logo

Хабарҳо

ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД АСТ

Дар ноҳияи Темурмалик ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ доир намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳо идома доранд.

Тавре раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Темурмалик № 62 Шамсулло Сатторзода изҳор дошт, корҳо дар ин ҳавза тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии аз ҷониби кишвар эътирофгардида ба роҳ монда шудаанд. Дар ҳавзаи интихоботӣ 35 участкаи интихоботӣ таъсис  ёфтааст. Шумораи овоздиҳандагон 33 ҳазору 597 нафар мебошад ва аз ин 1 ҳазору 18 нафарро шаҳрвандоне ташкил медиҳанд, ки бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд.  Шумораи беморону маъюбоне, ки бинобар вазъи саломатӣ ба участкаҳои интихоботӣ омада наметавонанд, дар ҳудуди ҳавза 263 нафар мебошад. Рақам, нишонӣ, маҳаллаҳои аҳолинишин, ҷои овоздиҳӣ ва ҳайати комиссияи участкаҳои ҳавза ба нашр расонда, ба маҳалҳои овоздиҳии ноҳия дастрас карда шудаанд. Ҳамзамон, аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз 37 ҳазору 85 маводи зарурӣ, аз қабили хабарномаҳо, варақаҳои имзогузорӣ, варақаҳо аз рӯи тартиби алифбо, шаҳодатномаҳои бақайдгирӣ ва нозирони миллӣ, ҷудо гардида, дастраси участкаҳои интихоботӣ шудаанд.
- То имрӯз дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ шиору овезаҳо оид ба интихобот насб гардида, утоқҳои алоҳида барои занҳои кӯдакдор ва маъюбон муҳайёст ва дар роҳравҳо аломатҳои даромаду баромад гузошта шудаанд. Барои баланд бардоштани савияи дониши аъзои участкаҳои интихоботӣ дар ҳудуди ҳавза 12 семинар баргузор гардид. Ҳоло корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ хуб ҷараён доранд. Ҳамчунин, дар участкаҳои овоздиҳӣ барои мушоҳидачиёни байналмилалӣ низ шароити хуб муҳайё мебошад.  Итминони комил дорем, ки шаҳрвандони ноҳияи Темурмалик дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок мекунанд, - гуфт Шамсулло Сатторзода.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1267
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед