logo

Хабарҳо

ПАХТАЧИНӢ СУРЪАТ МЕГИРАД. БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Пахтакорӣ бахши пешбарандаи комплекси агросаноатӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини саноати кишвар бо ашёи хоми гаронбаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои кори доимиву мавсимӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, дар кишвар сол ба сол майдони кишти ин зироати сердаромад ва истеҳсоли он зиёд мегардад.
Бино ба иттилои Шералӣ Ҳасанзода, муовини якуми раиси ноҳияи Восеъ, парвариши пахта ҳамчун манбаи хуби даромад шинохта шудааст. Пахтакорони зафарпешаи ноҳия таҷрибаи ғанӣ доранд ва ҳар сол дар истеҳсоли ин ашёи хоми саноатӣ ба натиҷаҳои назаррас муваффақ  мешаванд.
- Пахтакорони ноҳия ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар хусуси босамар истифода бурдани замин амалӣ намуда, майдони кишти пахтаро имсол 488 гектар зиёд карданд ва ба 7 ҳазору 535 гектар расонданд. Киштро дар муҳлатҳои агротехникӣ анҷом дода, тухмии хушсифати навъҳои минтақабоб кишт намуданд ва парваришу нигоҳубини ниҳолҳоро хуб ба роҳ монданд. Тадбирҳои фаровонҳосилӣ, аз ҷумла коркарди байни қаторҳо, обмонӣ ва ғизодиҳӣ, дар асоси меъёрҳои агротехникӣ ва сари вақт гузаронда шуданд. Натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ буд, ки ҳоло дар саҳро ҳосил фаровон аст, - гуфт Шералӣ Ҳасанзода.
Имрӯзҳо дар пахтазор 3 ҳазору 400 чинакчии 1 ҳазору 300 хоҷагии пахтакор барои иҷрои дурнамои истеҳсол талош  доранд. Пахтакорони ноҳия то 29 сентябр зиёда аз 4 ҳазору 650 тонна пахтаи хушсифат ҷамъоварӣ намудаанд. Чинакчиён барои ҳар кило пахтаи чида сари вақт 50 – дирамӣ мегиранд. Пахтакорони ноҳия мақсад доранд, ки имсол 16 ҳазору 812 тонна дурри гаронбаҳо истеҳсол намуда, ҳосилнокиро аз ҳар гектар ба 25 - сентнерӣ расонанд.

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»    


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1221
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед