logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Омӯзгорӣ касби пурифтихор мебошад. Ин роҳро танҳо нафаре паймуда метавонад, ки меҳрубон асту дасту дили нек дорад. Гулнора Аҷиҷимил, номзади илмҳои педагогӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон, аз зумраи чунин нафарон аст. Ин зани кордон, ки умри худро сарфи таълиму тарбия намудааст, миёни омӯзгорону шогирдон эҳтироми хосса дорад.
Фаъолияти меҳнатиашро баъди хатми Донишкадаи  давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар ҳамин донишкада оғоз кардааст. Нахуст ассистенти кафедраи  забонҳои ҳозираи русӣ, сипас  ба ҳайси омӯзгори калони кафедраи  забоншиносии  умумӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2002 дар литсейи инноватсионии «Душанбе» - и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба сифати омӯзгори фанни забони русӣ фаъолият дорад. Ба шогирдон ва кори таълим ҷиддӣ муносибат мекунад.
- Беаҳамиятӣ ба кори таълиму тарбия ин бетафовутӣ ба ояндаи миллат аст. Агар хоҳем, ки ояндаи Ватанамон шукуфон бошад, пас ба таълиму тарбияи фарзандон бояд ҷиддӣ машғул шавем, - мегӯяд ӯ. 
Ҳамин дилгармӣ нисбат ба касбаш буд, ки муаллимаро роҳбари Иттиҳодияи методии фанҳои забон ва адабиёти рус таъйин  намуданд.  Дар ин давра ҳамеша ба дарсҳои аъзои иттиҳодия  ворид шуда, назорат менамуду оид ба  ин ё он усули  дарс  маслиҳатҳои муфид медод. Ҳоло муовини аввали директори литсей оид ба корҳои таълим аст.
Ҳангоми раиси  шӯрои методии таълимгоҳ буданаш, бо пешниҳоду маслиҳатҳои ӯ мақолаҳо, дастурҳои илмию методии омӯзгорон дар шакли “Маҷмӯаи мақолаҳо” ба табъ  расидаанд. Ҳоло низ бо дастгирию талоши муаллима  мақолаву дастурҳои методии омӯзгорони  литсей  дар нашрияҳои гуногун чоп мешаванд.
Гулнора Аҷиҷимил дар литсей аз соли 2010 дар курсҳои интерактивӣ  ба омӯзгорони ҷавон усулҳои фаъолгардонӣ ва мувофиқи талаботи давр гузарондани таълимро меомӯзонад.
- Фарогирии бомуваффақияти донишҳо  бе завқу ҳаваси  кӯдакон  ба ҷараёни  таълим  дар мактаб номумкин аст. Дар қатори дарс хондан иштирок  дар чорабиниҳои  беруназсинфӣ  барои инкишофи амиқи хонандагон ёрӣ мерасонад, - мегӯяд ӯ. Ба ин хотир, миёни хонандагон пайваста озмунҳои гуногун, муаррифии лоиҳаҳои илмиву эҷодӣ роҳандозӣ мегардад, ки он барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии хонандагон, сайқали фардии онҳо нақши созгор мебозанд. Ин ҳама дар хонандагон шавқу ҳаваси эҷодкорӣ, омӯхтани фаъолияти тадқиқотиро бедор карда, барои дар амал истифода бурдани донишҳои назариявии онҳо мусоидат  менамояд.
Бо дастгирии Гулнора Аҷиҷимил  солҳои 2018 - 2019  қисми зиёди омӯзгорони литсей дар курсҳои такмили ихтисос барои гирифтани дараҷаи ихтисос «Истифодаи тахтаи электронӣ”, ки  дар асоси  барномаи интерактивии  компютерии «Activspire»  роҳандозӣ шудааст, иштирок намуда, соҳиби сертификат гаштанд. Соли равон муаллима дар семинари лоиҳаи Стемфорд дар шаҳрҳои Алмаато ва Москва Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Ҳоло зери роҳнамоии ӯ як катор омӯзгорону хонандагони литсей дар курсҳои интернетии маълумоти электронӣ  барои  саноати «Нано» - и ташкилоти ғайритиҷоратии  мустақили Москва ширкат намуда истодаанд.

Меҳрангез  АМРИХУДОЕВА,                    
Шарифгул ҶОБИРОВА,
омӯзгорони литсейи
инноватсионии «Душанбе»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.10.2020    №: 193    Мутолиа карданд: 148
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед