logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ ИНШООТИ НАВБУНЁД

Ифтитоҳи клуби варзишии “Парвиз Собиров” дар ноҳияи Фирдавсӣ
29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт клуби варзишии “Парвиз Собиров” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассиси клуби варзиш ҷаҳонпаҳлавон Парвиз Собиров мебошад ва толор бо риояи тамоми меъёрҳои сохтмонию меъморӣ ба маблағи 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби даромади шахсии ӯ бунёд шудааст.
Иншооти варзиш аз 2 ошёна иборат буда, масоҳати он 468 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар клуби варзиш15 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ гардид. Тамоми таҷҳизоти варзишӣ тибқи фармоиши махсус дар шаҳри Гуанчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сифати ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта шудаанд. Дар ошёнаи якум толори машқи бадан бо 45 намуд тренажёр барои 55 намуди варзиш, ҳуҷраҳои кории роҳбари маҷмаа ва мураббиён, ҷойи ивазкунии сарулибос ва дар ошёнаи дуюм толори машқу тамрини дзюдо ҷойгиранд.
Ифтитоҳи клуб имкониятҳои ба варзиш рӯ овардани ҷавононро дар пойтахт боз ҳам бештар кард. Ояндаи наздик дар нақша аст, ки дар таҳхонаи бино барои занону бонувон толори машқи бадан бо тамоми таҷҳизот ба истифода дода шавад. Таҷҳизоти зарурии машқу тамрин харида шудаанд.
Дар шафати маҷмааи варзиш таваққуфгоҳ барои 15 мошин бунёд мешавад.
Атрофи бино чароғон ва бо гулу буттаҳо оро ёфта, роҳравҳои назди маҷмаа сафолакпӯш шудаанд. Инчунин, дар он 14 камераи мушоҳидавӣ ва барои бехатарӣ аз сӯхтор 25 таҷҳизоти оташхомӯшкунӣ насб гардиданд.
Баъди шиносоӣ бо клуб, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми варзишгари шинохтаи кишвар Парвиз Собиров барои ташаббуси шоиста, бунёди иншооти муосири варзиш баҳои баланд дода, ҷиҳати ободии як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои кор ва фароҳам овардани шароити ҷалби сокинони шаҳр ба варзиш ва обутоби бадан изҳори сипос карданд.

Баистифодадиҳии бинои шифохонаи маркази ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Сино
29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд.
Шифохона соли 1962 - юм бунёд гардида буд ва бо дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ навсозӣ гашта, ба талаботи замони муосир мутобиқ мебошад.
Шифохона барои табобату муолиҷаи ҳайати шахсӣ ва хизматчиёну аскарони  Қӯшунҳои сарҳадӣ махсус гардонда шуда, имконияти табобати тамоми бемориҳоро дорад.
Бино аз 4 ошёна иборат аст ва дар он шуъбаҳои қабули беморон, ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, рӯҳ ва асаб, эҳёгарӣ ва мадҳушкунӣ, табобати дандон, ташхисгоҳ, озмоишгоҳи клиникӣ - биокимиёвӣ, вирусологӣ, ҳуҷраҳои рентген, ташхиси ултрасадо, кардиологӣ, амрози дарунӣ ва физотерапевтӣ мавҷуд мебошанд. Дар он, ҳамчунин, таҷҳизоти муосири соҳаи тиб, аз ҷумла нафасдиҳии сунъӣ, оксигенераторҳо, дастгоҳи махсуси тиббӣ барои тоза кардани роҳи нафаси беморон, дастгоҳи барқии санҷиши кори дил, санҷиши системаи асаб, дастгоҳи эндоскопӣ, кардиомонитор ва ғайра, ки истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи дунёанд, аз онҳо дар рафти амалиёти ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ босамар истифода мешаванд, васлу насб шудаанд.
Дар маҷмӯъ, дар шифохона 350 кати хоб мавҷуд аст, ки барои бистарӣ ва табобати беморон шароити зарурӣ фароҳам мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ, ба шароити муҳайёшуда ва корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар ҳифзи марзу буми кишвар шабонарӯз заҳмат мекашанд ва амнияту суботи ҷомеаро таъмин менамоянд, Ҳукумати кишвар баҳри беҳбудии саломатии далерони шуҷои Ватан чунин шароити ташхису табобатро муҳайё кардааст.
Ҳадаф аз навсозӣ ва бо дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ муҷаҳҳаз гардондани шифохона хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ, ки ба меъёрҳои байналмилалии беҳдошт ҷавобгӯ аст, иборат мебошад. Масоҳати он 7,5 гектар буда, дар ҳудудаш биноҳои ташхисию табобатӣ ва ёрирасон ҷойгиранд.
Соли ҷорӣ бо дарназардошти вазъи эпидемиявии ҷаҳони муосир дар шифохона барои муолиҷаи гирифторони бемории сироятӣ боз як бинои нав сохта шуд. Бинои нави дуошёнаи бемориҳои сироятӣ аз 43 ҳуҷра ва 70 кати хоб иборат буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини тиббӣ таъмин гардид. Тамоми ҳуҷраҳо дорои катҳои хоб, дастгоҳҳои зарурии тиббӣ, утоқҳои алоҳидаи ёрирасон ва дигар шароити лозима мебошанд.
Барои сари вақт интиқол додани беморон дар шифохона 6 нақлиёти ёрии таъҷилӣ мавҷуд аст. Дар маҷмӯъ, дар шифохона 75 нафар фаъолият менамояд, ки аксарашон мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб мебошанд. Минбаъд табибони ҳарбӣ афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадиро бо истифода аз катҳои функсионалӣ, ки қаблан мавҷуд набуданд ва дигар таҷҳизоту дастгоҳҳои навтарини соҳаи тиб ба ташхису табобат фаро мегиранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои табобати афсарону сарбозон ва оилаҳои онҳо, ки ба табобат ва ёрии тиббӣ эҳтиёҷ доранд, супоришҳои қатъӣ доданд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат ба бунёди 6 қисм биноҳои истиқоматӣ, ки аз 16 ошёна иборат мебошанд ва ба хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ пешбинӣ шудаанд, санги асос гузоштанд. Иттилоъ доданд, ки дар биноҳои истиқоматӣ, ки 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ мебошанд, барои зист беҳтарин шароит фароҳам оварда мешавад. Биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, дар маҷмӯъ, 576 ҳуҷраро дар бар мегиранд. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба фаъолияти босамари кормандони сохторҳои қудратӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи кору хизмат бештар гардида, заминаи моддию техникии ҷузъу томҳои мақомоти амнияти мамлакат бо техникаву таҷҳизоти зарурӣ мукаммал мегардад.
Масъулони шифохона нақша доранд, ки дар фурсатҳои наздик шуъбаҳои нави табобати бемориҳои занона, маризиҳои пӯст ва зуҳравӣ ва ҷарроҳии кӯдаконаро низ таъсис дода, ба эҳтиёҷмандон хизмати баландсифати тиббӣ расонанд. Акнун, дар ин беморхона  барои ҷарроҳии аксар намуди бемориҳо имконият фароҳам оварда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои истифодаи пурсамари имкониятҳои фароҳамгардида дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Кормандони шифохона қитъаи замини назди беморхонаро самараноку оқилона истифода бурда, кишту парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзиро ба роҳ мондаанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2020    №: 191    Мутолиа карданд: 217
03.08.2021


РАВҒАНИ МОҲӢ, КУНҶИТ ВА СИЁҲДОНА ДАР ШАКЛИ КАПСУЛА

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2021

02.08.2021


Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон

ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ҲАМОИШИ ИДМ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОРОН ҚАДР ШУДАНД

ШАҲРИ РОҒУН. 110 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед