қарор дорад ва барои ҳар шаҳрванд бо тамоми масъулият ғамхорӣ зоҳир мекунад. Ин нуқта бисёр муассир ва таъсиркунанда буд, ки гуфтанд:
- Дар он рӯзгори вазнину фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ нагузоштем, ки шумо гурусна бимонед, наход дар замони осоишта шуморо гуруснагӣ таҳдид бикунад.
Барҳақ, Президенти мо Президенти мардумӣ мебошад ва барои мардумаш, беҳбудии рӯзгори онҳо, пешрафту тараққиёти кишвар, рушди фарҳангу маориф ҳама саъю кӯшишро ба харҷ медиҳад.
Аз ин баракати сулҳу оромӣ шаҳрвандони мамлакат метавонанд, ки президенти ояндаи кишвари худро озодона ва мустақилона бо боварии комил интихоб кунанд.
Ҳар як шахси солимақл бояд ба ҷонибдорӣ аз номзади арзандаи худ раъй диҳад.
Мақсади мо ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардуми баору номусамон мебошад.

Зебонисо СУЛТОНЗОДА,
директори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.09.2020    №: 184 - 185    Мутолиа карданд: 170
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед