logo

Хабарҳо

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

Соҳибкорони ноҳияи Рашт ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, дар масири ободонию созандагӣ корҳои зиёдеро ба сомон мерасонанд.
Яке аз чунин соҳибкорони баору номус Файзиддин Зиёвуддинов мебошад, ки дар зодгоҳи худ - деҳаи Шулеи деҳоти Боқӣ Раҳимзода  бинои нави дуошёнаи таълимӣ сохта истодааст.
Ба гуфтаи Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт, дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35-и ба номи Саъдӣ Шарифови деҳаи Шуле, ки соли 2003 бунёд ёфтааст, синфхонаҳо бо назардошти шумораи ками хонандагон дар хаҷми 2,5 бар 4 метр сохта шуда буданд. Ҳоло шумораи хонандагони ин муассиса афзоиш ёфта, ба 362 нафар расидааст.
- Дар доираи нақшаи тадбирҳо ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати муассисаи таълимии мазкурро ба бинои нави таълимӣ ба назар гирифта, ба соҳибкори маҳаллӣ Файзиддин Зиёвуддинов ҷиҳати бунёди бинои таълимӣ дар назди он муроҷиат намудем. Мавсуф пешниҳоди моро пазируфта, ба сохтмони он аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ оғоз кард. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи якум ба анҷом расида, бунёди ошёнаи дуюми он идома дорад, - гуфт раиси ноҳия.
Ба гуфтаи ӯ, бинои нави таълимӣ дорои 14 синфхона ва 8 ҳуҷраи корию таълимӣ буда, дар як баст 320, дар ду баст 640 хонандаро ба таълим фаро гирифта метавонад.
- Бо анҷом пазируфтани сохтмон метавонем, ки хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ибтидоии № 73-и деҳаи Сорбоғ ва № 75-и деҳаи Баҳодуробод, инчунин, хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии асосии № 70-и деҳаи Варзигон ва № 71-и деҳаи Рувозро дар ин муассиса ба зинаҳои таҳсилоти умумӣ, асосӣ ва миёнаи умумӣ ҷалб кунем, - гуфт дар хотимаи суҳбат раиси ноҳия.

Худодод ЗАЙНИДДИН, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1260
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед