logo

иҷтимоиёт

ОСИМӢ АЗ ЧЕҲРАҲОИ МОНДАГОР АСТ. БАРДОШТ АЗ ОНЛАЙН - ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ онлайн - ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба садсолагии пажӯҳишгари маъруф ва ходими сиёсиву ҷамъиятӣ Муҳаммад Осимӣ баргузор гардид.

- «Кори имрӯз имконнопазир барои фардо имконпазир хоҳад буд. Мо бояд ҳамдигарро омӯзем, ҳамдигарро дарк кунем, ба расму оин ва суннатҳои ҳамдигар арҷ гузорем, дар он вақт фарҳангҳо дар хидмати сулҳу оштии миллатҳо хизмат хоҳанд кард». Ин буд барномаи асосии ҳаёту фаъолият ва зиндагии мутафаккири тоҷик Муҳаммад Осимӣ. Бо ӯ кор кардан, дар суҳбати ӯ будан, дар баррасии лоиҳаҳои ваҳдатофарини ӯ ширкат варзидан, омӯзишу сабақи бузургро мемонд. Фараҳманд ва боифтихор ҳастам, ки замоне бо Осимӣ ва ғояҳои бунёдии ӯ будам, - изҳор дошт Федерико Майор, раиси вақти созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО (1987-1999), шоир ва нависанда.
Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Ҳайдар Одиназода аз таъсиси ин боргоҳи маърифат ёд карда, гуфт: «Хидматҳои донишманди шуҳратёр академик Осимӣ дар ташаккулу пешрафти аввалин муассисаи таҳсилоти олии техникии кишвар – Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон) бағоят бузург аст. Бояд гуфт, ки солҳои 50 - уми асри гузашта яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба камол расондани мутахассисони баландихтисос ба шумор мерафт. Ҳамин буд, ки ба масъалаи таъсиси макотиби олӣ дар кишвар таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода мешуд. Ҳамин тариқ, бо мусоидати Ҳукумати Тоҷикистони Шӯравӣ моҳи январи соли 1956, мувофиқи қарори Шӯрои вазирони ИҶШС, дар шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) Институти политехникӣ ташкил гашта, Муҳаммад Осимӣ, ки ҳамагӣ 36 сол дошт, сарвари он таъйин шуд. Баъдтар ба туфайли заҳматҳои шабонарӯзии ин донишманди маъруф обрӯи ин муассисаи олии таълимӣ сол ба сол боло рафта, дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз бонуфузтарин донишкадаҳо дониста шуд».
- Ёдам ҳаст, вақте устод Осимӣ ба Британияи Кабир ташриф овард, вуҷудаш саршор аз шодиву фараҳ буд. Ӯро ҷуссаи хурде буду афкори бузург. Форсизабонони ҷаҳон аз дидани ӯ ва ӯ аз дидани мо дар худ намеғунҷид. Нақшаҳои аҷибу фардонигар дошт. Хушбахтона, як қисми онҳоро амалӣ кард. Бавижа, таъсиси Анҷумани тоҷикон ва порсигӯёни ҷаҳон «Пайванд», маҷаллаи «Пайванд», ба ҳам овардани тоҷикони ҷаҳон замоне дар тасаввури касе намғунҷиданд. Аммо Осимӣ бо иродаи қавӣ ва истеъдоди фавқулодаи ташкилкунандагӣ ин корҳоро сомон дод, - гуфт Саид Ҷалоли Бадахшонӣ, шоир ва нависанда, раиси  Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Британияи Кабир.
Духтарони устод Сарвар ва Гавҳар Осимӣ ва писараш Музаффар Осимӣ аз ёдкарди олим шод будани хешро изҳор дошта, афзуданд, ки «то замоне, ки ҳамдиёронаш хизматҳои ӯро қадр ва шамъи хотираи мунирашро равшан медоранд, ному нишони падар зинда мемонад. Сипос аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар азизон, ки дар гиромидошти қиблагоҳи мо саҳм гирифтаанд».
Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои устод Осимиро дар муаррифии миллат ёд карда, чунин гуфтаанд: «Устод Осимӣ ҳамчун раиси Кумитаи шӯрои омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар назди ЮНЕСКО барои таҳқиқи тамаддуни халқҳои Осиёи Марказӣ ба забонҳои умдаи ҷаҳон хидматҳои бузург анҷом додааст».
Дар ҳамоиш, ҳамчунин, ба таври онлайн рӯнамоии китоби нави яке аз шогирдони устод Осимӣ Саидҷаъфар Қодирӣ – «Абармарде дар раҳи илму фарҳанг» доир гардид, ки аз тарафи роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба табъ расидааст.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2020    №: 190    Мутолиа карданд: 275
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед