logo

иҷтимоиёт

ШАҲРИ ГУЛИСТОН. ҲАМАИ УЧАСТКАҲО БА ИНТИХОБОТ ОМОДААНД

Дар ҳавзаи интихоботии Гулистон № 29 омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома дорад. Ҳавзаи интихоботӣ бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла компютер, факс, телефон ва дигар мавод, таъмин гардидааст.

Абдусамад Кенҷаев, раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии Гулистон № 29, изҳор дошт, ки  бо қарори комиссияи ҳавзавии интихоботӣ дар шаҳр 16 участка ташкил шудааст. Таҳлили ҳуҷҷатгузории комиссияҳои участкавии интихоботӣ дар шаҳр нишон медиҳад, ки тибқи нақшаи тасдиқшуда, онҳо кори худро ба роҳ монда, санадҳои дахлдор қабул намудаанд. Фаъолияти кории участкаҳои интихоботӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби комиссияҳои участкавии интихобот барӯйхатгирии аҳолӣ ба итмом расидааст. Мувофиқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 22 сентябри соли ҷорӣ теъдоди аҳолӣ ба 48700 нафар мерасад, ки аз он 24162 интихобкунанда мебошад. Аз ин шумора 270 нафар бори аввал овоз медиҳад.
Тибқи маълумоти коршиносони маҳаллӣ, фаъолияти комиссияи участкавии интихоботии № 9 назаррас буда, дар он тамоми шароити мусоид барои гузарондани интихобот муҳайё мебошад. Дар участкаи интихоботии мазкур тибқи рӯйхати мураттабгардида 1880 интихобкунанда сабт шуда, инчунин, нуқтаи тиббӣ ва хонаи модару кӯдак ташкил гардидааст.
Участкаи интихоботии № 14, воқеъ дар бинои МТМУ №2-и шаҳраки Чоруқдаррон аз калонтарин участкаҳо ба шумор рафта, 2896 интихобкунанда дорад. Участка бо ҳуҷраҳо ва  қуттиҳои овоздиҳӣ, маводи  ёрии аввалияи тиббӣ, хонаи модару кӯдак ва маводи безараргардонӣ таъмин буда, барои шахсони имконияташон маҳдуд ва нозирони минтақавию байналмилалӣ шароити зарурӣ фароҳам аст. Барои шахсони  маъюб,  бемор  ва куҳансол, ки ба участкаҳои интихоботӣ омада наметавонанд,  қуттии сайёр ташкил гардидааст.
Бо мақсади ширкати фаъоли овоздиҳандагон ва огоҳии комили шаҳрвандон оид ба интихобот дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр, аз ҷумла биноҳои комиссияи участкаҳои интихоботӣ,  шиору овезаҳои тарғиботӣ  насб шудаанд.

Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2020    №: 190    Мутолиа карданд: 161
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед