logo

Хабарҳо

ПАНҶАКЕНТ. РАЪЙ БА ХОТИРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Имрӯзҳо, дар баробари дигар шаҳру навоҳии кишвар, дар шаҳри Панҷакент барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодагӣ идома доранд. Ҳавзаи интихоботии Панҷакент № 30 дар қасри фарҳанги ба номи Лоиқ Шералӣ ҷойгир шудааст.
Бино ба гуфтаи раиси ҳавза Муқаддам Ибодова, дар ҳудуди ҳавза 136 участкаи интихоботӣ буда, беш аз 174 ҳазор овоздиҳанда дорад. Аз ин шумора 7989 нафар бори аввал дар интихобот иштирок мекунад.
- Ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо барои раисон ва аъзои участкаҳо 4 семинари омӯзишӣ - машваратӣ доир намудем. Бо сокинон суҳбату вохӯриҳо гузарондем. Инчунин, аз ҷониби волонтёрони ҳавза, ки беш аз 200 нафаранд, варақаҳои тарғиботӣ паҳн гардид, - иброз дошт раиси ҳавза.
Мавсуф афзуд, ки участкаҳо бо маводи конселярӣ таъмин буда, суроғаи онҳо тариқи матбуоти маҳаллӣ - нашрияи «Зарафшон» нашр ва лавҳаҳои тарғиботӣ насб шудааст. Инчунин, барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар ҳар участка ду либоси муҳофизатӣ, маводи зиддиуфунӣ ва ҳароратсанҷ ҷудо шудааст.
- Барои нафарони барҷомонда, беморон ва маъюбон, ки ба участкаҳо омада наметавонанд, қуттиҳои сайёр таъсис дода шуд. Дар ҳар участка ҳуҷра барои маъюбон ҷудо гардидааст, - зикр кард Муқаддам Ибодова.
Мо барои аз наздик шинос шудан бо шароити участкаҳо ба участкаи интихоботии № 1, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 71 ҷойгир аст, рафтем. Тавре директори муассиса, ҳамзамон, раиси участка Мақсуда Абророва гуфт, дар участа 2980 овоздиҳанда сабт шудааст, ки 19 нафарашон маротибаи якум дар интихобот ширкат меварзанд.
Мушоҳидаҳо нишон дод, ки участка ба интихобот омода буда, бо тамоми шароити зарурӣ фароҳам аст. Аз ҷумла, барои риояи фосилаи иҷтимоӣ хатҳо кашида шуда, ҳуҷра барои нафарони имконияташон маҳдуд ва дорои аробачаи маъюбӣ муҳайё мебошад.

Маҳмуд БАҲРОМ,  «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1225
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед