logo

иҷтимоиёт

ОМӮЗГОР. ОЯНДАРО ИМРӮЗ ХОҲЕМ СОХТ

Дар ҳамаи давру замон муаллим ё худ омӯзгор чун чароғе шинохта шудааст, ки дунёи зулмот, яъне ҷаҳони торикро рӯшан мекунад ва нур мебахшад.
Ҳаққи муаллимро аз падар беш донистаанд, зеро падар, агар аз ҳаёт баҳра диҳад, ӯ сабаби наҷоти мардум мешавад. Тамоми пешрафт ва боло рафтани фарҳанги асилро ба ин шахсони олиқадри рӯзгор нисбат додаанд.
Ӯ аст, ки ба шогирдон, фарзандони дигарон, бо сидқу иноят ва меҳру муҳаббати бепоён дарс мегӯяд, ҳол он ки аз иҷрои ин рисолат, яъне таълими ҷигарбандони худ бо ҳама устодӣ ҳам, волидон баромада наметавонанд.
Муаллим вазифаву рисолати худро танҳо дар макони муайян, яъне муассисаи таълимӣ ба иҷро намерасонад. Ӯ дар ҳама ҷо, дар ҳамаи гӯшаи дунё лаҳзае аз таълиму тарбияи ҷомеа дар канор намеистад ва фориғ намегардад.
Дастовардҳои онҳо дар замони соҳибистиқлолии кишвар бештару беҳтар ба назар мерасанд, зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маорифро асоси таҳкими аркони давлат донистаанд ва дар ин роҳ аз оғози фаъолияти роҳбариашон таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардаанд. Инчунин, тамоми тадбирҳоро, ҳатто дар шароити бас душвори кишвар, андешидаанд. Барои пешрафти соҳаи мазкур дастуру супоришҳо доданд ва рушди пайгиронаи онро дар сиёсати давлатдорӣ аз масъалаҳои аввалиндараҷа арзёбӣ намудаанд.
Барои таъмиру бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимии ҷавобгӯйи талаботи давр кӯшиши зиёд ба харҷ дода шуд. Маблағҳои ҷудошуда ба хотири мустаҳкам кардани пояҳои моддию техникии муассисаҳои  таълимӣ равона гардиданд. Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар қабул шуд ва Ҳукумати ҷумҳурӣ иҷрои онро зери назорати қатъӣ ва доимии худ қарор дод.
Имтиёзҳои зиёд барои омӯзгорон муқаррар гаштаанд. Маоши вазифавии онҳо чандин маротиба боло бардошта шуд. Баргузории озмунҳои «Муаллими сол», «Директори сол». «Мактаби сол», пешбарӣ ба мукофотҳои давлатӣ, қадрдонии беҳтарин муаллимон ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, дар пешрафти маорифи кишвар ва  эҳсоси бештари масъулияти касбии омӯзгорон мусоидат намуданд.
Сарвари давлат ҳамасола зимни ироаи Паём вазифаҳои мушаххасро барои рушди соҳа, боло бурдани мақоми омӯзгор мегузоранд ва иҷрои онҳоро шахсан худашон назорат мекунанд.
Пас аз фароҳам овардани шароит ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот диққати ҷиддӣ дода шуд.
Пешвои миллат барҳақ таъкид намудаанд: "Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд".
Алҳол ба хотири баланд бардоштани савияи донишу таҷрибаи касбияшон ва беҳтар омӯхтани технологияҳои муосири таълим омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ мегузаранд.
Омӯзгор имрӯз хуб медонад, ки масъули ба камол расондани  насли шоистаи даврон аст. Ин таъкиди Пешвои миллатро бо шинохти масъулият дар пеши назар дорад: "Муаллим дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст".

Ҷамолиддин АМИРХОНОВ,
директори литсейи № 1, шаҳри Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.10.2020    №: 193    Мутолиа карданд: 319
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед