logo

Хабарҳо

МУРҒОБ. ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

Дар дурдасттарин гӯшаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Мурғоб, баҳри муташаккилона, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби  масъулон ҳамаи тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд.
Тибқи иттилои раиси комиссияи интихоботии Мурғоб № 22 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳрубоншо Султонов, маводи зарурии иттилоотӣ, адабиёту дастурамалҳо аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавзаи интихоботӣ расида, сари вақт ба 20 участкаи интихоботӣ тақсим шуданд. Таҷҳизондани  ҳуҷраҳои овоздиҳӣ, тайёр кардани қуттиҳои сайёр барои овоздиҳии маъюбону пиронсолон ва маризон, насби шиору овезаҳои тарғиботӣ, инчунин, дигар корҳои тайёрӣ ба ин маъракаи муҳимро   масъулон аллакай ба ҷо овардаанд.
Барномаҳои панҷ нафар  номзад ба мансаби Президенти  кишвар то ба  деҳаҳои  дурдасттарини Қароқӯлу Рангкӯл, Зоркӯлу Қизиларт ва дигар макони тулӯи Хуршед дастраси  интихобкунандагон  гардиданд.  Сокинони Мурғоб аз фаъолияти номзадҳо хуб воқиф мебошанд. Зарур ба ёдоварист, ки ҳамаи участкаҳои интихоботӣ дар  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосӣ,   хонаҳои фарҳанг, клубҳо, марказҳои  саломатӣ, ки дар даврони соҳибистиқлолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозӣ ва, таъмиру тармим гаштаанд, ҷойгир мебошанд.
Ба гуфтаи раиси ҷамъияти матлуботи ноҳияи Мурғоб  Майрамхон  Ҷӯраева,   давраи гарм кардани идораву мактабҳо, муассисаҳои фарҳанг, тиббӣ ва манзилҳои истиқоматии  сокинон дар ин минтақаи  сардтарини  кишвар  аллакай аз 15 сентябр  сар шудааст. Табиати  сард ва доимо тағйирёбандаи Помири Шарқиро,  ки баъзе солҳо дар даҳрӯзаи нахустини моҳи сентябр барф меборад, ба назар гирифта, дар баробари дигар  корҳои омодагӣ ба  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, участкаҳои интихоботии дар водиҳои баландкӯҳи Булункӯл, Аличур, Қароқӯл, Рангкӯлу Қуҳнақӯрғон,  Модиён, Шаймоқ воқеъбуда  аз сӯзишворӣ таъмин шуданд. Аллакай  қариб 820 тонна ангишт захира гардид.
Ҳамчунин, тибқи иттилои  корманди масъули ширкати «Помир энерҷи» Абдулло Амонбеков, Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон», ки ду сол муқаддам бо тавоноии 1500 киловатт - соат дар дарёи Оқсу  сохта шуда буд, аз таъмир баромад. Ин иншооти энергетикӣ дар ин рӯзҳои  тайёрӣ ба интихоботи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори пуррааш кор мекунад ва  биноҳои  участкаҳои интихоботӣ бо барқи доимӣ таъмин мебошанд.  
                                                      
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1205
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед