logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ АЗ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МО САРЧАШМА МЕГИРАД

Истиқлолияти давлатӣ аз ҷумлаи рӯйдодҳои муқаддасу тақдирсоз ба шумор меравад ва барои халқу миллатҳо ҳамчун марҳилаи сифатан нави давлатдорӣ ва инкишофи он, шакли бесобиқаи худмуайянкунӣ ва ташкили давлат дар ҳудуди муайян арзёбӣ мегардад.  Фақат аз нуқтаи назари рӯҳӣ, моддӣ ва маънавӣ чун мол, арзиш ва ҳаққи ҳалоли  миллат дарк кардани истиқлолият, моҳияти сиёсию фалсафӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар назди он имконият  медиҳад, ки ба пойдориву безаволии он заминаи устувор ва мустаҳкам гузошта шавад.
Ба андешаи Е. А. Авдеев масъала оид ба ояндаи давлатҳои миллӣ, миллат ва этносҳо дар замони муосир кушода боқӣ мемонад. Дар дискурси муосири  иҷтимоӣ - фалсафӣ  андешаи  ягона оид  ба моҳият, шакл ва самтҳои эволютсияи глобализатсия, миллат ва давлати миллӣ вуҷуд надорад. Ҳамчунин, мавқеи ягона нисбат ба ояндаи давлатҳои миллӣ дар шароити глобализатсия мавҷуд нест.
Муаллиф онро дар назар дорад, ки дар замони муосир якчанд назарияҳо оид ба глобализатсия ва кризиси давлатҳои  миллӣ мавҷуданд, ки назари онҳо ба рушд ва таҳкими минбаъдаи давлатҳои миллӣ дар оянда нек арзёбӣ намегарданд. Аз ҷумла «шаҳрвандии глобалӣ», «давлати космополитикӣ», «ҷамъияти пасомиллӣ»  аз  зумраи чунин назарияҳо мебошанд, ки намояндагони онҳо Ю. Хабермас, Э. Гидденс, У. Бек «гузариш аз айнияти (индентичность) миллӣ ба айнияти нисбатан баланди глобалиро» пешниҳод менамоянд, ки натиҷаи чунин гузаришҳо аз даст додани давлати миллӣ, айнияти миллӣ, фарҳанги миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ мебошад. 
Ҳамчунин, мо шоҳиди онем, ки баъзе аз давлатҳои абарқудрат ба корҳои дохилӣ ва берунии дигар давлатҳо рӯирост ва беибо дахолат карда, гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистиро мусаллаҳ  ва дастгирӣ менамоянд, инчунин, бо роҳи «инқилобҳои ранга» давлатҳоро ба ҳолати нобудшавӣ оварда, низоми сиёсию идоракунии онҳоро нест ва онҳоро аз  тарзи ҳаёти ба худ хос ва айнияти миллии худ дур мекунанд. Ҷанг дар Ироқ, Сурия, Либия, ҳодисаҳои ҷумҳуриҳои Украина ва Беларус аз ҳамин қабил мебошанд.
Ҷангҳои дар Шарқи Наздик ва дар аксар давлатҳои Африқо бо дахолати давлатҳои абарқудрат бавуқӯъпайваста, на танҳо ба кишварҳои  ҷангзада, балки ба давлатҳои аз онҳо дур низ бетаъсир намемонанд.
Ба андешаи даҳҳо коршиносони масоили гуногун, ба Аврупо овардани миллионҳо гурезаҳо низ ба айнияти Аврупо дар 50 – 60 соли оянда таъсири манфии худро мерасонад. Айнияти аврупоӣ аз даст рафта, айнияти осиёӣ ва африқоӣ рушд мекунад. Дар заминаи демография, яъне зиёд таваллуд кардани мардуми Осиё ва Африқо ва кам таваллуд кардани аврупоиҳои муқимӣ, айнияти аврупоӣ оҳиста - оҳиста ҷойи худро бо дигар фарҳангҳо иваз мекунад. Раванди мунтазами муҳоҷират ба Аврупо низ бе таъсири манфӣ нахоҳад монд.
Давлати миллӣ – ин навъи конститутсионӣ-ҳуқуқии давлат мебошад, ки он шакли худмуайянкунанда ва ташкили ин ё он миллат дар ҳудуди муайяни мустақил ба шумор рафта, ифодакунандаи иродаи ин миллат мебошад. Аз ин рӯ, истиқлолияти давлатиро бе давлати миллӣ ва миллат ва давлати миллиро бе миллат ва истиқлолияти давлатӣ тасаввур кардан мумкин нест.
Истиқлолияти давлатӣ ба халқи тоҷик дар аввалҳои солҳои 90-уми асри ХХ муяссар гардид, ки бо ҳамин орзуву омоли чандҳазорсолаи фарзандони ин миллат ҷомаи амал пӯшид. Аммо дар баробари рӯҳбаландию қаноатмандӣ,  сарфарозӣ ва ифтихор аз миллати тамаддунофар будан, арҷ гузоштан ба таърихи гузаштаи худ, мо бояд ба ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ, унсурҳои сиёсию миллӣ, этникию фарҳангӣ ва арзишии он аҳамияти зарурӣ диҳем. Истиқлолияти миллӣ бояд идеологияи давлатдорӣ ва давлатсозӣ, рушду эътибори инкишофи шахсият, айнияти миллӣ ва сари баланду рӯйи сурхи мо- тоҷикон бошад.
Боиси сарфарозист, ки устувор гардондани Истиқлолияти давлатӣ, побарҷо мондан ва таҳкими заминаҳои асосии он аз ҷониби роҳ-барияти сиёсии мамлакат ва халқи Тоҷикистон дуруст дарк карда шуда, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 29 - соли Истиқлолияти давлатӣ ба ҳамин самт, яъне мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ ва маънавӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию ҳуқуқии он равона гардид.
Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифз, нигаҳдорӣ, таҳким ва боз ҳам афзун гардондани соҳибихтиёрии давлат, бояд маҳаки барномаҳои сиёсии ҳама гуна ҳизбҳои сиёсии мамлакатро ташкил диҳад.
Мақсади асосии ҷанги шаҳрвандӣ низ дар мамлакати мо, пеш аз ҳама, аз роҳи рушду инкишофи миллӣ баровардани давлат ва миллати тоҷик буда, вазифаи асосӣ ва ниҳоии  ин ҷанги таҳмилӣ нест кардани айнияти миллӣ, хислат ва хусусиятҳои этникӣ, ба сари халқи мо бор кардани тарзи зиндагии барояш бегонаи ба хурофот ва мазҳаби  дигари динӣ асосёфта, бо ҳамин аз байн бурдани Истиқлолияти давлатии мо ва зери идоракунии дастии яке аз давлатҳои исломӣ зистани мо ба шумор меравад. Хурсандиовар он аст, ки  тири душманони миллати мо хок хӯрд.
Агар ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ифтихормандӣ аз мансубият ба этноси созандаю бунёдкор ва соҳибтамаддун, инчунин, масъулияти инсонию шаҳрвандии фарзандони барӯманди халқи мо нисбат ба ҳифз ва афзун гардондани дастовардҳои гузаштагонашон намебуд, минбаъд ба давлатдорию девонсолорӣ, фарҳанги ҷаҳоншумул ва истиқлолияти миллӣ намерасидем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба муносибати 19-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таъкид доштанд: «Мову шумо бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарастии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони ватанпарвар навишта шуданд».
Бинобар ин, истиқлолияти давлатии мо бояд ҳамчун дастоварди бузург ва беназир, натиҷаи озодихоҳиву ватанпарастӣ, сарсупурдагӣ, муборизаву ҷонфидоии фарзандони барӯманди миллат, худшиносу худогоҳ будани гузаштагони мо, нақши бузургони миллати мо дар ғанӣ ва рангоранг гардондани тамаддуни ҷаҳонӣ, фарҳанги давлатдорӣ, таҳаммулпазирӣ ва дорои хусусияти инсондӯстиву одампарварӣ, мавриди фаҳмиш, таҳқиқ ва таҳлил қарор дода шавад.
Чунин муносибат ба дарки фаҳмиши Истиқлолияти давлатӣ аз он бармеояд, ки таърихи тоҷикон шурӯъ аз давраи зуҳури ин халқ ва ташаккули он ба сифати нажоди ориёӣ аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ саршор буда, як қисмати ноҳамвори таърихи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Пешвои миллат моҳият ва ҷавҳари аслии Истиқлолияти давлатиро амиқ дарк намуда, онро танҳо дар худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти  миллии халқи тоҷик дарёфт. Дар давраи басо ҳассоси таърихи навини миллатамон «Ман ба шумо сулҳ меорам» ва «То он вақте ки як ҳамватани мо берун аз кишвар аст, ман худро ором ҳисобида наметавонам», намунаи олии шуҷоат, далерӣ ва мардонагӣ, ифтихор аз гузаштаи ноҳамвори таърихи миллат ва фарзандони барӯманди он ба шумор  меравад, ки аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии ӯ дарак медиҳад. Амалҳои ҷавонмардонаашон ҳосили нек ба бор овардаанд, ки мо аз самараи онҳо бархӯрдор мебошем.
Пас, мо бояд аз фарзандони фарзонаи ин миллат сабақ гирем, худшиносу худогоҳ бошем, ҳувияти миллӣ дошта бошем. Арзишҳои миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва тоҷик  будан барои мо бояд мояи ифтихор гардад.
Танҳо дар ҳамин ҳолат давлати мо метавонад умри абад дошта бошад ва мо дар он осуда  зиндагӣ ва ҳаёт ба сар бурда метавонем.

К. М. КАРИМЗОДА, муовини раиси
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои сиёсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.09.2020    №: 184 - 185    Мутолиа карданд: 174
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед