logo

Хабарҳо

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

Дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ № 39 оид ба  маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба он қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 августи соли 2020, ба тавсиб расидааст, омодагиҳо дар сатҳи баланд ва рӯҳияи ватандӯстиву дарки худшиносӣ, эҳтирому ифтихор аз арзишҳои муқаддаси миллӣ ва соҳибистиқлолии кишвар идома доранд.
Ҷараёни омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсиро мо зимни сафари хизматӣ ба ноҳия мушоҳида кардем. Ҳавзаи интихоботии №39 дар қасри фарҳанги шаҳраки Меҳрон воқеъ гардида, аз 35 участка иборат аст. Абдуманнон Идиев, раиси ҳавза, дар суҳбат бо мо изҳор дошт, ки теъдоди раъйдиҳандагон 14987 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 429 нафар бори аввал овоз медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки ба манзури фаҳмондани вижагиҳои интихобот ва аҳамияти ишироки фаъолонаи мардум дар он намояндагони  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ ба назди мардуми ин ноҳияи кӯҳистони мамлакат рафта, семинари машваратӣ доир намуданд. Зимнан, аз тарафи КМИР маводи зарурии вобаста ба интихобот ба ҳамаи участкаҳои интихоботӣ дастрас шудааст. Инчунин, баҳри ҷалби бештари интихобкунандагон ба ин маъракаи сиёсӣ дар маркази ноҳия, участкаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ шиору овезаҳо насб шудаанд.
Тавре Сафарбек Домуллоев, раиси участкаи интихоботии №1, деҳаи Оббурдон гуфт, ҷиҳати амалӣ гардондани қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ  ва пешгирӣ аз  интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ҳифзи солимӣ, таъмини  бехатарии аҳолӣ ва дар  сатҳи баланди сиёсӣ - маърифатӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
- Итминони комил дорам, ки маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва озоду шаффоф баргузор мегардад ва сокинони ноҳия ба арзандатарин номзад овоз хоҳанд дод,- иброз дошт С. Домуллоев.

Мунаввари САФАР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1199
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед