logo

иҷтимоиёт

«ХИЁНАТ». ОЗОДӢ, САОДАТИ БУЗУРГТАРИНЕ, КИ ХОИНОН АЗ МО РАБУДАНИАНД

Муаллифи асари машҳури «Гузориш аз ҳалқаи дор ба гардан» (ё «Гузориш аз панҷаи марг») Юлиус Фучик зиндагии худро сарфи мубориза бо фашизм кард ва дар ин роҳ ҷон дод. Вақте ватанашро фашистон ғасб намуданд, дар Праҳа бар зидди ғосибон бо имзоҳои мустаор матлабҳо менавишт. Асари машҳури худро ҳам дар зиндон дар панҷаи марг навиштааст. 8 сентябри соли 1943 фашистон дар  зиндони Берлин сарашро буриданд. Ва рӯзи марги ӯро журналистони ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳамдилии журналистон ном ниҳоданд. Бале, ҳамкасбони ҳақиқатҷӯ ифтихори моанду манзалати касби моро боло мебаранд.
Аммо, сад афсӯс, дар байни ҳамкасбони мо онҳое низ ҳастанд, ки барои  чанд пули ҳаром Ватани худро мефурӯшанд, ба хоҷагони хориҷӣ бандавор хизмат мекунанд, халқу Ватани худро бошад, санг мезананд.
Аслан дигар набояд ин гуна рафторҳои хоинонаи онҳо ҷои тааҷҷуб бошад, зеро кайҳо боз парда аз рӯй бардоштаанду имону виҷдон ва Ватану модари худро даюсона ба савдо гузошта, симои аслиашонро намоиш додан доранд. Ба гуфтаи муаллифи асари машҳури «Доғистони ман» - адиби доғистонӣ Расул Ҳамзатов, касе, ки деҳаи худро, яъне хонадон, падару модар, хоҳару бародар, хешу табору ҳамсояҳои худро дӯст намедорад, чӣ гуна Ватани худро дӯст дошта метавонад?! Чӣ ватандор аст касе, ки насиҳати падари худро нашунид, ӯро дар байни мардум сархаму кӯтоҳзабон кард, бо бародарону ҳамкорону ҳамкасбон ҷангу ҷанҷол намуд, ба сари мардуму Ватани худ - хонаи умеду зоду марги гузаштагону имрӯзиёну ояндагони худ беинсофона борони сиёҳи туҳмат рехт?
Чӣ ноҷавонмардие, чӣ амали пасте, ки дигарон аз ҳамкасби ӯ будан хиҷолат мекашанд!
Ҳоло Тоҷикистон дар рӯёрӯи 30 соли истиқлолияти худ қарор дорад. Ин сӣ солро шартан ба се даҳсола, ба се давра тақсим кардан мумкин аст: 1) ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ (бо арзиши гарон ҳам бошад), барқарор кардани муносибатҳои байналмилалӣ; 2) барқарорсозии баъдиҷангии мамлакат, устувор намудани пояҳои давлатдорӣ, талошҳо барои беҳтар кардани шароити зиндагии мардум ва тарҳрезии нақшаҳои бузурги рушди иқтисодию иҷтимоӣ; 3) рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, суботу шукуфоии бесобиқаи мамлакат, дигаргун шудани сатҳи зиндагии мардум. Дареғ, ки душманони миллат, балки хоинони миллат, рушду суботи мо, хушии зиндагии моро дидан намехоҳанд, бахилӣ мекунанд, ки Тоҷикистон рушд мекунад, ғам мехӯранд, ки чаро ба коронавирус камтар кас мубтало шуду камтар (дар муқоиса бо кишварҳои дигар) одам мурд, ҳатто вақте Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дурустии иттилои Тоҷикистонро дар ин бора тасдиқ кард. Чӣ ҳақ гуфтаанд, ки бадтарини мардум бахил аст. Бо саъю талошу таҳаммул дили ҳар душманро ёфтан имкон дорад, ба ҷуз бахил, ки дар банди дарди ҳасад аст, ғайр аз заволи неъмати ту чизе ӯро хурсанд намекунад ва ғайр аз марг аз ин дард раҳоӣ надорад. Пас, аҷаб нест, ки пешравиҳои моро аҳли ҷаҳон мебинаду хоинони ватанфурӯши бахил не!
Филми «Хиёнат» бори дигар бо далелҳои муътамад аз чеҳраи манфуру амалҳои ваҳшиёнаи хоинони Ватан, хосса аъзои ташкилоти террористию экстремистии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ (минбаъд ТТЭ ҲНИ),  парда бардошт.
Тавре дар эпиграфи батакрори филм гуфта мешавад, «касеро, ки ба иштибоҳ роҳ додааст (шояд бо сабаби техникӣ бошад, ки дар ин навиштаи филм пасоянди - ро афтидааст), бахшидан мумкин аст, вале касе, ки ба Ватан хиёнат кардааст, бахшида намешавад». Зеро касе, ки як бор хиёнат карда тавонист, бори дуюм ҳам метавонад. Аз иштибоҳ касе эмин нест ва он аксаран ғайриихтиёр содир мешавад, аммо хиёнат ҷинояти вазнинтарини дидаву дониста аст.
Саркардагони ташкилоти террористию экстремистии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ  Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ТТЭ ҲНИ, ки бо қарори ташкилоти зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай барои афкандани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, нигаҳдорию тасарруфи силоҳи ҷангию моддаҳои тарканда, ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба амволи ҷамъиятӣ ва касони дигар, кӯшиши ғасб намудани ҳокимият, исёни мусаллаҳона, даъвати оммавӣ ба табаддулоти давлатӣ, талоши тағйир додани сохти конститутсионии кишвар бо роҳи зӯроварӣ ва ҷиноятҳои дигар террористи № 1 эълон шудаю дар ҷустуҷӯ қарор дорад, Муҳаммадиқболи Садриддин, Юнус Бурҳонов (бо тахаллуси «Сайидюнуси Истаравшанӣ») ва пайравони онҳо – хизматгорони хоҷагони хориҷӣ ба Ватан хиёнат карда, онро ба гирдоби хун табдил доданд, мамлакатро харобазору мотамкада намуданд ва дар солҳои баъдӣ низ аз ҷиноятҳои мудҳиш даст накашиданд. Бархе аз ҷиноятҳои онҳоро, ки дар филм намоиш дода шудаанд (яке аз ҳазор), дида, кас ба даҳшат меафтад, ки наход ба фарзанди инсон ва ҳаммилати худ раво дидани ин амалҳои мудҳиш кори фарзанди одам бошад.
Ҷинояткорон – аъзои ТТЭ ҲНИ ва пайравони онҳо ҳанӯз ҳам аъмоли расвои худро идома додан мехоҳанд. Силоҳи асосии имрӯзаи онҳо мағзшӯӣ ва ба ҷанг кашидани мардум, хусусан ҷавонони ноогоҳу камсавод, аст. Ватанро ба пул мефурӯшанду бар ивази маблағҳои калон аз хоҷагони  кишварҳои динмеҳвари пӯсидаи худ бо дасиса, иғво, туҳмат мардумро фирефта, мамлакатро ноором кардан мехоҳанд. Ин зоғҳои бадмур, ки дар қатори 150 ҳазор қурбонии ҷанг онҳо беҳтарин зиёиёни миллатро низ қатл кардаанд, аз террористони ДОИШ ва Ал – Қоида дар содир намудани амалҳои даҳшатафкан заррае камӣ надоранд, барои расидан ба мақсадҳои нопок – ба гирдоби ҷаҳолату таассуби асримиёнагӣ дучор намудани Тоҷикистони соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва ба тахти савлату хилофат нишастани худ аз ҳеҷ нопокию кирдори разилона рӯй наметобанд, Тоҷикистонро ба харобазори Сурия, Ироқ, Яман, Либия, Афғонистон мубаддал гардондан мехоҳанд.
Аҷоибиро бубинед. Бузургвори дину фалсафа, олими машҳури мо Муҳаммад Ғазолӣ дар асари «Кимиёи саодат» мардумро ба тавозӯъ, фурӯтанӣ, сабру таҳаммул, шинохти ҳаққи падару модар, эҳтироми хешу табору ҳамсоя, хурду бузург ва рафтору одоби дигари ҳамида даъват мекунаду Юнус Бурҳонов (Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки мардуми шарифи шаҳри Истаравшан ҳам ба ӯ барои ин тахаллусро гирифтанаш борони нафрат мерезанд) дар сомонаи ҳамноми асар мардумро ба хунрезию ошубу исён!
Ҳоло Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сӯи рушду шукуфоӣ гомҳои устувор мениҳад. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо шукрона аз озодию истиқлолият, ваҳдату амонӣ, бароварда гаштани армони ҳазорсолаи  озодию давлатдорӣ пайи ободии диёру хонаи худ содиқона заҳмат мекашад. Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, дорои зарфиятҳои бузурги рушд ва тоҷиконро ҳамчун миллати фарҳангпарвару тамаддунофар дунё шинохтааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз дигар ноогоҳони солҳои навадум нестанд, яъне мағзу пӯсти террористону ифротиёни ТТЭ ҲНИ-ро шинохтаанд, ҳадафҳои нопоку аъмоли разилонаи онҳоро медонанд ва дигар аз пайи ин гурӯҳи сиёҳдилу сиёҳкор намеравад.
Истиқлолият бузургтарин неъмату сарвати миллии мо, ифтихору сарбаландии мо ва нишони тантанаи адолати таърихӣ барои мардуми мост. Пас, аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва ҷовидон чун гавҳараки чашм эҳтиёт кардани ин арзиши бузургтарини миллӣ низ рисолати мост.

С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2020    №: 188 - 189    Мутолиа карданд: 174
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед