logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Маҷид Салим фаъолияти меҳнатияшро пас аз хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун рӯзноманигор оғоз бахшидааст. Чанд муддат хабарнигори рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Хатлон», «Субҳи Ховалинг» ва «Зафар» (ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) буд.

Фаъолияташ дар Телевизиони Тоҷикистон пас аз Истиқлолияти давлатӣ сурат гирифт. Дар даврони фоҷиабори кишвар аз нуқтаҳои доғ гузоришу барномаҳои муҳиму ҷолибу диданӣ таҳия мекард. Камтар аз муҳаррирони идораи ин телевизион бо ҷасорати том, иқдоми худ бо чунин нуқтаҳои ноорому даргир мерафтанд. Гузоришу барномаҳои ӯ дар он рӯзгори вазнин ба хотири барқарориву пойдории сулҳ ва тарғибу дастгирии сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.
Соли 1997 ӯро бо Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ қадр карданд.
Дар замони осоиштаи кишвар мавзӯъҳои марказии барномаҳояш дар бораи олами ҳайвонот, табиату муҳити атроф буданд. На танҳо зебоиҳои кишвари маҳбубамон, олами рангини ҳайвонотро тавсифу тарғиб менамуд ва асрори онҳоро мекушод, балки барои ҳифзашон низ масъала мегузошт. Зимни ҳар барномаву намоишаш таъкид менамуд, ки мо – инсонҳо масъулему вазифадорем, ки табиати зебоямонро ҳифз намоем, ба ҳайвоноту парандагони кишварамон ба хотири зинда монданашон тадбирҳои муҳиму заруриро биандешем. Инчунин, онҳоро дӯст бидорем. Тухми ин муҳаббатро аз хурдӣ дар замири дилҳо бояд кошт,- хулоса мекард дар барномаву намоишҳояш.
Барои муассиру боварибахш шудани барномаву намоишҳояш ҷиддӣ ва бо эҳсоси масъулият пажӯҳиш мекард, андешаву пешниҳодҳои мутахассисони соҳаро ҷӯё мешуд.
Асари неки ин пажӯҳишҳо ба фаъолияти адабии ӯ низ расид. Ҳамин аст, ки ҳикояву қиссаҳояш дар мавзӯи табиати нотакрори кишвар ва олами ҳайвонот мебошанд. Китобҳояш бо унвонҳои «Гурги похӯрда», «Зоғеву доғе», «Дунё ва марди танҳо», «Панҷаи ҳасрат», «Ҳикояҳо  дар бораи ҳайвонот», «Сангодавак», «Мурғи даштӣ», «Ҳикоёти бешаи палангон», «Рози ҷангал», «Хирс», «Аз пайи паланг», «Шабпарак ва рангинкамон», «Темурмалик», «Мавлонои Чархӣ» далел бар ин мебошанд. Асарҳои «Каштанка»-и А. Чехов ва «Муму»-и С. Турганевро аз забони русӣ ба тоҷикӣ тарҷума намудааст, ки ҳар кадоме бо теъдоди беш аз чил ҳазор нусха ба табъ расидаанд.
Маҷид Салим аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин, барандаи Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аст.
Фаъолияти ӯ ба ҳайси ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», директори хазинаи адабиёт, мудири шуъбаи очерк ва публитсистикаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, пурмаҳсул ва назаррас буд.
Ӯ барои саҳнаи театр низ чандин намоишнома таълиф кардааст, ки онҳо аз ҷониби мутахассисони соҳа хуб пазируфта шудаанд.
Аз ҷумла, намоишномаи «Ишқи нобино»-ро Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба саҳна гузошт ва он мақбули тамошогарон гардид. Айни замон муҳаррири «Радиои фарҳанг» мебошад.
Маҷид Салим дар пажӯҳиш ва таҳқиқи мавзӯъҳои илмӣ низ ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Чанде пеш ӯ рисолаи номзадияшро муваффақона ҳимоя кард.
Ҳамин тавр, ӯ лаҳзае аз фаъолияти рӯзноманигори адабӣ, фарҳангӣ ва илмӣ фориғ нест. Ин ҳама саъю кӯшиш ба он хотир аст, ки дар тарбияи насли наврас, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносии мардум, хосса насли наврас саҳми сазовору арзанда бигирад.

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2020    №: 191    Мутолиа карданд: 150
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед