logo

Хабарҳо

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ АВВАЛИН ШУДА НАҚШАИ ДАЪВАТРО ИҶРО КАРД

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2020, даъвати тирамоҳии ҷавонони солҳои таваллуди 1993 - 2002 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шурӯъ шуд. Бо ин мақсад, дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат маъракаи гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардидааст. Маросими гусели нахустин даъватшудагон ба Артиши миллӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар фазои мутантану идона сурат гирифт.
Дар рӯзи аввали мавсими даъват дар шаҳри Душанбе чорабинии Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид. Дар он ҷавонони чор ноҳияи пойтахт, масъулони сохторҳои марбута ва  волидайни даъватшудагон ширкат карданд.
Умед Гуреззода, муовини раиси шаҳри Душанбе дар ҳамоиш зикр кард, ки боиси ифтихор аст, ки дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе сафи ихтиёриён ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ меафзояд ва маъракаҳои даъвати наваскарон рангину пуршукӯҳ мегузаранд.
Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар чорабинӣ таъкид дошт, ки барои ҳар давлати соҳибистиқлол, хосса халқу миллатҳое, ки озод будан ҷавҳари аслии онҳоро ташкил медиҳад, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи асосии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Вазъияти мураккаби ҷаҳони имрӯза аз ҳар фарди бедордил, хосса ҷавонони бонангу номус тақозо мекунад, ки дар самти ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ ва марзу буми Ватани худ аз ҳарвақта дида, масъулияти бештар эҳсос намояд.
Дар нахустин рӯзи ин маъракаи муҳими сиёсӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин шуда, нақшаро иҷро кард. Тавре Раҳмони Гулзор, хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар ВМКБ, иттилоъ дод, ҷавонони бонангу номуси вилоят бо эҳсоси масъулияти баланд дар рӯзи аввали ин маъракаи сиёсӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, омодагии худро барои адои қарзи шаҳрвандӣ изҳор доштанд. Маҳз натиҷаи масъулиятшиносии ҷавонон буд, ки вилоят дар рӯзи аввали даъват  нақшаро барзиёд иҷро кард. 
Ёдовар мешавем, ки маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 1 октябри соли ҷорӣ оғоз гардида, то охири моҳи ноябр дар саросари мамлакат идома меёбад.

Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1312
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед