logo

иҷтимоиёт

ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ ГОҲО БОИСИ МАРГ ҲАМ МЕШАВАД, АГАР…

Рушди технологияи коммуникатсионӣ кори инсонҳоро дар саросари ҷаҳон бамаротиб роҳату осон намуда, ихтирои телефонҳои мобилӣ тамоси доимии мардум ва иртибототи байни одамонро ба гунаи мусбат таъмин намуд. Вале баробари оммавият касб кардани дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ дар бисёр кишварҳои олам вобаста ба истифодаи телефони ҳамроҳ маҳдудиятҳои қонунӣ ҷорӣ гардиданд. Аз ҷумла, ҳангоми идораи воситаи нақлиёт, ки дар бисёр мавридҳо боиси садама ва оқибатҳои фоҷиабор мегардад. 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз тарафи ронандагон зимни идораи воситаи нақлиёт истифодаи телефонҳои мобилӣ, ки асбобҳои бе ёрии даст таъминкунандаи гуфтугӯйиро надоранд, манъ намуда, барои он ҷарима ба андозаи аз 2 то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аз 116 то 174 сомонӣ (қисми 3, моддаи 310 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) муқаррар намудааст. Вале новобаста ба он, шоҳид мегардем, ки ронандаҳо ҳангоми ҳаракат дар сари чамбарак аз телефони ҳамроҳ истифода мебаранд, ки бар пояи маълумоти мақомоти корҳои дохилӣ чунин амал сабабгори зиёд гардидани шумораи садамаҳои нақлиётӣ ва ҳатто фавти одамон гардидааст.

ТАҶРИБАИ ФРАНСИЯ БОЯД САБАҚ БОШАД, Ё…
Барои истифодаи телефон зимни идораи воситаи нақлиёт дар Австрия 50 евро, Германия 40, Озарбойҷон 25, Беларус 20, Арманистон 5, Белгия 100, Британияи Кабир 200, Гурҷистон 3, Дания 202, Италия 160, Нидерландия 230, Полша 45, Россия 18, Туркия 9, Украина 13, Франсия 135 (аз моҳи июн аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум мекунанд) ва Шведсия 146 евро ҷарима пешбинӣ шудааст.
Тибқи тадқиқоти олимони амрикоӣ, наздики 30 дарсади ронандагон зимни идораи мошин фикрашон ба телефон шуда, аз самти ҳаракат берун мешаванд. Сабаб: гап задан, навиштани смс, хондани хабарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайра.

ДАР ТОҶИКИСТОН ҚАРИБ ҲАР РӮЗ 65 РОНАНДА БО ИН АЙБ ҶАРИМА МЕШАВАД
Акбар Қурбонов, сардори шуъбаи ташвиқоту тарғиботи раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба 11954 ронанда барои истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми рондани нақлиёт протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима гардидаанд. Дар ҳамин давраи соли 2019 бошад, 14773 ронанда ҷарима шудааст.
Икром Тошев, сардори шуъбаи ташкилӣ – нозироти шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар пойтахт давоми шаш моҳи соли равон 3245 ронанда бо ин ҷурм ҷарима гардидааст. 

ДАР САРИ МИЖГОН ЧУ АШК ИСТОДАӢ, ҲУШЁР БОШ!
- Истифодаи телефон боиси хотирпарешонии ронандагон мегардад. Мошинронӣ чунин хусусият дорад, ки дар як мижа задан метавонад ҳар ҳодисаи нохуш рӯй диҳад. Як рафиқам ҳангоми аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе омадан дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба телефони мобилӣ банд мешавад, дар чанд сония мошин аз роҳ берун баромада, ба Фондарё сарозер мегардад. Дар натиҷа, ронанда ва як мусофир дар дарё беному нишон гардида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин зинда мемонанд, - иброз дошт Икром Тошев. Номбурда афзуд, ки мошинҳои соли бароришашон нав қоидаҳои истифодаи телефони мобилиро ба инобат гирифтааст, ки метавон бе истифодаи даст бо пахши тугмаи дар чамбарак насбшуда, бо телефон гап зад. Вале мушкил ин аст, ронандагон телефонро дар даст дошта гап мезананд, менависанд ё аз дигар имкониятҳояшон истифода мебаранд.
    
РОҲИ ҲАЛ ҶАРИМАИ БАЛАНД ВА МАҲРУМ КАРДАН АЗ ҲУҚУҚИ РОНАНДАГИСТ?
Дар ҳамсоякишвари мо – Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои истифодаи телефон ронандаҳо 669 000 сӯм ва дар давоми як сол такроран содир шудани ин ҷурм 892 000 сӯм ҷарима ва ба муддати ним сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум мешаванд. 
Табиб ва ровии номии телевизиони Россия Александр Мясникови 67-сола дар робита ба ин мавзӯъ бо ғазаб дар Telegram-каналаш чунин гуфтааст: «Дар роҳҳо чӣ аҳволро мебинем? Дар дасти ҳама телефони мобилӣ: менависанд, мехонанд, ролику видеозангҳоро мебинанд ва ғайраву ғайра! Яқин медонӣ, ки ронандаи мошини пеш аз ту равон «дар ким-куҷост»: каҷу килеб, оҳиста ва тоб хӯрда меравад».
Ӯ роҳи муассири пешгирии истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми мошинрониро чунин баён дошт: «Ҷаримаи истифодаи телефон дар паси чамбар 500 рубл аст. Ин кам аст ва бояд 10 ҳазор рубл бошад. Дар сурати такрори нақзи қоида бояд аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум сохт. Нафареро паси чамбар бо телефони мобилӣ, ки дидед, телефони худро як сӯ гузошта, ба нишони маҳкумсозӣ сигналро пахш кунед! Ва худ низ дигар телефонро ҳангоми мошинронӣ ба даст нагиред!!».

ДАР ТОҶИКИСТОН ЧӢ БОЯД КАРД?
Аз ин рӯ, бояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯхтани таҷрибаи кишварҳои пешрафта барои истифодаи телефони мобилӣ ҳаҷми ҷаримаро зиёд ва дар ҳолати такроран содир шудан аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намоянд. 
Зеро таҷриба нишон дод, ки пас аз баланд намудани ҳаҷми ҷарима, 5 сол маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ ва 15 рӯз дар ҳабси маъмурӣ гирифтан барои дар ҳолати мастӣ ва беҳуҷҷати ронандагӣ идораи воситаи нақлиёт шумораи ин намуди қонуншиканиҳо ба таври чашмрас коҳиш ёфт.

Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2020    №: 188 - 189    Мутолиа карданд: 163
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед