logo

иҷтимоиёт

«ХИЁНАТ» МОРО ҲУШДОР МЕДИҲАД...

Бардошт аз филми мустанади "Хиёнат"
Ҷангҳои зиёдеро дар наворҳо дида будем. Ҷангҳои шадид, ҷангҳои бераҳмона буданд. Хисороти зиёдеро дар пай доштанд. Мардумон қурбон мешуданд. Гуруснагӣ таҳдид мекард. Аммо ҷангеро, ки худ шоҳид гардидему бо чашм дидем, фикр мекунам, аз он чӣ дар наворҳо омада, шадидтару бераҳмонатар буд. Ин ҷанг ҷанги шаҳрвандӣ буд. Ихтилофҳоро тавлид карданду густариш доданд ва бародарон, бародарони хунӣ дар ду сангари муқобил қарор гирифтанд. Бадтар аз ин ҳама он буд, ки миёни бародарон душманӣ ва нифоқ набуду тарҳи ин ҷангро дар берун кашиданду мекашиданд ва ба номи сулҳу озодӣ, исломи ноб онҳоро гурӯҳе ба доми фиребу найранг меандохтанд. Дар амалӣ сохтани ин тарҳ маблағҳои зиёдро харҷ мекарданд.

Аз дилсофӣ, поктинатии мардуми мо бегонагон ва ҳам зархаридон хуб истифода намуданд. Бархе пиндоштанд, ки аз рӯи меҳрубонӣ, аз рӯи диёнат ба мо дасти ёриву мадад дароз намудаанду ояндаи дурахшонтаре насибамон гардидаасту мегардад.
Маҷрои истиқлолхоҳиро маҳв сохтанд ва ба ҷойи он сели бузургу даҳшатнокеро оварданд.
Гирдиҳамоиҳо ташкил карда шуд. Пиндоштем, ки он чанд соате идома меёбад. Мардум арзи худро ба гӯши роҳбарони вақт мерасонанду мераванд. Не, чунин нашуд. Шумораашон афзуд. Хаймаҳо заданд ва дегу табақ оварданд. Аз шиорҳои ин майдон буд:
Золимин, золимин, марг ба найрангатон,
Хуни ҷавонони мо мечакад аз чангатон.
Баъдҳо маълум шуд, ки ин шиор низ таҳмилӣ будааст. Ба ҷойи «золимин» пештар онҳо вожаи «Амрико» - ро истифода мекарданд.
Тааҷҷуббарангез буд. Мисли ин, ки ҳама дар сеҳр қарор доштанд ва аз ин гирифторӣ раҳо шуда наметавонанд. Чаро наандешидем, ки «золимин», яъне золимҳо кистанд? Ва чӣ зулмеро ба ин мардум намудаанд? Ва чаро бояд Ҳукумат ва сарвари вақт ба истеъфо бираванд?
Аз мардуми одӣ наметавон гила кард. Аммо аз зиёӣ ин амалҳо бахшиданӣ набуду нест.Зиёӣ бояд нур бибахшад, роҳи дурустро бишиносад ва мардумро ба сӯи ояндаи дурахшон ҳидоят бикунад.
Аҷаб, як гурӯҳ не, балки як минтақа барояшон кофир буданд ва инро эълон ҳам намуданд. Ин амали нангини ғаразнок дигар аз эътидол гузашта буд. Бо кадом далел ва тибқи кадом ояту ҳадис бародари мусулмонро, ки Худоро мешиносад ва бар ягонагияш гувоҳӣ медиҳад, кофир мехонанд? Аз ин бармеомад, ки мақсадҳои нопоку ғаразҳои сиёсиву манфиати иқтисодиву молиро аз дин низ болотар мегузоштаанд.Таъкид мешуд, ки шумо тирҳоятонро биандозед, фариштагон онро ба синаҳои душманони шумо – кофирон бурда мезананд. Чӣ нияти бад ва ҳамоқате бузург. Фариштагонро ҳам дар гуноҳҳои ақидавиву амалии худ гӯё шарик намуданд.
Ҳар кӣ ҳақиқатро дар он рӯзгори даҳшатбор  бо дилсӯзӣ ва роҳнамоӣ агар мегуфт, кушта мешуд. Беҳтарин омӯзгору мутахассиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нуралӣ Гадоевро куштанд ва ҳатто ҷисми беҷонашро ба пайвандонаш надоданд. То ба ҳанӯз макони дафни ӯро намедонанд.
Нурулло Ҳувайдуллоев, Прокурори генералии ҷумҳурӣ, чун амали онҳоро ғайриқонунӣ ва ҷиноят эълон кард, дар рӯзи равшан, дар назди мардум ӯро куштанд.
Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Сайфиддин Санговро  низ, ки барои гуфтушунид бо онҳо ба пойтахти кишвар омада буд, ба ҳалокат расонданд.
Ин ҳама магар дар замони осоишта даҳшатафканӣ набуд? Ва даҳшатафканӣ хоси гурӯҳҳову ташкилотҳои террористӣ маҳсуб намешавад?
Агар ҳам ин далелҳо каманд, ба хотир биёрем ҳуҷуми гурӯҳи мазкурро, ки  6 – уми май соли 1992 сурат гирифт. Издиҳоми майдон ба сӯи Кумитаи амнияти миллӣ раҳсипор шуд. Мехостанд, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳимтаринро оташ бизананду нобуд бисозанд. Инчунин, соҳиби силоҳ бигарданд.
Ҳанӯз кофӣ нест? Маҳмадшариф Ҳимматзода, собиқ раиси ҳизби наҳзати исломӣ,  зимни мусоҳибааш барои рӯзномаи «Ҷумҳурият» рӯйирост изҳор дошта буд, ки 27 ҳазор ҷангиёни силоҳдори наҳзатиро омода сохтаанд.
Ба гурӯҳе, ки на силоҳ доштанд ва на омодагӣ ба ҷанг «ҷиҳод» эълон карданд. Боре андешиданд, ки ҷиҳод дар чӣ вақте ва ба муқобили кӣ эълон мешавад?
Бархе аз мусулмонон, "муҷоҳидон", чун дар водии Вахш ба ҳангоми ҷанги бародаркуш дарёфтанд, ки фирефта шудаанду дар асл он ҷиҳод нест, аз майдони набард рӯ тофтанд. Рӯйрост изҳор доштанд, ки ин ҷанги бародаркушӣ, мусулмонкушӣ ва дар пушти он ғаразҳои баду сиёсӣ мебошад. Изҳор доштанд ва баъд онҳоро барои баёни ин ҳақиқат куштанд.
Гаравгирӣ даҳшати дигар буд. Миллат ин даҳшатро то он замон намедонисту ёд надошт. Миллати мутамаддинро бо ин зуҳуроти  номатлуб дар ҷаҳон бад муаррифӣ карданд. Маълум гашт, ки ватанхоҳиву дӯстдории миллат – ҳама забонӣ будастанд.
Вазъи сиёсӣ тибқи навиштаҳо бениҳоят «муташанниҷ» буд. Аз номи шахсиятҳои маъруф ҳам, ки тарафдоронашон набуданд, матлабҳо менавиштанду ба нашр мерасонданд. Баъзе аз рӯзномаҳои шахсӣ бозорашонро ба ин васила гарм нигоҳ медоштанд. Чӣ парвои сӯхтани гӯр доштанд, муҳим бояд дег меҷӯшид?
Умеди то ба рӯзи дигар зинда мондан аз даст рафта буд. Ин гумон ғолиб меомад, ки дар рӯйхати сиёҳи онҳоӣ ва нимашаб даратро мезананду мебарандат.
Яке аз сокинони пойтахт дар он рӯзҳо изҳор дошта буд: «Дар андак муддат чор бор хонаамро иваз кардам. Ба ҳар бори иваз кардан зуд дармеёфтанд, ки аз куҷоям».
Даҳшати бенонӣ бар ин даҳшатҳо меафзуд. Аз мағозаву бозорҳо пайдо кардани он осон набуд. Аз шаб барои гирифтани навбат сокинони пойтахт ба заводи нон мерафтанд. Тартиботро бо силоҳи оташафшон ҷорӣ мекарданд. Дар ин ҳол чандин нафар кушта шуданд. Бархе ҳам оқибат бо дасти холӣ ноумедона ба хонаҳо бармегаштанд. Кӯдакони маъсум аммо ин вазъро дарк карда метавонистанд? Нон мехостанд, то гушнагияшонро рафъ бикунанд.
Вазъи сиёсии пойтахти кишвар ва ноҳияҳои атрофи он пас аз 24 октябри соли 1992 мураккабтар гардид. Баромадан ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бисёр хавфнок буд. Дар чанд ҷойи шаҳр штабҳои пурсишу истинтоқи гунаҳгорони бегуноҳро таъсис доданд. Ба даҳшатафканӣ миёни ҳам сабқат меҷустанд. Фирор кардан ҳам аз пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе мураккаб шуд. Чӣ гуна фирор мекунӣ? Ба кадом роҳ ва воситаи нақлиёт? Аз посгоҳҳо гузаштан осон набуд.
Шиносномаамро дар миёни варақҳову китобҳои хонаи иҷораам пинҳон кардам. Бо роҳи пинҳонии  аэропорт як дӯстам маро ба тайёрае, ки ба Кӯлоб парвоз мекард, савор намуд. Дар дохили тайёра дидам, ки мисли ман чандин нафари дигар ҷойи нишаст надоштанд ва рост меистоданд. Хавф ва тарс рафъ нагардида буд. Мепиндоштем, ки ҳамин лаҳза ё лаҳзаи дигар силоҳдорон моро – ҳамаи мусофиронро мефароранд ва тайёраро иҷозат намедиҳанд, ки парвоз бикунад. Ин 4 - уми ноябри соли 1992 буд. Фардои он рӯз, аз рӯи гуфтаи шоҳидон, танҳо як тайёра ба сӯи Кӯлоб парвоз карду халос. Сарнишинони он аз силоҳбадастон пешдастӣ карданду дар хати парвоз шуданд. Тирҳо ба он нарасид.
Дар минтақаи Кӯлоб гуруснагӣ ҳукм меронд. Мардум аммо ба фаро расидани рӯзи нек ва гузаштани замони гушнагӣ умед ва бовар доштанд. Ба ҳамдигар дасти мадад дароз мекарданд. Гурезаҳои иҷбории водии Вахшро дар хонаҳо ҷой медоданд ва як тикка нонро бо ҳам медиданд.
Ман агарчи дар хонаи падарӣ будам, аммо эҳсос менамудам, ки дар шахсиятам як нонхӯр афзудааст. Ин андешаву азоби даруниямро як дӯсти ӯзбекам дарёфт ва гуфт: «Ман дар хона ду халта гандум дорам, фардо яктои онро ба деҳа, ба хонаатон мебарам. Худо подшоҳ аст, бандаашро берӯзӣ намекунад, берӯзӣ, ки кард, ҷонашро мегирад».
Халтаи гандумро овард. Аз хиҷолат на танҳо раҳо ёфтам, балки ҳис кардам, ки дар хонаамон тӯй ҳаст.
Мардум дарёфтанд, ки даҳшати ҷанг аз бенонӣ ва гуруснагӣ бадтар будааст. Агар амнияту хотири ҷамъ, умед ба рӯзу рӯзгори нек набошад, як нола нони буда ҳам аз гулу намегузарад. Мегуфтанд: «Розием, гурусна бошем, бо он ба ҳар навъ месозем, аммо сулҳ бошад». Кишвар, охир, месӯхт ва дуди сиёҳу ғализаш ҳама ҷоро фаро мегирифт. Ҳеҷ кас, ҳеҷ минтақа дар амон набуд.
Магар осон буд таҳаммул кардани марги фарзандон, ҷавонон?
Магар осон буд таҳаммул кардани дурии наздикону пайвандон?
Таҳаммул куҷо? Сӯхтанро касе мефаҳмаду эҳсос мекунад, ки дар бутташ оташ афтодааст.
Ҳатто дар нолаҳои сӯхтагон кас об мешуд. Шумораи марсиянависону марсияҳо ва марсияхонону марсияшунавон ба ҳар рӯз меафзуд.
Аз Худои ягонаву бениёз хостанд, ки ба василаи нафаре, роҳбари шоистае, сарвари дилсӯзе ин оташро хомӯш бикунад. Ва дуо мустаҷоб шуд. Ва ин рӯзи таърихӣ ва шахсияти бузурги таърих расид. 
Ба хотир биёрем, ҳеҷ кас дар замони фоҷиабор зимоми давлатдориро ба даст гирифтан нахост. Ҳатто аз сарварии вазорату идораҳову ташкилотҳо рӯ гардонданд. Ҳар кас дар фикри ҷони худу аҳли байти худ буд. Ҳеҷ кас барои миллат, пойдории давлат, наҷоти мардум ҷоннисорӣ кардан намехост ва ҳам бовар надоштанд, ки онро аз хавфи нестшавӣ раҳоӣ бахшида метавонанд.
Ин масъулиятро бо ҷасорати том ва боварии комил вакили мардумӣ аз ҳавзаи № 171 танҳо Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш гирифт. Мегуфтанд, бо ҳисси дилсӯзӣ мегуфтанд: «Магар ба ҷони ҷавони худ раҳм надорад?» Мегуфтанд ва дар баробари он аз Худованд барояш пирӯзӣ дар кору рӯзгору сарварияш мехостанд.
Ӯ медонист, ки чӣ масъулияти вазнину мушкилро ба дӯш гирифтааст ва дар ин хусус ҳам гуфт.
Замон собит сохт, ки дар он рӯзгор Худованд Пешвои асили миллатро, Сарвари шоистаи давлатро ба мо арзонӣ дошт.
Таърих гувоҳ аст, ки мо дар ҳама давру замон як миллати дилсӯз, дилсоф будему ҳастем. Аз ин рӯ, Пешвои миллат ба таъкид иброз медорад, ки ҷаҳон дигар шудааст ва бояд мо зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Филми мустанади «Хиёнат» ба тақвияти ҳамин гуфтаҳо ва ҳушдор доданҳо ба навор гирифта шудааст.
Албатта, бо имзои Созишномаи сулҳ ва истиқрори ризоияти миллӣ ҳама бахшида шуданд ва гузаштаро барои таънаи ҳамдигар набояд ба хотир биёрем.
Мақсади «Хиёнат» он аст, ки мо аз гузашта дарси ибрат бигирем, дӯстро аз душман, махсусан дар ин рӯзгори пуртаззоду қудратталабиҳо, бишиносем.
«Хиёнат» моро огоҳ мекунад, агар боз Худо накарда хато бикунем, ҷуброни он номумкин аст.
«Хиёнат» моро таъкид мекунад, ки хиёнатҳоро агар дар пушти ҳазор парда асту ба ҳазор ранг меоянд, бишиносем ва хиёнаткоронро низ. Дидани «Хиёнат» ва аз он хулосаи дуруст баровардан, ки бояд ба манфиати миллат бошад, зарур мебошад.
«Хиёнат» ба мо қаҳрамони асили миллат, Пешвои муаззам, наҷотбахши Тоҷикистони азизу мардуми онро як бори дигар бо ҳама ҷоннисориҳо, мушкилнописандию заҳматҳои шабонарӯзияш шинос мекунад.
«Хиёнат» дарси ибратбахши таърихие аст барои насли наврас ва ояндагон, дӯстдорони миллат. Бояд, охир, бидонанд, ки пойдор намудани Истиқлолияти давлатӣ, балки эҳёи он ва ин сулҳу дастовардҳои бузург ба осонӣ ба даст наомадааст ва моро зарур мебошад, ки онҳоро азиз бидорему чун гавҳараки чашм ҳифз бинамоем.

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2020    №: 186 - 187    Мутолиа карданд: 1137
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед